ХАБАРИ ДОҒ

 Қурбоналӣ Ашӯралиев, сокини деҳаи Чорсу, ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи н.Рӯдакӣ ба идора занг зада (тел: 900924958) гуфт, ки 2 пешниҳод ба газетаи СССР дорад.

   - Ман аз кормандони газетаи мардумӣ 1 хоҳиш дорам: дар бораи ҳудуд ва аҳолии 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, гӯед, ки кадом ноҳия дар кишвар аз лиҳози ҳудуд ва аҳолӣ калонтарин аст. Дирӯз аз ман пурсиданд, ман надонистам…

Масъалаи саҳмияҳои НБО Роғунро ҳам СССР бояд пайгирӣ кунад, тақдири он саҳмияҳо чӣ шуд? Масалан ман 14 сол пеш ба маблағи 5700 сомонӣ саҳмия гирифта будам, ҳоло намедонам, ки бо саҳмияҳо чӣ кор кунам.

Дигар ин ки сипоси вежа ба бародари азиз Савфат Бурҳонов барои пешниҳоди таъсиси ҳамчунин газетае монанди СССР!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter