ХАБАРИ ДОҒ

 

Салом ба СССР-и азиз! Маркази Исломшиносии кишвар саршавии рӯзаро аз 23.03.2023 эълон кард. Баъдтар идро 1 рӯз пеш оварданд. Инро чи хел фаҳмидан мумкин? Ин кор дар Тоҷикистон чандин маротиба такрор ёфтааст. Уламои муҳтарам! Вақте намедонед, чаро мардуми одиро гаранг мекунед? Монед мардум худашон ҳал кунанд!

Муайян кардани аввали моҳ ва охири моҳ аз рӯи гардиши моҳтоб аст. Вақт тағйир ёфтааст. Ба назарам ин бояд арифметикаи одӣ бошад.

Ҳой мардум! 1 бор аз дунболи мулло, муфтӣ ва қозӣ рафтед, оқибаташ чӣ шуд?

Ин барои мардуми тоҷик бояд барои 100 солаҳо дарс шавад.

Дар матлаби «Масҷид ва давлат ва баръакс» Сайёфи Мизроб ба маврид қайд кардааст, ки давлат динро бояд контрол кунад! Ин масъаларо саҳл шуморидан лозим нест!!!

Хушвахт Хошоков,

н.Дӯстӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter