ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Пешвоз гир!

  • Чоршанбе, Май 31 2023

 

21.05.2023. Соат бо вақти Душанбе 18:09 дақиқа. Бо дастуру супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми имрӯз гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нафарони ба Ватан омадаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Мухбири газетаи СССР низ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳузур дошта, ин занону кӯдаконро пешвоз гирифт.

 

Аввал офият, баъд хеш

Тавре маълум шуд, ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар умум аз 104 нафар, аз ҷумла 31 зан ва 73 кӯдак (33 духтару 40 писар) иборатанд, аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия ба ватан оварда шудаанд. Аксари ин занон ҳамроҳ бо шавҳарони худ дар солҳои 2014 -16 ба Сурия ва Ироқ рафта буданд ва пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 онҳо дар паноҳгоҳҳо ва лагерҳои вежаи террористӣ нигаҳдорӣ мешуданд.

Онҳоро дар фурудгоҳи Қамишли – шаҳре дар Сурия Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт шахсан гусел кардааст. Ин ҷо бояд таъкид намуд, ки саҳми Зубайдулло Зубайдзода дар овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз паноҳгоҳҳои Сурия кам нест – ин гурӯҳи сеюми калони шаҳрвандони мост, ки аз соли 2019 ба ин тараф ба Ватан оварда мешаванд.

Бино ба итиллои Абдуғаффори Камол, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгардонии занону кӯдакон аз Сурия рӯйдоди муҳим буда, феълан занону кӯдакон барои ташхису табобат ба маконҳои махсус бурда мешаванд.

   - Чанд боре, ки мо чунин шаҳрвандонро ба Тоҷикистон баргардондем, онҳо 1 муддат ба офиятбахшии равонӣ, ба офиятбахшии ҷисмонӣ, тандурустӣ фаро гирифта шуда ва қисме ба хонаводаҳояшон ва қисми дигар ба ҷойҳои махсуси дар зери ҳимояти давлат нигаҳдорӣ шуда, имрӯз зиндагии осуда дошта, хурсанданд, ки ба 1 ватани тинҷу орому осуда баргаштаанд- гуфт Абдуғаффори Камол.

 

5 шаҳрванди Қазоқистон низ омад

Лозим ба таъкид аст, ки бо дархости ҷониби қазоқистонӣ, ҳамчунин 5 шаҳрванди ин кишвар (1 зан ва 4 фарзанди ӯ) низ бо ҳамин парвоз ва якҷоя бо зану кӯдакони террористони тоҷик аз Сурия бароварда шуданд.

Тавре дипломатҳои қазоқ дар фурудгоҳ ба мухбири мо хабар доданд, ин оила дар наздиктарин фурсат бо ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода мешавад. Мо фикр мекунем, ки то нашри шумораи мазкур онҳо аллакай ба Ватану зодгоҳи худ расидаанду шукру сипос аз Раҳбари башардӯст ва инсопарвари тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон доранд.

 «Спасибо Вам!» - гуфтани ин зани қазоқро мо дар майдони ҳавоӣ шунидем.

 

Бо хешутабор пайвастанд!

Раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу Сурия қарор доранд, ҳанӯз 3 сол қабл бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд. Дар ин муддат Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Сурия ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.

30.04.2019. Бо дастури бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 89 кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Ватан оварда шуд, ки сину солашон аз 1 то 18 соларо ташкил медод. Ба ғайр аз ин моҳе нест, ки 3 – 4 нафар шаҳрвандон, бо шумули кӯдакони ноболиғи тоҷик аз паноҳгоҳҳои Сурияву Ироқ ба Ватан оварда нашаванд.

25.07.2022. Соат бо вақти Душанбе 20:01 дақиқа. 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон буда, пас аз расидан ба Душанбе ҳамаи онҳо дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта шуда, пас аз гузаштани давраи офиятбахшӣ, 8 моҳ, дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапайи имсола ба оила ва хешутабор супорида шуданд.

 

 Зиҳӣ, Пешвои миллат!

Ба Ватан баргардондани шаҳрвандони тоҷик аз кишварҳои ҷангзада, аз он ҷумла аз Сурияву Ироқу Украина албатта дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Ҳукумати кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафири мо дар Кувайт тамоми саъю талоши хешро ба он равон кардаанд, ки шаҳрвандони асирмондаи моро то охирин нафар баргардонанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дигар кишварҳои минтақа – Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ин корро умуман намекунанд. Масалан, дар кишварҳи ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи масали «Хас каму ҷаҳон пок!» амал карда, ҷангиёни ДИИШ 1 сӯ, ҳатто занону кӯдакони онҳоро, ки дар лагеру паноҳгоҳҳои Сурияву Ироқ солҳост қарор доранд, аз шаҳрвандии худ маҳрум сохтаанд.

Ягона кишваре, ки шаҳрвандони худро замоне аз он сӯи Омӯ, имрӯз аз Сурияву Ироқ ва ҳатто тобути онҳоро ройгон сар аз Амрикову Аврупо то Россия, ба Ватан меорад, ин Давлати Тоҷикистон, зери роҳбарии Пешвои миллати тоҷик аст!

Зиҳӣ, Пешвои миллат! Ифтихори ману мо! Мо Метавонем!!!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе,

 

Аз редаксия: Он, ки ин нафарон, ки тайи 5 – 6 соли ахир дар лагерҳои кишварҳои ҷангзада чӣ дидаанду овардани онҳо ба Ватан лозим аст ё не, мавзуъи баҳси дигар аст, ки мо ҳатман шумораҳои оянда сари он хоҳем баргашт. Шумо низ, хонандагони гиром метавонед нуқтаи назари хешро дар ин бора баён созед, мо ҳатман нашр мекунем.

Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter