ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 18 Ноябр 2016 08:42

Собиқадори китобхона-Абдусалом Муҳиддинови 68-сола, сокини деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву мегӯяд, баҳси босмачиву Ленину Сталини газетаи СССРро агар худи русҳо имрӯз хонанд, аз ханда рӯдакаф мешаванд. Аз Ленин, ки дар Маскаву Киев 100 сол безоранд, чанд Тоҷикаке дар ғами ӯ тайёранд, қурбон шаванд. Худи авлоду аҷдоди Ленин бар бузургии ӯ шубҳа доштанду мо ин қадар ихлос дорем. Бовар кунед, ки шарм аст. Бо дилу ҷон СССРро хоҳиш дорам, ки чунин матолиби бемаъниро чоп накунад. 93%-и аҳолии кишвар мусалмонанд! Баҳсе, ки аз марз гузашт, ба мараз табдил меёбад.

 

Панҷшанбе, 20 Октябр 2016 09:45

Босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ ҳанӯз ҳам яке аз баҳсҳои доғ миёни муаррихони ватанӣ боқӣ монда, дар ироаи ин масъала андешаҳои мутафовит доранд. Иддае чун пештара босмачиҳоро роҳзану ғоратгар муаррифӣ кунанд, гурӯҳе онҳоро чун қаҳрамон ва муборизони роҳи озодӣ медонанд. Дастаи саввуми муаррихон низ ҳастанд, ки ба масъала нигоҳи беғаразона доранд. Аммо ҳама бар ин назаранд, ки атрофи босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ афсонаҳои зиёд бофта шудаанд.

Ҷумъа, 23 Сентябр 2016 16:48

Хонанда, мухлис ва дӯстии ҳамешагии газетаи мардумии СССР, Анвар Саломиддинов, сокини деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР мегӯяд, ки ман низ дар радифи дигар хонандагону аъзои Ихвон-ал-СССР мехоҳам арз бидорам, ки ватанхоҳ номидани босмачиҳо, ки сирф мардони гарданкашу Тоҷики ғаййур будаанд, айни муддаост. Онҳо воқеан ҳам ватанхоҳ буданд, ҳастанд ва мемонанд. Сафед кардани онҳо тақозои вақт аст. Нависед, нависед, нависед! Тасдиқу инкори онро замон ва таърих нишон хоҳад дод, аммо дурӯягиву дурӯғнависии баъзе аз муаррихон, ки босмачиҳоро хоин мегӯянд, дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад шуд.

 

Ҷумъа, 23 Сентябр 2016 08:53

                                                (Портрети муосири ман-5)

Панҷшанбе, 01 Сентябр 2016 17:32

1 сентябр-дар Рӯзи Дониш, дар масҷиди Идгоҳи ш.Кобул-пойтахти Афғонистон маросими ҷанозаи Амир Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ (Баччаи Саққо) барпо шуд. Ӯ 86 сол қабл аз ҷониби Нодиршоҳ ба қатл расида буд. Лек он вақт ахирӣ иҷозат надод, ки Ҳабибуллоҳхон ҷаноза карда шавад. Мавсуф аз зумраи бедортарин ва шуҷоътарин ҷавонмардони қаламрави Хуросон буд, ки барои Истиқлолият мубориза бурда, бадбинии нажодиро маҳкум кард ва дар ҳамин роҳ ба шаҳодат расид. Амир нахустин тоҷике буд, ки ба тахти Афғонистон нишаст, вале зиддияти душманон билохира ӯро на танҳо аз тахт берун кард, балки аз дасти ғосибони Нодиршоҳ кушта шуд. ВАОи маҳаллии Афғонистон менависанд, тӯли ин солҳо ӯро бо номи таҳқиромези Бачаи Саққо ном мебаранд ва ин бори аввал аст, ки тоҷикони Афғонистон муваффақ шуданд ҳақиқати таърихро ошкор созанд ва ин амири кабирро бо ҷаноза ба хок супоранд, чун замоне душманонаш ҳатто нагузошта буданд, ки шоҳро бо ҷаноза гӯронанд.

Душанбе, 01 Август 2016 14:33

Салои СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ҳамаи босмачибадбинон замонасозанд ва яктарафа гап мезананд. Ҳич вақт русҳоро бадгӯӣ накунед. Рус набошад ҳоли мо табоҳ аст. Агар ҳозир Русия набошад, Арабу Афғону Эрон моро бо ҷои кор таъмин кардан наметавонад. Фаромӯш накунед: Ягон вақт Арабу Эрону Афғон бо мо дӯсти ҷонӣ намешавад. Дӯсти ҷонии мо русҳоанд. Агар не, 1,5 миллион муҳоҷир ризқу рӯзиашро аз куҷо меёбад?! Монед, халқи камбағал равад, ризқашро ёбад. Рӯзҳои наздик мӯҳлати депортатсияи ман ба охир мерасад, боз Русия меравам. Дар Русия Тоҷик бо баҳонаи кор, аз тамаддуни Рус бохабар мешавад. Тоҷиконе, ки Русия мераванд, сару либоси хубу тоза доштаву озода рафтор мекунанд. Аз Тоҷикон даъват дорам, ки ҳама урус, ҳатто Жириновскийро эҳтиром кунед.

Мустафо Азизов,

деҳаи Навобод, н.Варзоб

 

Ҷумъа, 01 Июл 2016 17:31

Узви Ихвон-ал-СССР, Шамсулло Акобиршоов, сокини деҳаи Ғунди ноҳияи Дарвоз бо газетаи СССР телефонӣ тамос гирифт ва гуфт, ки ҳар боре СССРро ба даст мегирам, баъзе мақолаҳои босмачинависоннро хонда ба ҳайрат мемонам.

Ҷумъа, 24 Июн 2016 15:20

Узви Ихвон-ал-СССР, Азамат Акобиров, нафақагир аз деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб ба СССР занг задаву гуфт, ки ман аз гуфтори антибосмачиҳои газетаи СССР сахт хаста шудам.

саҳ 7 аз 8

Китобҳо

Flag Counter