ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент: замин аз ману…

  • Чоршанбе, Май 24 2023

 

 Шоҳин Бобоев, сокини деҳаи Чақили ҷамоати деҳоти Шинги ш.Панҷакент бо идора тамос гирифта (тел: 928853344), гуфт, чанд сол боз барои қитъаи замин даъво дораду касе ба додаш намерасад.

   - Ман соҳиби 6 фарзанд буда, ҳамзамон нафақахӯр ва маъюб ҳам ҳастам. Чанд сол мешавад бо як зан бо номи Тоҷӣ Ҳомидова, ки қитъаи замини маро соҳибӣ кардааст, даъво дорем. Аз рӯи ҳуҷҷатҳо ва қонун замин ба номи ман аст, вале Тоҷӣ Ҳомидова онро соҳибӣ карда, мегӯяд, ки «Ман заминро аз давлат харидаам!». Замин моликияти давлат асту хариду фурӯш намешавад!

Ба арзу доди ман дар МИҲД ш.Панҷакент ва дигар сохторҳои шаҳр касе намерасад, ҳоло танҳо аз раиси шаҳр умед дорем, ки ҳақро ба ҳақдор расонида, адолатро барқарор созад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter