ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 26 Июл 2023 10:09

12.07.1943. Дар рафти муҳорибаи Курск, наздики деҳаи Прохоровка бузургтарин набарди тонкии Ҷанги ҷаҳонии 2-ум ба вуқӯъ пайваст.

12.07.1988. Шӯрои вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ эълон намуд, ки Вилояти мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҳайъати Озарбойҷон берун меояд.

13.07.1955. Дар СССР аввалин шумораи маҷаллаи «Адабиёти хориҷӣ» ба чоп расид. Ин маҷалла дар давраи пешазҷангӣ бо номи «Адабиёти интернатсионалӣ» рӯи чоп меомад ва бештари асарҳои адибони хориҷӣ дар он ба чоп мерасиданд.

13.07.1962. Дар заводи тракторсозии ба номи Кирови шаҳри Ленинград аввалин трактори К-700 «Кироветс» сохта ба истифода дода шуд. Ин трактор яке аз беҳтарин тракторҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт ва дар хоҷагии қишлоқи кишвар васеъ истифода мешуд.

14.07.1941.Артиши Сурх дар рафти ҶБВ барои аввалин бор тӯпхонаи реактивии БМ-13 ё ҳамон «Катюша»-ро мавриди истифода қарор дод. Катюшаҳо истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Оршаро тирборон намуда, ба душман зиёни калони ҷониву молӣ расониданд.

15.07.1917.Намояндагони ҳизби кадетҳо ба нишони эътироз аз иқдоми вазирони чап барои эътирофи мухторияти Украина аз ҳайати Ҳукумати муваққат берун омаданд.

15.07.1923. Дар СССР аввалин ширкати давлатии ҳавоӣ «Аэрофлот» таъсис дода шуд ва худи ҳамин рӯз аввалин хатсайри ҳавоии СССР бо масири Маскав-Нижний Новгород ба кори худ шурӯ кард.

15.07.1975.Аввалин парвози кайҳонии муштараки СССР ва ИМА. Киштии кайҳонии шӯравӣ «Союз-19» ва киштии кайҳонии амрикоӣ «Апполон» дар фазо бо ҳам васл гардиданд.

16.07.1920.Кишварҳои Антанта муҳосираи иқтисодии СССРро қатъ карданд ва миёни СССР ва кишварҳои Ғарбӣ хариду фурӯши коло роҳандозӣ гардид.

17.07.1917. Дар рӯзномаи “Единство” («Ваҳдат»), ки ба инқилобиёни плехановӣ тааллуқ дошт, мақолаи журналисти рус Г.Алексинский ба чоп расид. Дар ин мақола рӯзноманигор иддао мекард, ки Ленин ва ҳизби болшевикӣ аз ҷониби Олмон маблағгузорӣ мегарданд.

Чоршанбе, 19 Июл 2023 14:54

 

5.07.1918.Дар Украина Ҳизби коммунистии болшевикони Украина таъсис дода шуд.

5.07.1918.Дар ш.Екотиренодар Анҷумани вакилони шӯроҳои Русияи ҷанубӣ ба кори худ сар карда, ҷумҳурии Қафқози Шимолиро дар ҳайъати РСФСР таъсис дод.

5.07.1978.Кумитаи Бехатарии Давлатии СССР аз тобеъияти Шӯрои Вазирони СССР бароварда шуд.

6.07.1918. Дар Маскав аз ҷониби эссерони чап сафири Олмон дар Русияи шӯравӣ граф Мирбах ба қатл расид. Ин қатл заминсози шӯриши эссерони чап шуд, ки бо сиёсати болшевикон норозӣ буданд. Болшевикон бо кӯмаки тирандозони латишӣ тавонистанд шӯриши эссеронро торумор кунанд.

7.07.1932.Дар Институти илмӣ-таҳқиқотии истеҳсолоти ширии ш.Ленинград бори аввал тавонистанд аз шир хокаи онро ба даст биёранд ва истеҳсоли шири хушк дар аввалин кишвари Шӯроҳо роҳандозӣ шуд.

7.07.1989. Роҳбари вақти СССР М.Горбачев ҳангоми суханрониаш дар машварати сарони кишварҳои лагери сотсиалистии Аврупо, ки дар пойтахти Руминия-ш.Бухарест баргузор шуд, гуфт, ҳар 1 аз кишварҳои сотсиалистӣ ҳақ доранд, роҳи рушди ба худашон маъқулро интихоб намоянд.

8.07.1922. Дар СССР бори аввал дар ҷаҳон, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ аз тайёраҳо барои мубориза бо ҳашароти зарарасон истифода намуданд. 

8.07.1944. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ унвони фахрии «Қаҳрамонмодар» ҷорӣ карда шуд ва ҳамаи қаҳрамонмодарон бо ордени «Шарафи модарӣ» ва медали «Модарӣ» мукофотонида мешуданд.

8.07.1972.Президенти ИМА Ричард Никсон эълон намуд, СССР дар зарфи 3 сол аз кишвараш ба маблағи 750 млн доллар гандум харидорӣ хоҳад кард. Бо ҳамин, кишваре, ки дорои заминҳои бекарон буд, ба харидани ғалла аз ИМА шурӯъ кард.

8.07.1974.КМ ҲКИШ лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Байкалу Амурро, ки бо БАМ маъруф аст, тасдиқ намуд.

9.07.1941.Коллегияи ҳарбии СССР яке аз олимони маъруфи шӯравӣ, академик Николай Вавиловро бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Англия ба қатл маҳкум намуд.

10.07.1918.Дар Анҷумани V-уми умумирусиягии Шӯроҳо, ки дар ш.Маскав баргузор шуд, аввалин Сарқонуни РСФСР қабул карда шуд.

10.07.1925. Дар СССР бо қарори Раёсати КИМ ва ШКХ-Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.

10.07.1941.Оғози муҳорибаи Смоленск дар рафти ҶБВ. Муҳорибаи Смоленск яке аз задухӯрдҳои шадиди ҷанг ба шумор рафта, дар хунсо кардани «блитскриги» немисҳо нақши муҳим бозид. 

11.07.1918. Шӯрои Комиссарони халқии Русия аввалин буҷаи давлатии кишварро барои 6 моҳ ба тасвиб расонид.

 

CCCР

 

Чоршанбе, 19 Июл 2023 14:43

 

   Нестор Иванович Махно (Михненко) маъруф бо тахаллуси Батка Махно (26 октябр-1888-25.7.1934). Анархисти украинӣ, сурхмаоб ва револютсионер, иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1917-1922) дар ҳудуди Россия. Фармондеҳи армияи исёнгари Украина.

   Батка (падар) Махно. Ин ном пас аз ғалабаи Револютсияи Октябр дар Россия, дар сархати матбуоти советӣ, китобҳо, филмҳои бадеӣ - ҳуҷҷатӣ, дар латоифу ҳикоёти мардумони русу украин солҳои дароз мақом дошт.

Нестор Иванович Махно дар таърихи садаи XX ҳамчун шахсияти аҷиб, револютсионери анархист (Анархизм – ҷараёни ҷамъиятӣ-сиёсии майдабуржуазии зидди марксизм. Анархист – тарафдори анархизм, одами худсар) маъмул аст.

 

Зодбум

Нестор дар хонаводаи деҳқон Иван Родионович Махно (Михненко), модараш Евдокия Матвеевна Махно (қабл аз шавҳаркунӣ Передерий) аҳли деҳқон (деҳқонони давлатӣ) таваллуд шудааст. Ӯ 4 бародар ва 1 хоҳар дошт.

Вай аз хурдсолӣ дар зодгоҳаш – Гуляйполе, губернияи Екатеринослави империяи Россия дар корҳои мавсимии хоҷагии қишлоқ, дар хоҷагиҳои помешикон ва деҳқонони давлатманд заҳмат мекашид. Миллаташ украин, аммо ба дилхоҳ идеяи миллӣ тамоман бепарво буд, аз машрубот сӯистеъмол мекард.

 

Гуляйполе

Несторро охири моҳи августи соли 1906 барои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ҳабс карданд (аммо ба зудӣ раҳо шуд). 5 октябри соли 1907 барои қасд ба ҷони қаравулони гуляйполӣ Захаров ва Биков, 26 августи соли 1908 барои куштори мансабдори муассисаи ҳарбӣ ҳабс шуд. Сессияи суди округи ҳарбии Одесса аз 22 марти соли 1910 ҷазои бадоркашиии Несторро ҳукм баровард, ки баъдан онро ба бадарғаи якумрӣ иваз намуданд.

 

Маҳбас

Соли 1911 ӯро ба шуъбаи каторгачии маҳбаси Бутиркаи Москва гузаронданд. Дар камера Махно бо анархисти фаъоли маъруф Пётр Аршинов ва Григорий Котовский (командарми оянда) ошно шуд. Аршинов ба саводомӯзии Махно пардохт. Дар бораи омодагии идеологӣ ва дониши Нестор кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Аҷиб он буд, ки деҳқони камсавод натанҳо асарҳои револютсионерони маъруф ва сиёсатмадоронро комилан аз бар намуд, балки ба омӯхтани математика, забон ва адабиёт, таърих ва забони фаронсавӣ шуғл варзид. Кӯшишу ғайрати Махно устодашро дар ҳайрат мемонд.

 

Инқилоб

Баъди инқилоби феврали соли 1917 Махно мисли садҳо маҳбусони сиёсӣ афв шуда ба Бессарабия, ба назди командир Григорий Котовский ба Белград раҳ гирифт. Аммо ба зудӣ дар хусуси масъалаи сиёсӣ сахт пархош кардандва пас аз се ҳафта Махно ба Гуляйполе баргашт. Дар он ҷо ба фаъолияти сиёсӣ оғоз намуда, муовини раиси мақомоти маҳаллии худидоракунӣ интихоб гардид…

1 майи соли 1917 Махно ба Петроград номаи таъҷилӣ ирсол намуда, аз Ҳукумати муваққатӣ рондани 10 «вазир - капиталист»-ро талаб кард. Моҳи август дар рафти мубориза бо корниловчиён Махно аз ҳисоби ташкилоти анархистӣ дар Гуляйполе Комитети наҷоти револютсионӣ – дружинаи ҷангии «Гвардияи сиёҳ»-ро созмон дод…

 

Соли 1918

27 январи соли 1918 дар Брест - Литовск ҳайати вакилони германӣ ва австро - венгерӣ бо ҳайати радаи марказии Украина шартномаи сулҳи ҷудогона (сепаратӣ) -ро имзо карданд.

Дар аввали моҳи апрели соли 1918 Нестор Иванович бо мақсади пайдо кардани дастгирии болшевикон ба Москва равон шуд. Махно нахуст бо лидерони анархистҳои маҳаллӣ ва ҳамчунон бо роҳбарияти Ҳукумати советӣ Я.М. Свердлов, Л.Д. Тротский, Г.Е. Зиновев вохурд. Яков Свердлов ӯро ба назди В.И. Ленин бурд, то онҳо масъалаи «мавқеъ» ва нақши анархистон дар револютсия»-ро баррасӣ намоянд…

Бо ризоияти Бюрои умумиукраинии роҳбарони ҳаракати шӯришгарон ва иҷрои конференсияи анархистони Таганрог 29 июн Махно бо мадади болшевикони Россия барои ташкили муборизаи яроқнок алайҳи қӯшунҳои немисӣ - австриягӣ ва қӯшунҳои германӣ дар Украина Москваро тарк гуфт.

21 июл Махно бо паспорт бо насаби И.Я. Шепел ба Харков расид. Пасон бо гурӯҳи худ дар Гуляйполе бо отряди партизанӣ пайваст. Баъди нахустин амалиёти ҳарбии бобарор бар зидди қӯшунҳои немисӣ Махно командири отряд интихоб шуд.

Шуҷоат, таҷриба, маҳорати ташкилотчигӣ ва боварӣ ба ҳақонияти амал Махноро сардастаи ҳаракати ошӯбгарон гардонд, ки он боис ба ҷалби ҷанговарони нав гардид. Дар моҳҳои сентябр - октябри соли 1918 таҳти фармондиҳии «батка» Махно якчанд отрядҳои партизанӣ муттаҳид гаштанд. Ба моҳи ноябр отряди Махно ба 6 ҳазор нафар расид. Деҳқонони Екатеринослав ва Таврияи Шимолӣ ба онҳо ҳамаҷониба ёрӣ медоданд, сарбозонро мехӯронданд, бо силоҳ таъмин месохтанд, барои кавалеристон асп меоварданд, разведка мерафтанд, ба отряд мепайвастанд. Обрӯ ва маъруфияти Махно бо кори тасарруфи дороиҳо, маҳсулот ва озуқаи «буржуйҳо» ва тақсим он ҳама ба мардум меафзуд.

Инқилоби ноябрии соли 1918 дар Германия ба шикасти онҳо дар Ҷанги якуми ҷаҳон оварда расонд. Россияи советӣ шартномаи Брест - Литовскро аз эътибор соқит эълон кард.

 

Бурду бохтҳо

Тули солҳои 1918-1919 Махно бо отряди худ дар муноқишаҳои зиёд, задухурдҳо бар зидди душманони хориҷӣ иштирок намуд. Бурду бохтҳои зиёдеро ба сар дошт. Бар муқобили қӯшунҳои немисӣ - муҳоҷирин, австро - венгерӣ муборизаи беамон мебурд. Ҳамчунон дар ҳамдастӣ бо Армияи Сурх бар зидди қӯшунҳои Деникин бархостааст. Ӯ гоҳ ба худ буду гаҳе бехуд. Дар ҳалли ин ё он масоил фурсатпоӣ нишон медод…

Соли 1919 дар ҷаласаи командирони отрядҳои шӯришгар дар Мариупол Махно ташаббуси созмон додани армияи алоҳидаи ошубгарони Украинаро ҷонибдор шуд…

Дар моҳи майи соли 1919 бригадаи Махно аз ҷониби фармондеҳии Армияи Сурх бо лавозимоти ҷангӣ ва таҷҳизот таъмин нагашт. Дар натиҷа, дар мубориза бо қисмҳои дивизияи Кавказӣ (фармондеҳаш генерал А.Г. Шкуро) мағлуб гашт. Сафедҳо фронтро рахна зада, Донбассро ишғол намуданд.

6 июн бо фармони раиси РВС Лев Тротский Махно «барои шикасти фронт ва саркашии фармондеҳӣ» ғайри қонун эълон карда шуд.

 

Эътироз

9 июн Махно қарори қатъ кардани шартнома бо Ҳукумати Советиро қабул карда, ба Ленин ва дигар роҳбарон барқия фиристод…

Баъди кандани муносибат бо болшевикон бо боқимондаи отрядаш ба губернияи Херсон ақибнишинӣ намуда, якҷо бо Григорев бар зидди қӯшунҳои Деникин муқобилияти яроқнокро идома дод…

Бо оғози ҳуҷуми қӯшунҳои сафедҳо ба Москва тобистони соли 1919 Махно ҷанги партизании доманфарохро дар ақибгоҳи сафедҳо роҳандозӣ намуда, боз деҳқонони шӯришгарро даъват намуд, ки бо сурхҳо иттиҳод банданд.

Махно мегуфт: «Душмани асосии мо, рафиқон деҳқонон - Деникин. Коммунистҳо ба ҳар ҳол инқилобгаронанд. Бо онҳо баъдтар ҳисобӣ мекунем. Алҳол ҳама чиз бояд бар зидди Деникин равона шавад».

Ҳамин хел амалиёти партизании Махно дар ақибгоҳи армияи сафедҳо дар рафти ҷангҳо таъсири мусбат гузошт ва он ба сурхҳо имкон фароҳам овард, то ҳуҷуми Деникинро ба Москва ноком гардонанд.

 

Низоъ

Ба назар ҳама корҳо хуб буд, аммо баъд аз низоъи аскарони Махно- парондани командир – коммунист Полонский дар моҳи декабри соли 1919 муносибатҳо тезутунд шуд. 9 январи соли 1920 Ревкоми Умумиукраинӣ «Махно ва гурӯҳи ӯро» ғайриқонунӣ ҳамчун «дезертир ва хиёнаткор» эълон кард.

Дар шароити шикаст ва ҳам эпидемияи тиф Махно фармон дар бораи парокандашавии муваққатиро эълон кард.

Баҳори соли 1920 Махно боз қисмашро барқарор ва рейдҳояшро дар Украинаи ҷанубӣ роҳандозӣ намуд. Ҳукумати генерал Врангел таклиф пеш овард, ки якҷоя бар зидди болшевикон иттиҳод банданд, аммо Махно розӣ нашуд. Фиристодаи Врангелро дар Гуляйполе намоишкорона ба қатл расонд.

Баъди анҷоми муҳорибаҳо барои Қрим фармондеҳии сурхҳо қарор карданд то аз душмани идеологии худ халос шаванд. Онҳо 26-уми ноябр отряди махночиёнро муҳосира карданд, аммо ба Нестор муяссар гашт, ки аз нимҷазира халос хурад. Бо Махно танҳо 250 аскар раҳо ёфт…

Охири тобистони соли 1921 баъди задухӯрдҳои зиёд бо қувваҳои бартариятдоштаи Армияи Сурх боқимондаи отряди анархистҳо ба сарҳади Руминия ақиб партофта шуд.

 

Фирор

28 август отряд иборат аз 78 нафар таҳти роҳбарии Махно сарҳади Руминияро дар маҳали Ямпол убур намуданд. Махно ярадор (12 тир хурда буд), контузия гирифта, 1 пояш шикаста буд.

Руминҳо зуд махночиёнро боздоштанд. Онҳоро вақти зиёд дар шароити бағоят вазнин дар баракҳои доманадору шабушин, бе доруворӣ ва бе ҷароҳатбандӣ ва бо истеъмоли ордобаи ҷуворигӣ нигоҳ медоштанд.

Чоршанбе, 12 Июл 2023 16:23

 

Ҳар навиштори навбатиро сабабест ва беҳуда дар ин ё он мавзуъ хома ба даст намегирем. Ин навбат бобати Артём, Артёмовск сухан хоҳем ронд, ки он ҳам беасос нест. Беш аз 30 сол, бо барҳам хӯрдани СССР ба ин ном таваҷҷуҳи хосса зоҳир намегашт. Сар аз соли 2014 ин унвон кам камаке рӯи кор омад. Тули 5-6 моҳи охир расонаҳои даврии дунё гирди номи Артём, Артёмовск мавзуъ мечархонанд. Ин ҳамаро боис нотинҷии байни Россия ва Украина гашта, ки ба ин паҳлуи масъала кордор намешавем. Мо танҳо аз Артём хоҳем гуфт. Ҳамчунон бехабар аз он ки «рафиқ Артём» 140 сола шудаанд.

 

Ин ном ба яке аз муборизони Ҳокимияти Советӣ, инқилобчиёни радаи аввал Фёдор Андреевич Сергеев, маъруф бо тахаллуси «рафиқ Артём» («Артём Сергеев», «Виктор Сергеев») иртибот дорад. Артём яке аз инқилобчиёни маъруф, арбоби сиёсӣ, давлатӣ ва ҳизбии Ҳокимияти Советӣ мебошад.

Фёдор Андреевич Сергеев (минбаъд Артём) узви РСДРП (б) аз соли 1901, асосгузор ва роҳбари Ҷумҳурии Советии Донетск – Криворожск, рафиқи наздики Сергей Киров ва Иосиф Сталин буд.

Артём 7 (19) марти соли 1883 дар деҳаи Глобово, уезди Фатежск, губернияи Курск, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Бино ба гуфтаи нависанда Е.Ф. Олейник инқилобии оянда дар хурдсолӣ қиссаеро дар бораи коргаре бо номи Артём шунидаст. Он Артём дар шахта (кон) кор мекардааст. Рӯзе аз рӯзҳо дар тӯдаи ангишт монда, захм мебардорад. Сардори кон ӯро аз кор маҳрум месозад. Аз ҳамон рӯзҳо Артём «роҳзани олиҳимат» шуда, бойҳоро ғорат ва амволи ғоратшударо ба камбағалон тақсим мекардааст. Аз ҳамин ҷо Фёдор ба худ номи – тахаллуси Артёмро мегирад.

 Таҳсил

Соли 1888 Артём бо аҳли хонаводаашон ба Екатеринослав кӯч бастанд. Ва ӯ дар ҳамин ҷо, соли 1892 ба Омӯзишгоҳи реалӣ (дар Россияи тоинқилобӣ мактаби миёна, ки дар он бештар математика ва фанҳои доир ба табиатро меомӯхтанд). Номбурда соли 1901 омӯзишгоҳро бомуваффақият тамом кард. Артём имтиҳонҳоро бо баҳои «панҷ» супурд, ба ҷуз расмкашӣ, ки барқасд баҳои «3» мондандаш (ба қавли муҳаққиқи рус Н.П. Кузмин роҳбарияти омӯзишгоҳ барои ба дигар талаба додани медали тилло қасдкорӣ карданд). Маълум мегардад, ки одамон дар тамоми давру замон ба чунин «нағмаҳо» роҳ медодаанд. Донишҷӯи аълохон Фёдор Андреевич Сергеев барои муваффақияти калон бо мукофоти «тасаллобахш» - китоби Э.Э. Ухтомский «Путешествие на Восток Его Императорского Высочества государя наследника цесаревича» қадр гардид.

Артём ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ бо адабиёти пинҳонӣ (ғайрилегалӣ) бори нахуст ошноӣ пайдо кард (брошюраи «Цар-голод»). Маҳз дар ҳамин давра ӯ ба кружоки марксистии коргарони заводи Брянск ҷалб гардид. Дар арафаи имтиҳонҳо -1 майи соли 1901 Артём дар гирдиҳамоии коргарон иштирок намуд. Митинг аз тарафи казакҳо пароканда, бисёриҳо дар қап хурданд. Артём рӯ ба гурез оварда, дар деҳа пинҳон ва ҳабс шудан раҳид.

 Москва

Соли 1901 баъди супурдани имтиҳонҳо Артём ба Омӯзишгоҳи Императории техникии Москва (ҳозира МГТУ ба номи Бауман) дохил шуд. Ҳангоми дохилшавӣ аз ӯ забонхат гирифтанд, ки дар гирдиҳамоиҳо иштирок намекунад. Ҳамон сол Артёмро ба узвияти РСДРП пазируфтанд.

Сол 1902 дар Москва барои дастгирии донишҷӯёни хориҷшудаи Университети Киев, донишҷӯёни Масквагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Дар маҷлиси пинҳонкорон Артём даъват ба амал овард, ки донишҷӯёни киевиро ҷонибдорӣ бояд кард. Донишҷӯёни ҳамфикри тарафдор Михайлов, Сбитников, Нагурский ва Адикс (ахирӣ гумоштаҷосуси полис ва фитнаангез…) ӯро ҷонибдор шуданд.

2 марти соли 1902 митинг баргузор гардид. Артём ба симати яке аз роҳбарони донишҷӯён дар ин тазаҳурот ширкати фаъолона дошт. Полисҳо дар либоси коргарӣ гирдиҳамомадагонро пароканда карданд (онҳоро Адикс оварда буд). Артёмро ҳабс ва ба бинои полисҳои Яуза оварданд. Маълумотро дар бораи балвогар Артём ҷосус Шмидт расонд. Баъди ҷаласаи судӣ Артёмро аз омӯзишгоҳ хориҷ карда, шаш моҳ дар маҳбаси Воронеж шинонданд.

Ҷилои ватан

Бо гирифтани «волчий билет» - «билети сиёҳ» (шиноснома, ки аломати махсус дошта, соҳибашро аз хизмати давлатӣ ва таҳсил дар мактабҳои олии Россия маҳрум мекард). Аз ин рӯ, Артём ҷилои ватан кард. Дар Париж, дар мактаби олии русии фанҳои ҷамъиятӣ шомил гашт. Дар ин мактаб ба лексияҳои доҳии пролетариати ҷаҳон В.И. Ленин гӯш дода, бо ӯ ошно шуд. Артём ҳамчунон бо хонаводаи олими машҳури рус Мечников қаробат ёфт.

Инқилобчӣ

Артём 15 марти соли 1903 ба Россия баргашта, дар Донбасс ба фаъолияти пинҳонии револютсионӣ пардохт. Дар деҳаи Фёдоровка, волости Воскресенск, уезди Александровски губернияи Екатеринослав якумин шуда дар минтақа созмони бузурги сотсиал-демократии деҳқонон (доманаи 400 нафар)-ро таъсис дод. Ва бо он ҳайат корпартоии моҳи майиро баргузор кард. Баъд ҳини фаъолият ҳамчун ёрдамчии мошинист дар Екатеринослав дар байни коргарони роҳи оҳан ва кӯҳкорон корҳои таблиғотӣ мебурд. Соли 1904 дар Елисаветград ва Николаев ду бор ҳабс шуд.

Моҳи январи соли 1905 Артём ба Харков омада, дар заводи паравозҳои Харков фаъолияти револютсионӣ бурда, гурӯҳи инқилобии «Вперёд»-ро созмон дод. Вай дар пайи шӯриши мусаллаҳона дар Харков кӯшид. Аз рӯи нақша он бояд 12 декабри соли 1905 доир мегашт. Ҳукуматдорон аз ин нияти онҳо воқиф шуда, 30 тан аз саркардагонро ҳабс карданд.

Артём баъди пахши шӯриш ба Санкт-Петербург ва пас ба Урал рафт. Баҳори соли 1906 ӯро вакили съезди IV РСДРП дар Стокголм интихоб намуданд. Баъдан Артём дар шаҳрҳои Москва ва Перм, дар корҳои ҳизбӣ масруфият дошт. Комитети РСДРП-и Пермро роҳбарӣ кард. Боз ӯро ба маҳкама кашиданд. Дар маҳбаси Перм ва ротаи маҳбусони Николаев маҳбус буд. Пас ӯро ба маҳкамаи Харков гузаронданд. Моҳи декабри соли 1909 палатаи махсуси судии Харков Артёмро ба бадарғаи умрбод ба Сибири Шарқӣ ҳукм бароварданд. Вай бадарғаро дар деҳаи Воробёво, уезди Киренск, губернияи Иркутск гузаронда, моҳи августи соли 1910 аз он ҷо рӯ ба гурез овард.

 Ҳиҷрат

Артём ба воситаи Япония, Корея, Хитой ба Австралия ҳиҷрат кард. Ба гуфтаи худаш дар шаҳрҳои Харбин, Нагасаки, Гонконг ва Шанхай зиста, ҳамчун кули (аробакаш, ҳаммол ё мардикор дар баъзе мамлакатҳои Осиё) заҳмат кашид.

Моҳи июни соли 1911 Артём дар Австралия пайдо шуд. Ӯ қисмати зиёди вақт дар Брисбен бо номи TheodoreSergaeff зист. Вай дар ин макон низ бекор нанишаст. Охири ҳамон сол вай аллакай дар Ассотсиатсияи Эмигрантҳои Руси Брисбен ба шумори яке аз роҳбарони бонуфуз эътироф гашт.

Вай фаъолияти ин созмонро устувор гардонд. Барои коргарони рус курсҳои омӯзиши забони англисиро роҳандозӣ намуд. Соли 1912 газетаи русии «Эхо Австралии»-ро асос гузошта муҳаррири он буд. Дар кори Партияи сотсиалистӣ – коргарии Австралия иштироки фаъолона дошт. Барои гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ӯро ҳабс карда дар маҳкамаи Брисбен шинонданд.

Барои кӯшишҳои муттаҳид кардани коргарони русу австралиягӣ ӯро то ҳол дар доираи радикалии штати Квинсленд ёд мекунанд. Артём дар Австралия бо тахаллуси «Болшой Том» (BigTom) ва номҳои Артём ва Артимон маъруф гашта буд.

 Ҷанги гражданӣ

Моҳи июли соли 1917 Артём ба Харков баргашта, ба зудӣ роҳбари фраксияи болшевикони советии Харков шуд. Котиби бюрои комитети вилоятии РСДРП (б) - и Донетск, баъдан котиби бюрои вилоятии Иттифоқи касабаи металлистони Харков, аъзои Президиум ва узви Комитети Марказӣ интихоб гардид.

Артём моҳи октябри ҳамон сол яке аз созмондиҳандагони шӯриши мусаллаҳона дар Харков ва Донбасс буд. 24 ноябри соли 1917 ӯро Раиси Комиҷроияи советҳои Харков ва Маҷлиси муассисон аз тарафи болшевикон интихоб карданд. Моҳи декабри соли 1917 дар съезди 1-уми Умумиукраинии Советҳо узви котибот ва КИМ Советҳои Украина, Котиби мардумӣ оид ба савдо ва саноат интихоб мегардад. Артём солҳои 1918-1920 узви КМ ПК (б) Украина буд...

Вай ҷонибдору ташаббускори фаъоли идеяи Донетски автономӣ буд ва дар соли 1918 Ҷумҳурии Советии Донетск – Криворожскро тъсис дода роҳбари он таъин гардид. Баъдан 14 феврал раиси Совети комиссарони халқ ва Комиссари мардумии хоҷагии халқ, пас комиссари халқии корҳои хориҷии ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Артём яке аз ташкилотчиёни мубориза бар зидди қӯшунҳои Марказӣ, казакҳои атаман Каледин, истилогарони австро - венгерӣ ва немисӣ, ҳамчунон созмондиҳандаи сафарбарии Армияи якуми Дон мебошад. Дар якҷоягӣ бо К.Е. Ворошилов дар гузаштани Армияи 5-ум аз Донбасс ба Царицин иштирок кард.

Чоршанбе, 14 Июн 2023 10:15

 

(дар ҷанги Украина не, дар ҷанг бо гастарбайтерҳо)

05.06.2023. Соат ба вақти СССР 09:33 дақиқа. Ҳушдор: матлаб қабл аз сафари Сергей Лавров ба Душанбе навишта шудааст. Мо Метавонем!

 Ба таҳқиқ, Анатолий Чубайс, 34-ум сарватманди ҷаҳон (журнали Форбес), ягона масъули воломақом нест, ки аз Россия, баробари шуруъи амалиёти вежаи низомӣ, фирор кард. Даҳҳо давлатмардон, ситораҳои санъату театр, шоиру нависандаву адиб, бизнесмену олигархҳо... бо сарвати миллиардҳо долларӣ ин кишварро тарк карданд. Ва ин дар ҳолест, ки дар ин додуситад, халқи Тоҷикистон, ба вежа муздурони россиявии он, билкулл аз сиёсати Кремл пуштигирӣ мекарданд. Воқеан ҳам рафтори чубайсҳои урусӣ ҳушдор ба давлатҳои дигари посшӯравист, ки нагузоред, сарват аз ватан берун хазад! Зеро чубайсҳояш низ рӯзе не - рӯзе аз думболаи пулашон мехазанд...

 

Иғвои тоҷикӣ

Чубайсҳои нагурехта ҳоло дар таркиби ин ҳукумат зиёданд, ки мехоҳанд Россияро аз охирон шарикони стротегияш ҷудо созанд. Намунаи олии ин ихтилофангезӣ...Сергей Миронов аст. Миронови хаппаке, ки баъди сари Жириновский бо усули а ля Жирик талош дорад, муҳаббати “русҳои миллатгаро”-ро, ки ҳамакнун сағера мондаанд, ба даст орад. Вале тавре мегӯянд, “Кори ҳар буз нест-хирман куфтан!”. Анатолий Юристович Жириновский воқеан ҳам сиёсатмадор буд. Ӯ баъди бархӯрд бо хабарнигори СССР дар Маскав-Шамсиддини Муқим, позитсияашро тағйир дод. Зеро хабарнигори мо моҳияти масъалаи миллатситезии ахириро бармало ба худаш исбот кард. Баъди ин дидор, маҳз Жириновский, тибқи ваъда ба мухбири СССР, дар Думаи давлатӣ масъалаи мардикоронро вардошта, талаб намуд, ки вожаи таҳқиромези “гастарбайтер” бар қиболи ишон корбаст нашавад. Ва чунин ҳам шуд! Ва аммо баъди сари Жирик афроде пайдо шуданд, ки ин қартаи кӯҳнаи миллатситезии русиро тоб доданд.

 

2 - шаҳрвандӣ хатар дорад...

Лидери ҳизби прокремлини “Справедливая Россия – За правду”, ҳанӯз аввали апрели соли гузашта, дар Дума баромад кардаву гуфт, ба тоҷикон паспорти русӣ дода нашавад. Воқеан ҳам газетаи мардумии СССР солҳо пештар навишта буд, ки Тоҷикистон бояд сиёсати душаҳрвандиро бас кунад:

- 1 паспорт, 1 ватан, 1 миллат ва 1 виждон! 

Ин шиор  - пешниҳоди мо то ҳанӯз, мутаассуф, қабул нашудааст. Вале то ҷое медонем, дупаспортаҳо дар таркиби ҳукумат кам ё нест шудаанд. Ин қадами нахуст аст. Ва бояд чунин ҳам бошад. Ба хотир биоред боз ҳамон чубайсизми русиро, ки аксарият паспорти Исроил низ доштанду дар наздиктарин фурсат хиёнат ба ватан карда, ба меҳани 2 фирор карданд!

СССР зидди шаҳрвандии дигар кишварҳоро гирифтани тоҷикистониён нест, вале агар паспорти дигар давлатро, ки гирифтӣ, бояд инашро биспорӣ, ҷонам! Бинед, фарзияи мо, ки пеш аз ҷангҳо дар Аврупо садо дод, имрӯз самари баде меоварад. Ҷангиёни 2 - паспорта, ки дар Украина меҷанганд, тибқи қонунҳои ҶТ ҷинояткоранд, вале аз сӯи дигар равған бар оташи иғво мерезанд, ки мегӯянд, “Тоҷикон дар Украина ҷанг доранд!”. Вале инҳо Тоҷик нестанд, дигар! Зеро паспорти Россияро доранд. Сари ин муаммо бояд умқан андешид. Душаҳрвандиро манъ ва онҳоеро, ки дар ҷанг ширкат меварзанд, на суд, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандии ҶТ бояд маҳрум кард. Мо Метавонем!!!

Аз сӯи дигар Россия на беҳуда ба тоҷикон паспорти русӣ медиҳад. Зимнан кӣ гарав дода метавонад, ки дар сурати “фишор сари шаҳрвандҳояш” Россия қартаи а ля Украинаро корбаст намекунад? Ҳар чӣ шуданаш мумкин. Кишвардорӣ низ аз ҳамин иборат аст, ки садди роҳи эҳтимолияти хатарҳо шавад...

Омори душаҳрвандӣ басо нигаронкунанда аст. Бинед, тибқи иттилоъи сарчашмаҳои русӣ, ҳамарӯза аз 410 то 476 тоҷикистонӣ шаҳрванди ФР мешаванд. Танҳо дар соли 2022 теъдоди тоҷикони русшуда марзи 173 ҳазорро гузашт! Ва бо ҳамин суръат кор давом кунад, шояд то ним миллион тоҷик гражданини ФР шавад. Ва акнун ёд оред, ҳини моҷарои Хоруғ, оппозитсияи тоҷики муқими Аврупо чи бонге мезад: дар Бадахшон ҳуқуқи шаҳрвандони ФР поймол мешаванд?!... Ин масъаларо сарсарӣ нагире(м)д....

 

Ҷанги 2 бо муздурон

Ҳанӯз соли 2011, ки Президенти ФР, дӯсти овони ҷавонии мо, Дмитрий Медведев буд, Кремл, ҳини баррасии мушкили “лётчикҳои руси маҳбуси Қурғонтеппа” бо муздурон ҷанг эълон кард. Онҳоро чун дар Геттои гитлерӣ дар кӯчаҳо меронданду мезаданду таҳқиру таҳвин мекарданд ва ҳатто сар мебурриданд. Он замон, агар хонанда ёд дорад, СССР матлабе бо номи “Письмо сверстнику” нашр кард... 

Имрӯз низ айни ҳамон ситам сари Тоҷикон дида мешавад, вале ин бор хушунатбортар! Шикори Тоҷикони беҳуқуқ - муздурони кор, муҳоҷирони меҳнатӣ, студентон ва ҳатто Тоҷикони шаҳрвандии Россияро қабул карда, аз сар гирифта шуд. Машинаи таблиғотии шовинизми русӣ, ки аз Дума об мехӯрад ва гуфта мешавад, Кремл ҳам ба он “доброи ғайрирасмӣ” додааст, ба кор даромад. Мо 100% бовар дорем, дар шароити ҷангие, ки Россия дорад, агар Кремл нахоҳад, саге сӯи тоҷик намеҷакад, чӣ расад ба скинхедҳо. Аз сӯи дигар, агар дар Россия шовинизми зерназорат набошад, фарзи мисол, 1 урусбача ва ё 1 пулис, аз куҷо медонад, ки Тоҷик кисту узбеку қафқозӣ кадом аст? Онҳо маҳз бо супориши қатъӣ танҳову танҳо Тоҷикшикор баромадаанд! Факти дигар - пулису шовинистони зерконтрол Тоҷикони Ӯзбекистону Афғонистонро аслан кордор нестанд. 

 

Дипломатияи фишор

Муносиботи сард ва ахирии Кремл, тибқи таҳлили коршиносон ба 2 чиз бастагӣ дошт:

1. Давлатҳои пасошуравии ОМ ба Пекин рафтанду Россия даъватӣ набуд;

2. Муносибати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо позитив гардид.

Пекин ба Душанбе 57 млн грант доду ИА 2,5 млрд доллар қарз, ки гуфта мешавад, аз ин миён 1,9 млрд грант аст!...Россия бошад, ҷои сиёсати иқтисодияшро мусолиматомез кардан, ҳамон қартаи кӯҳнаи соли 1990-ро ба кор даровард. 

Други! Шумо аз айвончаи Кремлатон ба берун менигаред? Асри 21 аст ҳоло ва шумо дар тангно ва инзивоъи сиёсӣ мондаед...

Ҳоло бинед, агар Лавров ба ҳадафи пешмондаи Кремл расад, дар 1 рӯз ҳам не, дар чанд соат ин иғво поин меравад, дар сурати акс...аксашро хоҳем дид. Вале дар ҳар сурат, Россия бояд донад, ки Тоҷикистон охирин плотсдарми Маскав дар ақсои олам аст. Ҳар сабру таҳаммулро поин ва ҳар косаеро лаб ҳаст. Сабри Душанбе лабрез шуд, аз хуну пӯст гузашта, ҳатман фармони бадарсозии Дивизияи 201-ро агар барорад, Россия де-юре аз Осиёи Марказӣ ронда мешавад. Ҳарчанд де-факто 3-5 соли дигар метавонад боқӣ бимонад. Зимнан Кремл бояд бо Душанбеи расмӣ бархурди ҳасана ва дипломатӣ дошта бошад, на ки аз думболи шовинистони русии Сергей Миронов харашро маҳмез занад. Зеро амри бадарсозии Дивизия ҳам не, пешниҳоди истирдоди Базаи ФР аз ОМ, оғози шикасти гӯшношуниди империяи 200-солаи русӣ дар Туркистон, ҳоло ОМ, хоҳад шуд. Тавре худи русҳо мегӯянд:

- Свято место пусто не бывает!

Фикр намекунам, шовинизми кӯр-кӯрона дар Кремл то ҳаддест, ки ин ҳақиқати кӯчакро нафаҳманд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Муҳаммади Мубориз

махсус барои СССР

 

 

Чоршанбе, 07 Июн 2023 18:07

Чоршанбе, 31 Май 2023 08:20

 

Чоршанбе, 24 Май 2023 11:41


10.05.1932. Дар заводи «Коминтерн»-и Ленинград 20 телевизори нахустини шуравӣ истеҳсол карда шуданд.

10.05.1933.Дар пойтахти Олмони фашистӣ китобсӯзии бузург иттифоқ уфтод. Пайравони Фюрер садҳо ҳазор ҷилди кутуби Гейне, Ремарк, Хэменгуэй, Фейхтвангер ва дигар нависандагонро дар донишгоҳи Берлин ба оташ кашиданд.

10.05.1940.Артиши олмонӣ дар Фронти Ғарбӣ, зидди нерӯҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҳолландӣ ва белгиягӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Дар рафти ҳуҷум, немисҳо бори аввал тактикаи нави худ «Блитскриг» (“Ҷанги барқосо”)-ро истифода бурданд. Ҳуҷум бисёр бобарор буд ва дар 1 моҳ немисҳо тавонистанд Ҳолланд, Белгия ва Фаронсаро ишғол намоянд.

11.05.1939.Оғози даргириҳо дар Халхин-Гол. Ҷанги миёни артиши японҳо аз 1 сӯ ва нерӯҳои муттаҳидаи Артиши Сурх ва Муғулистони шӯравӣ аз сӯи дигар. Дар Халхин-Гол бори аввал ситораи маршали ояндаи шӯравӣ Г.Жуков дурахшид. Нерӯҳои таҳти фармони ӯ тавонистанд ба японҳо шикасти сахт ворид кунанд ва орзӯи ҷангидан бо СССР-ро барои ҳамеша аз сарашон дур андозанд.

11.05.1944. Бо Қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа тоторҳо, булғорҳо ва юнониён аз Қрим ба навоҳии дигари Шӯравӣ бадарға шуданд.

11.05.1955.Дар пойтахти Полша-ш.Варшава машварати намояндагони 8 кишвари шӯравии аврупоӣ (СССР, Албания, Болгария, Венгрия, ГДР, Полша, Руминия) оид ба таъмини сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо доир шуд. Дар ин машварат тарафҳо қарор доданд, миёни ҳам созишномаи ҳамкорӣ банданд. Созишномаи байни кишварҳо 14 май ба имзо расида, бо Созишномаи Варшава маъруф шуд.

12.05.1944. Артиши Сурх дар рафти ҶБВ нимҷазираи Қримро пурра аз тасарруфи немисҳо озод кард.

13.05.1921.Дар СССР бо қарори Шӯрои Комиссарони халқӣ (ШКХ) хонаҳои истироҳатӣ роҳандозӣ шуданд. Дар ин хонаҳо меҳнаткашони шуравӣ бо оилаҳояшон дам мегирифтанд.

13.05.1934.Дар Маскав аввалин нишасти комиссия оид ба қабули аъзо ба Иттиҳоди нависандагони шӯравӣ оғоз шуд. Билети аъзогии №1 ба М.Горкий супорида шуд.

14.05.1917.Дар ш.Маскав Анҷумани 1-и умумирусиягии мусалмонон ифтитоҳ ёфт. Дар Анҷуман беш аз 800 вакил, ки ҳизбу ташкилотҳои гуногунро намояндагӣ мекарданд, ширкат варзиданд.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 47

Китобҳо

Flag Counter