ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: Ёрии таъҷилӣ ва проблемаҳои он

  • Чоршанбе, Май 31 2023

Ёрии таъҷилӣ – 03 (103), рақами кӯмаки таъҷилии тиббиест, ки сокинон дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд аз он истифода баранд. Аммо то ба имрӯз аксари сокинони мамлакат дуруст дарк намекунанд, ки Ёрии Таъҷилӣ чун идораи муҳими расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ таъсис ёфтаасту фаъолият менамояд.

Маркази Ёрии таъҷилии ш.Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон имрӯз чӣ ҳол дорад ва оё он метавонад саривақт ба сокинон кӯмаки аввалияти тиббӣ расонад? Ин буд мавзуъе, ки мо ҳафтаи равон пайгирӣ намудем.

Бо нигоштани ин матлаб мо умед дорем, ҳукумати маҳаллӣ Маркази Ёрии Таъҷилиро дастгирӣ карда, ободу замонавӣ месозад. Зеро аз сактаву садама ЯГОН кас, ҳатто раиси Бохтар низ, эман буда наметавонад.

 

Мошин ҳасту ҳаракат не…

Айни замон дар маркази Ёрии таъҷилии ш.Бохтар 12 мошинаи ёрии таъҷилӣ қарор дошта, аз ин теъдод танҳо 4 тои он мавриди истифода қарор дораду бас. Яъне, танҳо 4 ададаш кор мекунаду боқимонда х(ар)обанд. 8 мошини дигар танҳо дар сурат ҳасту дар ҳаракат нест. Балонҳои фарсудаву муҳаррикҳои корношоями мошинҳои тиббӣ майдони ин биноро ороиш додаанд.

Дар 1 марказ барои 4 автомашина 22 ронанда таъин гардидааст. Ин ба куҷо рост меояд? Навбати кӣ кай мерасад?

 

Бинои таъмирталаб ва нақшаи мақомот

Аз сабаби дар назди рӯди "Ҷайка" қарор доштани бинои мазкур он зуд – зуд таъмирталаб мешавад. Чунки асоси бинои ин беморхона дар солҳои шуравӣ сохта шуда, ба талаботи имрӯза умуман посухгӯ нест.  

Утоқҳои танги бино ва надоштани мизу курсиҳои обод аз як тараф мушкилоти марказ ба ҳисоб равад, аз тарафи дигар таъсири рӯд намегузорад, ки таъмири андаки он соле дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шавад. Масъулони ҳукуматро мебояд ҷиҳати кӯч бастани бино ба ҷойи муносиб андеша намоянд. 

Дар мавриди қабули беморон ба ин бино ҷойи сухан нест. Модоме табибони ин марказ худ аз надоштани шароити тиббӣ азият мекашанд, пас чи гуна дар 1 шаҳри сераҳолӣ, ки рӯзе даҳҳо муроҷиат пеш меояд, ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонанд?

Сардухтури ин беморхона С.Файзализода зимни суҳбат бо мухбири мо таъкид дошт, ки дар назар аст бахшида ба ҷашни таърихии тақдирсози 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти маҳал таъмиру тармимсозии маркази Ёрии Таъҷилӣ ҳам сурат бигирад. Ин проект ба масал ҳамон гуфтаеро ба ёд меорад, ки Бобои Ғулом мегуфт:

-Бузак-бузакаме! Намур баҳор меояд!!!

Дар нақша ҳаст, аммо пурра ин марказ таъмиру таҷдид мешавад ё не, суолест дигар…

 

Кадр дорем!

Бар зами ин қадар камбудиву норасоиҳо дар маркази болозикр 119 нафар кормандон фаъолият мебаранд. Аз ин шумора 21 нафараш дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 7 нафар дараҷаи якум, 2 нафар дараҷаи дуюм ва 4 нафар бедараҷа буда, кормандони миёнаи тиббӣ 35 нафарро ташкил медиҳанд.

Кадрҳои хуб ҳастанд, вале шароит не…

 

Фиреб – мушкили №1

Тавре С.Файзализода зикр мекунад, 1 мушкили дигар, ки ба кори марказ халал мерасонад, ин зангҳои дурӯғини сокинон мебошад.

   - Аз ҷамъи умумии муроҷиаткунандагон дар 1 рӯз то 20 ҳолати бардурӯғ ошкор гардидааст. Ҳангоме, ки кормандони мо ба суроғаи рақамҳои дар тамос шуда мераванд, маълум мегардад, ки ин занг беасос аст ва ё телефони муроҷиаткунанда хомӯш.  Аксарияти мардум им рӯз аз бемории дил шикоят дошта, барои то беморхона беосеб расонидани бемор ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷ доранд-мегӯяд духтур.

 Вале «шербачаҳои приколист» ва ё худ ба таври замонавӣ «пранк», ки дар асл бефарҳангу бемаданиятҳостанд, Ёрии Таъҷилиро ба ину ун сӯ фиристода, механданд. Кош, маҳз худи ҳамин «пранк»-дӯстон худ рӯзе дучори фалокат мешуданду он замон Ёрии Таъҷилӣ бо «прикол»-и дигаре сӯи ӯ намеомад...

Тибқи иттилои ба мо расида, дар 4 моҳи соли равон ба ин маркази Ёрии таъҷилии тиббии ш.Бохтар 42273 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, ки аз ин ҳолат 20 тоаш бардурӯғ будааст.  

Аз таҳлилҳои соҳа бармеояд, қисмати зиёди мардум барои ҳавову ҳавас бо ин рақам дар тамос шуда, ба қавле «Скорый»-ро санҷиданӣ мешаванд. Аҳолӣ бояд дарк созад, ки ҳар рақами гирифтаи онҳо вақти қиматро мегирад, шояд он замоне, ки шумо бардурӯғ занг мезанед, ҳаёту саломатии нафари дигаре дар хатар аст.

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter