ХАБАРИ ДОҒ

Дарвоз: камбудиро ислоҳ мекунем!

  • Чоршанбе, Июл 19 2023

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Дарвоз мақолаи «Редаксия супориш дод: Дарвоз рав!!!»-ро дар шумораи №24-25 (769-770) аз 22-27 июни соли 2023 дар рӯзномаи «СССР» мавриди баррасӣ қарор дода, зикр менамоем, ки баъзе аз камбудиҳое, ки дар мақола оварда шудаанд, ҷой доранд ва ногуфта намонад, ки барои бартараф намудани онҳо ба зудӣ корбарӣ карда шуд.

 Пеш аз ҳама қайд менамоем, ки МИҲД ноҳияи Дарвоз барои ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Шаҳри Карон ва осорхонаи Муъмин Қаноат тамошогоҳ барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ гаштааст. Ин аст, ки пайваста таваҷҷуҳи МИҲД ноҳия ба ин мавзеъҳо равона карда мешавад. Барои сохта ба истифода додани осорхона дар мавзеи Карон бо шарикони рушд ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, маблағ дарёфт гардида, корҳо дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд. Бояд қайд намоем, ки бозёфтҳои шаҳри қадимаи Карон айни ҳол дар клуби деҳаи Рузвай нигаҳдорӣ карда мешаванд.

 Санаи 6-7- уми ноябри соли 2022 ташрифи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, ки дар он рӯзҳо Осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат ифтитоҳ шуда, дастур дода шуд, ки Осорхона ба тавозуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дода шавад. Дар ин самт корҳо анҷом дода шуда, тибқи мактуби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 27.12.2022, №30001/23-2196 қарори раиси н.Дарвоз аз 10.03.2023, №86 «Дар бораи ба тавозуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон додани Осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат» ба имзо расонида шуд. Инчунин, қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 21.06.2023, №130 ва хулосаи МИҲД ноҳия барои ба тасвиб расонидани Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои дахлдор фиристода шуданд.

 Зикр менамоем, ки барои нигоҳубини мавзеи шаҳри қадимаи Карон аз ҳисоби бахши фарҳанг воҳиди корӣ ҷудо карда шуд. Бо фармоиши мудири бахши фарҳанги ноҳия аз 30-юми июни соли 2023, №21 Асоев Нуриддин, ки аз таърихи мавзеи зикршуда хуб огаҳӣ дорад, ба ҳайси посбон дар мавзеи таърихии Карон ба кор қабул карда шуд. Инчунин, то пурра ҳуҷҷатгузорӣ гаштани Осорхона ва ба тавозуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гирифтани он аз тарафи МИҲД ноҳия 1 нафар ба тариқи шартномавӣ барои нигоҳубини гирду атрофи осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат ҷалб карда шудааст.  

 Қайд кардан зарур аст, ки то ба чоп расидани мавод аллакай навиштаҳо, ҳарфҳою рақамҳои кандашудаи пайкараи Муъмин Қаноат ҷо ба ҷо карда шуда, хатти обгузар пайваст карда, он бозёфтҳое, ки дар бинои гилин дар Карон ҷойгиранд, тоза карда шуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доданашон дастур дода шудааст.

МИҲД-и ноҳияи Дарвоз барои дар оянда дар ҳолати хуб нигоҳ доштани боёфтҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратгоҳҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.

Саидбурҳон Абдураҳмонзода,

раиси н.Дарвоз

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter