ХАБАРИ ДОҒ

Асли Кӯлоб+Файзи Ватан=Ваҳдати Миллӣ

  • Чоршанбе, Июл 12 2023

 

22.06.2023. Соат ба вақти Душанбе 09:17 дақиқа. Қурбоналӣ Файзуллозода-директори КТН «Шарқи Озод», маро дар вестибюли бинои маъруф бар ГЖК истиқбол карда, мужда гирифт:

- Китоби «Бобои Эшон» нашр шуд. Муборак!!!

«Бобои Эшон» унвонии китобест, ки дар он хотироти дӯстон, мухлисон ва матлабҳои ҷовидонаи шодравон Аслиддин Достиев, яке аз тавонотарин журналистони касбии музофотӣ гирдоварӣ шудааст.

Дар ҷамъ, дӯстону шодихӯрдагони журналисти фақид, Сайдалиев Додарбек-номзади улуми сиёсатшиносӣ, Аҳмади Иброҳим, Умари Шерхон, Наҷмиддин Шоҳинбод, Муҳиддин Идизода, Суҳробшои Фаррухшо, Шермуҳаммад Тоҳиров, Хайрандеш, Нуралӣ Хоркашев, Хилватшоҳ Маҳмуд, Нозирҷон Ёдгорӣ, Абдурозиқ Азиззода, Ёқуби Содиқ, Маҳмудҷони Раҳматзод, Даврони Айниддин ва дигар журналистону дӯстон хотироташонро дар ин китоб роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи зиндагонии Аслиддин Достиев китобат кардаанд...

 Ҷавонмард ва нотарс

Дар ҷамъ метавон ин ҳама матолибро бо чанд хусусияти Бобои Эшон, ки дар таърихи 08.08.2022 ба олами улв пайваст, ҷамъбаст намуд:

- Ҷавонмард

- Ҷасур

- Устоди навқаламон ва...

- Професионал...

Воқеан ҳам агар 3 хислати аввалро метавон дар нигоштаи дӯстону ҳамкорон пайдо кард, пас професионализми Аслиддин Достиевро аз «7-мақола»-аш, ки дар ин маҷмуа нашр шуд, метавон дарёфт. Ин матлабҳо беҳтарин дастурамал барои журналистони навкор аст. Мақолаҳо барои журналистони касбӣ низ дастури беҳини бархӯрди професионалӣ бо факту рақаманд. Танҳо сарлавҳаи матлабҳо гувоҳанд, ки чаро аз миёни садҳо мақолаи хубу хондании Бобои Эшон, муҳаррири китоб - устод У. Шерхон маҳз ин 7 матлабро баргузидааст:

1. Водии Марг (дар бораи эпидемияи сил дар водии Пушёни Восеъ, ки ҳазорон кушта бар ҷо гузоштааст);

2. Кӯлобдарё ба Кӯлоб намерасад? (Дар бораи саҳлангорӣ дар мавриди иҷрои проекте, ки Сарвари давлат фармон дода буд);

3. Зансолорӣ иштибоҳ аст ё талаби замон (назари куллан мутафовит дар мавриди гендер);

4. Адаб шарт аст, агар табиб шӯх аст! (роҷеъ ба хунукназарии масъулин ҳини баргузории конфронсҳо);

5. Гӯшти хар дандони...кист? (дарёфти 300 каллаи хар дар дараи кӯҳманзаре. Хотиррас мешавем, баъди ин матлаб 3 ронандаи «Фура» дастгир шуд, ки ба шашликхонаҳои маъруфи «Кабоби Хуҷандӣ» аз водии Кӯлобу Данғара гӯшти хар мекашидаанд);

6. Бизнеси ахлот дар беморхонаи Ҳамадонӣ (дар бораи пулхоҳии духтурон аз беморон);

7. Танзими либос: оё кофтаву юбка либоси бегона нест? (дар мавриди пӯшиши либоси миллӣ дар мактабҳо):

Китоб бо тиражи 1000 нусха нашр шудааст. Сарпарасти чоп МИҲД - и ш. Кӯлоб. Хотиррас мешавем, китоби мазкур 1 амали хайрия аст ва РОЙГОН ба дасти мухлисону ҳаводорони ин журналисти номовар мерасад. Ба редаксия муроҷиат кунед!!!

 Салом Кӯлоб!

22.06.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 20:18 дақиқа. Гурӯҳи кории мо мураттаб аз Идибеки Маҳмудҷон - котиби масъул, А. Собир, суратгир ва Шоираи Раҳимҷон -директори Маркази продюсерии «Шоира» дар назди СССР, ба Кӯлоб расидем. Ин ҷо аллакай моро устод Файзалӣ Ҳасанов – Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Дар саҳни меҳмонхонаи «Кӯлоб» шом хӯрда, дар утоқҳо ҷо гирифта, сипас ба тамошои шаҳри бостонӣ баромадем. Ҳар ҷое мерасидем, мардум устод Файзалӣ Ҳасан ва Шоирабонуро мешинохтанд ва хоҳиш мекарданд, зинда фалак сароянду шеър хонанд. Аҳсант бар дуяшон, ки хоҳиши 1 мухлисро низ радд накарданд. Ба вежа сано бар Ф. Ҳасанов, ки пагоҳ, бахшида ба рӯзи Ваҳдат ва рӯнамоии китоби мо, консерти калони ройгон низ баргузор намуд.  Офарин! Мо метавонем!!!

 Салом Эшон!!!

23.06.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 06:23 дақиқа. Нахустин китоби «Бобои Эшон»-ро вардошта, ба оромгоҳи «Морхона» меоем. Бо устод Файзалӣ Ҳаснов ва Орзу Ҳамидиён - муовини раиси ш. Кӯлоб, китобро канори санги мазораш мегузорем бо ин иддао, ки «Китоби нахустин моли туст, Бобои Эшон! Касе аввалин шуда омаду дуо хонду ёдат кард, китобро соҳиб хоҳад шуд!».

Файзалӣ Ҳасанов дуову дуруд мехонаду мо сӯи Кохи фарҳанги ш. Кӯлоб мешитобем. Ин ҷо бояд маросими рӯнамоии китоби Аслиддин Достиев, бо номи «Асли Кӯлоб» ва консерти бузурги Файзалӣ Ҳасан бо унвонии «Файзи Ватан» ва тантанаҳои бахшида ба Ваҳдати миллӣ сурат бигиранд.

Тантанаҳо аз рӯнамоии китоб шуруъ шуд. Ин ҷо мехоҳам, хабари ҳамкорамон Далер Шарифовро корем. Мо метавонем!

Муаррифии Аслиддин Достиев дар Кӯлоб

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб муаррифии китоби рӯзноманигори равоншод Аслиддин Достиев '"Бобои Эшон" доир гардид, ки дар он рӯзноманигорону адибони кишвар ва фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ бахшида, аз нақши қаламкаши моҳир дар инъикоси масоили мубрами рӯз ёдовар гардида, мактаби касбии ӯро шоёни ибратомӯзии рӯзноманигорони ҷавон арзёбӣ намуд.

Шодравон Аслиддин Достиев аз рӯзноманигорони маъруфи кишвар маҳсуб меёфт, ки давоми фаъолияти пурсамари худ дар расонаҳои гуногуни кишвар бо матлабу гузоришҳои таҳлиливу андешасози худ дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа нақши муассир дошт.

 Баъдан, Саёфи Мизроб, сардабири нашрияи СССР, бародари Аслиддин Достиев, аз хизматҳои мондагори ин рӯзноманигори маҳбуби мардум ёдовар гардид. Зикр шуд, ки журналистикаи ҳақиқӣ оинаи таҷаллои ҳаёти ҷомеа аст, ки дар он мардум зиндагии воқеии худро мебинанд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамқаламон, дӯстону мухлисони рӯзноманигори шодравон суханронӣ намуда, аз ҳаёту фаъолияти пурсамари ӯ ба некӣ ёдовар гардиданд. Сипас, сардабири рӯзномаи СССР Сайёфи Мизроб китоби "Бобои Эшон"-ро ба раиси шаҳри Кӯлоб, ки дар нашри ин китоб саҳми худро гузоштааст, тақдим намуд. Ҳамчунин, ба тамоми иштирокчиёни чорабинӣ китоби рӯзноманигори зиндаёд инъом гардид…

 

Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад!

Шарифи Мисайзод, Акбари Саттор, Мақсуди Ҳусейн, Аслиддин Достиев аз журналистонеанд, ки СССР шоҳкориҳои ишонро дар шакли китоб чоп ва тақдими мухлисин кардаву номашонро ҷовидон намуд.  Раҳими Ашроф, Бахтиёр Сафаров, Одинашо Муродов, Меҳрубон Салимшоев, Аброри Зоҳир, Баҳодур Уроқов...аз нафаронеанд, ки шамъи хотираи некашон ҳамеша дар маҳфили СССР фурӯзон аст. Ва медонед, чаро? Оре, аккурат, Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter