ХАБАРИ ДОҒ

 

Охири моҳи апрели соли равон худро бо номи блогерон, тип-токерон, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ҷамъ Интернетмардумон ҳаккокӣ кард. Яъне ахиран дар Тоҷикистон низ муҳимияти интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро дарк карданд.

            26.04.2023. Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи Блогерони Тоҷик таъсис ёфт. Сарвари ин Ассотсиатсия Бахтиёр Маҷидов таъин гардид, ки худ фаъоли шабакаҳои иҷтимоист. Ҳамзамон бо футбол алоқамандии зич дорад ва ҳатто дар раъси КФ “Истиқлол” меистад.

27.04.2023.Гусейн Гасанов - блогери озартабори Россия, ки гуфта мешавад, 26 млн “подписчик” ё бинанда дорад, бо хатсайри Маскав – Душанбеи ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” ба Душанбе омад. Гусейнро дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтанд. Ба умеде, ки ШОЯД мубаллиғи дастовардҳои Тоҷикистон мегардад. Вале Гусейнов дар наздиктарин фурсат, кӯдаки тоҷикеро дар кӯҳманзаре бо “паҳподи наворгир” тарсонд, мазоҳ кард, хандид ва танзомез аз ин “тарсӯи тоҷик” “чеҳра” сохт. Ин рафтори блогер ҳамон масали “Мори дар остин”-ро ба хотир меоварад. Вале бало паси ӯ, ки дар охир сараш бармегардем...

Ҳоло дар бораи муҳимияти тасмими мақомот барои ҳамкории зич бо блогерҳо суҳбат мекунем. Ҳарчанд дер ҳам шуда бошад, хуб аст, ки дар ҳукумат касе дарк сохт, интернет қувваи махуф аст ва онро бояд ба инобат гирифт. Мо сари ин моҷаро ҳанӯз соли 2001, дар 1 суҳбати ихтисосӣ бо журналисти варзидаи ТВ Давлат Сафар бонги изтироб зада будем...

...23 сол пеш, вақте интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ нав ба Тоҷикистон рӯ меоварданд, дар ақсои олам аллакай чун силоҳи муҳими абарқудратон корбаст шудаву даҳҳо давлатро зеру забар карда буданд. Ба вежа ФБ, ОК, Блогҳо, ки дар авоили аср фаъол шуда, тавонистанд, дар чанд давлати исломӣ, миёни сарзадаҳои ҷавон, ё худ фанатикҳо, инқилобҳои рангаро роҳандозӣ кунанд. “Баҳори Араб”- чунин номи умумӣ дошт, револютсияи шабакавӣ, ки қораи арабро бо шумули 20 давлат печид. Хонанда шояд пурсад, чаро “Баҳори Араб?”. Бо номи “Баҳори Аврупо” дар асри 19, дар солҳои 1848-1849 дар чанд кишвари Ғарб инқилобу танишҳо ба вуҷуд омада буд. Аврупоиҳои зирак ва амрикоиҳои доно бо дастгирии бевоситаи майнаҳои яҳудӣ, ки дар саргаҳаш Ҷорҷ Сорос - маҷористонии яҳудитабор (George Soros, венг. Soros György, Дьёрдь Шорош, Дьёрдь Шварц,  Schwartz György; 12.08.1930, Будапешт,) ва Марк Суккерберг-амрикоии еврей  (Mark Elliot Zuckerberg, [ˈzʌkərbɜːrɡ]; с.т. 14.05.1984, Уайт-Плейнс, Ню-Йорк) меистанд, ҳамин проектро гирифтанду дар давлатҳои исломӣ роҳандозӣ карданд. Хотиррас мешавем, 3 лоиҳаи ин инқилобҳо дар Гурҷистон, Қирғизистон ва Украина низ корбаст шудааст! Дар Қазоқистон ва Беларус онҳо шикаст хӯрданд.

Ба ҳамин тартиб, инқилобҳои рангаи баҳорӣ, сар аз соли 2000-2010, беш аз 20 давлати арабро фарогир печиданд. Инҳо: Тунис, Миср, Яман, Ливия, Баҳрайн, Алҷазоир, Ироқ, Урдун, Марокаш, Уммон, Кувейт, САДР, Буркина Фасо, Мавритания, Арабистони Саудӣ, Судон, Ҷибат, Сахара, Сомалӣ, Лубнон... мебошанд.

ДИИШ ё худ Давлати ба ном исломӣ ва ҷумбиши Толибон низ гунае аз проектҳои ҳамин инқилобҳост, ки олами исломро фурӯ мебарад. Хотиррас мешавем, ин револютсияҳо усулан дар кишварҳои исломӣ ва исломасос роҳандозӣ мегарданд.

Проекти ҳизби наҳзат ва мини-давлати исломии он дар Тоҷикистони соли 1992 обхӯрдаи ҳамин “Баҳори Аврупо-Араб” аст. Ва ин ки Кабирӣ ва думбардоронаш маҳз дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ягон ҷои аҷобат надорад. Модар фарзандони ҳаромияшро бозпас канор гирифт, то боз ба дари масҷиди мусалмонон партояд:

Ашки риёи зоҳидон рехт ба Хонаи Худо,

Қаҳба ба масҷид афганад тифли ҳаромзодаро...

Қаҳба проститутка – фоҳиша тарҷума мешавад...

        Вале лоиҳаҳои антиреволютсионии аврупоӣ то куҷо пиёда мешаванд ва оё муваффақ мегарданд, номаълум аст. Бинед, ки проекти №2 дар кишвари мо ба санг хӯрд. Дар ҳоле Гусейн Гасанов тоҷиконро масхара карда гаштаасту аз ӯ ситора метарошем, дар ватанаш-Россия бар зиддаш барои таблиғи қимор, пулшӯӣ, саркашӣ аз андоз парвандаи ҷиноӣ кушоданд:

29.04.2023."Роскомнадзор", Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Россия, саҳифаҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар рӯйхати сомонаҳои мамнуъ даровард. Хабаргузории русии "Mash" рӯзи 29-уми апрел бо такя ба "Роскомнадзор" навишт, ки нисбат ба Гусейн Гасанов барои таблиғи қимор парванда боз шуд. Номи ӯ дар баробари 29 блогери дигаре дарҷ аст, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Россия таҳия шуда, дар ин рӯйхат Мадина Басаева, блогери тоҷики муқими Россия низ барои насупурдани андоз ва пулшӯӣ зикр шудааст...

Дер ояду шер ояд! Хушбин, позитив бояд буд. Шояд проекти №1, яъне таъсиси Ассотсиатсияи блогерони Тоҷик калидӣ шавад. Мо чанд ассотсиатсия ва иттифоқи соҳибному бекорчӣ дорем-ку. Бубинем, ташкилоти нав чӣ коре карда метавонад. Вақт ҳаст. Сабр ҳам дорем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter