ХАБАРИ ДОҒ

Мунира Ҳамроева, сокини ҷамоати деҳоти Нуъмон Розиқи ш.Ваҳдат ба идора занг зада (тел: 003881949), гуфт, ки шавҳараш 2 сол боз аз пардохти алименти 3 кӯдак саркашӣ мекунад.

   - 2 сол пеш аз шавҳарам Умед Умаров, сокини ш.Ваҳдат ҷудо шудам. Шукр хонаву дар дорем, вале 1 мушкил аст: шавҳарам 2 сол боз алименти қонун муайянкардаи фарзандонашро бо баҳонаҳои гуногун пардохт намекунад. Кӯдаконам 13-14 сола шудаанд, падарашон моҳе бояд 100 сомонӣ сари ҳар нафар пардохт кунад, вале намекунад. Ба суд муроҷиат мекунам, онҳо низ баҳона меҷӯянд. Боз бояд ба куҷо муроҷиат кунам, намедонам…

Аз идора: Хоҳари азиз, метавонед бо ариза ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Ин Хадамот ҳатман лаҷоми чунин падарони фарзандбезорро хоҳад кашид!

Суроғаи ин Хадамот: ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ, 8...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter