ХАБАРИ ДОҒ

Мурда мурд: Зинда бод Танзим!

  • Чоршанбе, Май 03 2023

Салом СССР! Модари 1  рафиқам аз дунё гузашт, ҳамсояҳо саросема шудаву ба ҷойи буққаи касал гови сиҳатро куштанд. Акнун саҳар мебинанд, ки дар оғил буққаи касал кайҳо мурдааст. Худатон қазоват кунед! Ҳамин кор дар мусалмонии мо рост меояд? Агар онҳо доро мешуданд, ба хайр мебуд. Аммо афсус, ки мардум зиндагии ширинро қурбони гапи мардум мекунанд.

Вақте дар хонаи ҳамсоя мусибате мешавад - мо мардум болои ин мусибати дигар зам мекунем. Мисол, падари хонадон мефавтад, ҳамсояҳо зуд аз чорвои вай якеро забҳ мекунанд. Барои он ки меҳмонҳои аз дур омада гурусна нараванд. Дар ҳоле, ки шояд кӯдакони марди фавтида то ҳол дар хона бо серӣ гӯшт нахӯрда бошанд. Вале ба хотири "гапи мардум" мо ҳамеша зиндагии худро 1 қадам қафо мезанем. Мо кай барои худ зистанро меомӯзем?!

Падар ё модар фавтидааст, вуҷудат дар ғаму андуҳ тар аст, аммо гирду атроф дар ғами меъдаи меҳмонҳо. О, вақте ҳамон меҳмон омад, равад, дар хонаи ҳамсоя ҳар хӯроке, ки омода шудааст, хурдан гирад. Шарт нест, ки гӯшт дошта бошад. Чорворо бошад барои ояндаи кӯдакону пешравии хонадон сарф кунем.

Ман фикр мекунам, ки беҳтарин садақаи ҷорияро ин ҳукумат барои мо роҳандозӣ намудааст, бо номи қонуни "Танзим", ки ба маҷбурӣ мардумро аз исрофкориву зиёдаравӣ боз медорад.

Шералӣ Давлатов, н.Темурмалик

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter