ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Июн 2019 12:26

Ба масту девона салом диҳем?

Ассалому алайкум, домуллои мӯҳтарам! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба 1 саволи банда посух диҳед:

-Оё ба одами маст (майзада) ва бемори рӯҳӣ салом додан, ё ба саломи ӯ алейк гирифтан дуруст аст? Барои ҷавобатон пешакӣ ташаккур!

Ҳоҷӣ Абдуллоев,

нафақагир, ш.Душанбе

 

Салом ин дуост!

Посух: Дуруд ва раҳмати Худо бар Шумо бод! Аввалан бояд донист, ки Паёмбарамон (с) фармудааст, ки мусалмон болои мусалмон 6 ҳақ дорад:

1.Ҳар гоҳ бо бародарат мулоқот кардӣ, ба ӯ салом бидеҳ.

2.Ҳар гоҳ туро ба хонааш даъват кард, қабул кун.

3.Ҳар гоҳ эҳтиёҷ ба насиҳат дошта бошад, насиҳат кун.

4.Ҳар гоҳ атса зад ва худоро ҳамд гуфт, ту низ ба ӯ бигӯ, худо ба ту раҳм кунад.

5.Ҳар гоҳ бемор шуд, хабаргирӣ бирав.

6.Ҳар гоҳ фавт кард дар ҷанозааш иштирок бикун.

Пас маълум шуд, нафаре маст ҳам, ки бошад, агарчи кирдораш хуб нест, ё роҳи интихобкардааш хатост, лек бародари мову шумост, лиҳозо, ба маст ё девона салом додан ё ҷавоби саломро гардонидан дуруст аст. Салом ин дуъо аст, ба маънои саломатӣ, оромиш, осудаҳолӣ… Агар ин гуна нафарҳоро мо бубинем ва он кореро, ки шайх малики Динор кардааст, бикунем, хеле хуб мешавад.

Нақл аст, ки малики Динор дар киштие савор буд ва сафари баҳрӣ дошт. Дохили киштӣ чанд нафаре дар ҳолати мастӣ буданд. Шахсе омаду гуфт: «Эй шайх, чӣ мешуд, ки дар ҳаққи ин бадбахтон дуъои баде мекардӣ?». Шайх дасташро баланд карду гуфт: «Худоё, инҳоро дохили ҷаннат бигардон». Он нафар гуфт: «Шайх, ин чӣ дуъо буд? Охир, инҳо арзиши ин дуъоро надоранд!». Шайх гуфт: «Дуъои ман таъвил дорад. Аввал Аллоҳ инҳоро ислоҳ мекунад ва баъд дохили ҷаннат…».

Мо низ дар ҳаққи ин гуна нафарон бояд дуъогӯ бошем, ки аз ин роҳ пас гарданд.

 

Чаро аз додани закот худдорӣ мекунем?

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба домуллои гиромӣ, Ҳоҷӣ Мирзо дар бораи ушр ва закот савол доданиям. Имрӯз гурӯҳе аз ҳоҷиён аз додани ушру закот худдорӣ менамоянд. Солҳои охир мардум ушру закотро надода, тавофи Каъба мекунанд. Ин дуруст нест, охир! Наход, барои додани ушру закот қонуну фармони ҳукуматӣ қабул кунем?! 

Фахриддин Салимов,

н.Фирдавсӣ

Ҷумъа, 07 Июн 2019 09:11

Надид ӯ дар ҷаҳон инсони бадро,

Адабро ҷусту пайдо кард абадро.

Бихонам "Қул ҳуваллоҳу аҳад"-ро,

Худо раҳмат кунад Султон Ҳамадро!

(Хайрандеш)

 

Ӯ ягона нафаре буд, ки баъди тақсимоти ҳукумати 30%-а думболаи нафсу курсиву мансаб нарафт, ҳол он ки метавонист дилхоҳ маснадро баргузинад, зеро аз ангуштшумор афроди донишу ҳушманди собиқ ОТО буд. Шикастанафс, софдил, поквиждон, ҳирфаӣ, бебок, хушқалам, профессионал, ИНСОН.... 

Султон Ҳамади 68-сола, журналисти маъруфи тоҷик, ки аз саратони меъда ранҷ мекашид, шоми 6.06.2019 дар манзилаш, дар ш.Душанбе фавтид.

Cултони Ҳамад 3.04.1952 дар н.Тавилдара (ҳоло Сангвор), дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. С.1969 мактаби миёнаро дар н.Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) хатм карда, с.1974 риштаи филологияи тоҷики ДДД (УДТ) ба номи В.И.Ленинро хатм кард. С.2002 як силсила очеркҳояш таҳти унвони «Аз Ардашер то шери Панҷшер» дар шакли китоб аз сӯи нашриёти «Ирфон» ба табъ расид. С.2005 китоби дигараш бо номи «Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо» дар нашриёти «Деваштич» аз чоп баромад. Соли 2007 ду китоби дигари ӯ «Дар сӯҳбати соҳибдилон» ва «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» аз сӯи нашр.«Деваштич» ва китоби дигараш таҳти унвони «Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон» дар типографияи хурди Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ба табъ расид. Дар с.2012 китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ва нашри 2-уми «Султони қалбҳо» дар нашриёти Бухоро чоп шуданд. Китобҳои «Бурхи Валӣ-дӯсти Худо» (нашр."Истеъдод”) ва «Дар пайраҳаи нур» (нашр."Муаттар”) с.2013 нашр шудаанд.

Анд китоби дигари Султони Ҳамад бо номҳои «Сулҳ ҳадяи Худо буд», «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», «Босмачӣ хоин буд, ё ватанхоҳ?», «7+33=Сулҳу оштӣ» (Шарҳу тафсири 40 мулоқоти роҳбарони ҷонибҳои сулҳкунанда дар раванди гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон), «Афғонистон баъди Толибон», «Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат», «Лаби дарёи Ому» (Аз дафтари назм) омодаи нашранд.

Шодравон дар даврони Шӯравӣ дар КБД (КГБ) кор мекард. Солҳои 1990-92 сардори шуъбаи КГБи ноҳияи Қубодиён буд. Ба Афғонистон гуреза шуд ва роҳбарии бахши амнияти ИНОТ (ОТО)-ро ба ӯҳда дошт. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон чанд сол сухангӯи Комиссияи оштии миллӣ, баъдан сардабири нашрияи “Наҷот” буд. 

Баъдан хабарнигори махсуси Радиои Озодӣ дар Афғонистон шуд (2004-2005). Сипас кори расмиро хатм ва чун журналисти мустақил фаолият кард. Сардабири сомонаи “Рӯзгор ва газетаи ҳамномаш буд. Пажӯҳишгар, тадқиқотчӣ, муаррих ва публитсист.

 

Равонаш шоду хонаи ахираташ обод бод. Омин. 

 

Чоршанбе, 15 Май 2019 09:12

 

Ба истиқболи 82-солагии Устоди Ҳунар, Артисти халқии СССР, Барандаи Ҷоизаи Давлатии СССР ва Тоҷикистон, Ҳошим Гадоев

Ҷумъа, 07 Сентябр 2018 07:42

 

Ҳисобот-10

Панҷшанбе, 16 Август 2018 15:35


Узви Ихвон-ал-СССР, Насим Файзуллоев, муаллими собиқадор аз ноҳияи Варзоб ба СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки газетаи мардумии СССРро шурӯъ аз шумораҳои аввалинаш гирифта мехонам ва фикри ман дар маҷмӯъ перомуни матолиби чопмешудаи газета ин аст, ки мехоҳам дигар дар бораи босмачиҳо ва ҳам болшевикон матлабу андешаи хонандагонро чоп накунед. Ҳамту, онҳоро сафед дидан намехоҳам. Тамоми андешаҳои муаллифон дар бораи босмачиҳо, ки онҳоро қаҳрамону дӯсти миллат мехонанд, нодуруст аст. Босмачӣ дар ягон давру замон ва ҳаргиз қаҳрамон нахоҳад шуд!

Шанбе, 21 Апрел 2018 12:57


Эҳдо ба 61-умин солгарди зуҳури Сурайёи Қосим дар саҳнаи ҳунари Тоҷик: 1970-2018

Панҷшанбе, 05 Апрел 2018 11:01

 

Ҳайати эҷодии Газетаи мардумии СССР дар рӯзҳои наврӯзӣ аз 22 то 26 марти соли ҷорӣ дар вилояти Суғд қарор дошт ва дар баробари ширкат дар тантанаҳои идонаи мардуми шаҳрҳои Хуҷанду Исфараву Истаравшан ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳ, ҳамчунин ба бархе аз руасо, ки сазовори эътимоди мардуми диёр гашта, дар лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» овозҳои бештарро соҳиб шуданд, ҷоиза ва дипломҳои вежаи Газетаи мардумии СССРро бо тантана супорид. Наврӯзи СССР дар Суғд чӣ гуна гузашт, ҳатман бароятон хоҳем гуфт. Бо мо бош, хонанда, ки Мо метавонем!

Шанбе, 09 Сентябр 2017 10:29


Таҳти ҳамин рубрика чанд тан аз кормандони содиқу собиқи газетаи мардумӣ фикру андешаи худро навиштаанд, ки дар Рӯзи Таъсисёбии СССР онро пешкаши аъзои Ихвон ал СССР мегардонем. Мо Метавонем!

саҳ 5 аз 8

Китобҳо

Flag Counter