ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 31 Май 2016 11:27

Мухлиси доимии газетаи СССР-Абдулҳафиз Зайниддинов, сокини деҳаи Яккатоли ноҳияи Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, ки 8 сол инҷониб босмачибадбину Лениндӯстдорон дар СССР баҳс доранд, аммо ягон суд нест. Аз ҳамаи мубоҳисон хоҳиш дорам, ки баҳсро хотима диҳему дар боби беҳбудӣ, дастовард, камбудию норасоиҳо дар соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ, саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ бигӯеду ба гузашта салавот хонед.

 

Сешанбе, 03 Май 2016 09:22

Қазоқҳое, ки ба онҳо Шӯравӣ Давлат, Забон, Хатти саводу Марз додааст, поси хотири гузаштагони хеш мекунанду дар Тоҷикистоне, ки ҳамон инқилоб Самарқанду Бухорояшро кашида, рӯи 1 қишлоқаке пойтахт ва автономияаш дода буд, то ҳанӯз гузаштаи худро санги маломат задаву босмачиву душмани халқ мехонанд. Тазодд? Оре, аммо факти бегонапарастии мо...

Сешанбе, 12 Апрел 2016 09:21

6.04.2016. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа.

Душанбе, 11 Апрел 2016 14:50

9 сентябри соли 2008 дар рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шумораи ҳафтаномаи СССР рӯйи чоп омадааст. СССР ҳарфҳои кутоҳшудаи сулҳ, садоқат, самимият, раҳоӣ мебошад.

Панҷшанбе, 07 Апрел 2016 09:41

Сӯҳбати сардабири СССР, Сайёфи Мизроб, бо донишҷӯёни ДДМТ роҷеъ ба мавзуъи «Ватанпарастӣ ва патриотизм»

Душанбе, 28 Март 2016 10:39

Айб дар мо нест!

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! 1 донишҷӯдухтар-Фурӯғ Соҳил, шаҳрванди Афғонистон ва имрӯз донишҷӯ дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Рӯдакӣ, чанд шумора пеш дар СССР ҷавонони Тоҷикро паст зада, гуфтааст, ки «ҷавонони ҳозира ба сигареткашӣ, майнӯшӣ ва ба духтарфиребӣ машғуланд». Фурӯғ дар ин ҷо ҷавонони Тоҷикро дар назар дорад, ки комилан хатост. Айб дар ҷавонон не, балки аз духтарон аст. Писаре ба духтар гап партояд бояд он духтар номус дошта бошад ва ба ин ҷавон посухи «обдор»-е диҳад. Аммо чаро Фурӯғ намегӯяд, ки одоби ҷавонони Афғонистон дар қиёс бо ҷавонони мо чӣ тавр аст?

Сангов Ҳайбулло, донишҷӯи бахши журналистика, ш.Душанбе

Ба БДА сипос!!!

Салому дуруд ба газетаи мардумии СССР ва дӯстдорони газета! Имрӯз кӯрнамаконе пайдо шудаанд, ки ободӣ, оромӣ, осоиштаҳолӣ, сулҳу суботи Тоҷикистон ба онҳо намефорад. Ҳайронам, ки чаро ба қадри ин гавҳари ноёб намерасанд? Ҳама шоҳидем, ки имрӯз мардуми Сурия, Ироқ, Афғонистон дар чӣ ҳоланд. Гурезаҳои ин давлатҳо бо хориву зорӣ мемиранд, падару модар хонаву дару фарзандони худро партофта мегурезанд. 1 бор лоақал дар рӯзҳои ҷумъа аз назди масҷидҳои мо гузар кунед, мебинед, ки мусалмонон дар кадом шароит намози ҷумъаро мехонанд. Шукрона бояд кард, ки мо дар давлати тинҷ зиндагӣ дорем. Мо бояд раҳмат ба кормандони БДА, нозирони тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ бигӯем, ки маҳз онҳо дар ғами тинҷии мо ҳастанд!

Иброҳим Исмоилов, директори мактаби №4, н.Хуросон

Ленинбадбинро арвоҳ мезанад!

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман тамоман бо андешаҳои босмачинависони СССР мувофиқ нестам, зеро онҳо аз таърих хабар надоранд. Чаро? Муаллифон менависанд, ки Ленин фалон вақт фармон баровард, лекин барои мани хонанда номаълум, ки Ленин чӣ гуна фармон ва кай баровардааст? Матлабе, ки факт надорад, чӣ хел ба он бовар кунам? Матлаби онҳо сар то по ғалат аст. Ленинро касе бад мегӯяд, ӯро арвоҳ мезанад.

Аслам Ибодов, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ваҳдат

РИШро танқид накунед!

Салом, СССР! Мо албатта Худопарастем! Аммо ришпараст нашавем гуфта, набояд риш ва ришдоронро танқид кунем. Зеро риш гузоштан суннати пайёмбари мо-Муҳаммад (с) аст. Кулли шуарои клоссики Тоҷику форс бо риш ҳусни зебое доштанд. Агар нафаре 1 беришро сарзаниш кунад, ҳамаи беришон ба ғазаб меоянд. Гарчанде ришдорони танбалро дар назар доред, аммо гурӯҳи солеҳашон низ гиламанд мешаванд. Чунки ин хелашон ба маротиб бештар аст. Чаро бо мисраҳои шеърӣ ришро ҳаҷв мекунед? Биёед, бас кунем ҳаҷву танзи РИШро!!!».

Абдусамад Шамсиддинов, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ҳисор

Дивизияи 201 чӣ лозим?

Яккатозии ҳарбӣ-сиёсии ИМАро дар ҷаҳон танҳо метавонад блоки нави ҳарбии ҳамвазни НАТО нигоҳ дорад. Созмони ОДКБро ба иттифоқи нави ҳарбӣ бо аббревиатураи русии НВС-Новый Военный Союз табдил додан ба ҳадафи кишварҳои пророссиягӣ мувофиқ асту ҳоҷат ба Дивизияи 201 намемонад. НВС порсанги муқовимат алайҳи НАТО шуда метавонад? Роҷеъ ба идеяи ташкили алянси нав сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Лякин-Фролов чӣ андеша доранд???

Маннон Набиев, Узви ҲХДТ, ш.Истаравшан

Наврӯзатон муборак!

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ҷумла хонандагони СССРро бо омад-омади Наврӯзи оламафрӯз бо чанд мисраъ шеър таҳният мегӯям. Ман бовар дорам, ки СССР шеъри маро чоп мекунад, агарчи аз камбудиҳо орӣ нест.

Дар кӯҳу дара рез-рези борон аст,

Чак-чаки қатраҳош садои ҳазини ошиқон аст,

Сабзиши гулу лолаҳош пайғоми баҳори шодмон аст,

Баҳор зеб дорад бо рехтани боронаш,

Бо дамидани сабзаву гулҳои хандонаш,

Баҳор зеб дорад бо Наврӯзи бостонаш,

Бо рақсу суруди гулдухтаронаш…

Бурҳониддин Ҳомидов, муаллими мактаби №33, н.Турсунзода, тел: 900 86 56 00



Аҳсан ба Кенҷаев!

Салом, СССРи мардумӣ! Дар бораи мактаби миёнаи №49-и н.Ёвон чанд ҳарфи гуфтанӣ дорем. Директори ин мактаб Раҷабалӣ Кенҷаев ҷавон асту дорои ахлоқи ҳамида ва соҳибэҳтиром. Синфхонаҳои мактаб таъмири хуб дошта, саривақт бо талабагон ва волидайни онҳо ҷамъомадҳои тарбиявӣ мегузаронанд. Иттифоқи ҷавонони мактаб аз синни 17 то 50-соларо ба футбол завқманд кардаанд. Дар ҳар бозии байнимактабӣ хонандагон бо грамотаҳо қадр мешаванд! Раҳбарияти мактаб ният доранд, ки дар ҷашни Наврӯз бозии финалиро байни 18 даста анҷом бидиҳанд… Аҳсан, ба ҷавонмардони миллатдӯст ва патриот!

Сарахон Ғиёсов, Баҳром ва Баҳодур Холов, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ёвон, тел: 93 458 93 18

«Камар»-и  Дюшенро хонед

Салом, СССР! Ба хонандаи гиромии СССР ёдовар шуданиям, ки устод Садриддин Айнӣ-Қаҳрамони халқи Тоҷик романи «Камар»-и нависандаи франсуз-Фердинанд Дюшенро аз ӯзбекӣ ба забони Тоҷикӣ ҳанӯз соли 1928 тарҷума карда буданд. Ин роман барои кулли табақаи хонандагон пешниҳод шуда, метавонед аз куллиёти устод пайдо намоед. Хондан зарар надорад!

Мирзоҳаким Султонзода, деҳаи Хушекат, н.Айнӣ


Ба Худо бовар кунед

Салом СССР! Дар ҷамъияти мо ҳоло ҳам лениндӯстоне ҳастанд, ки на танҳо зидди босмачӣ, ки ҳатто муқобили ягонагии Худованд ҳастанд ва ба мавҷудияту ҳастии Худо бовар надоранд. Наъузанбиллоҳ! Хайр, майлаш, босмачиро, ки зидди болшевикон ҷангидааст, хоин мегӯед, аммо Худованд чӣ коратон кардаст?! Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист. Ҳар фарду ашхос дар ин маврид ихтиёру интихоб дорад. Аммо ман ба онҳо гуфтаниам, ки хуб мешуд, ба Ҳастиву Бузургиву Ягонагии Худованд эътимоду эътиқоду ихлос меоварданд.

Абдуллохӯҷа Мирхӯҷаев, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Кӯҳистони Мастчоҳ

Гуноҳ

Гунаҳ аз мо, вале бахшидан аз Туст,

Камӣ аз мо, вале афзудан аз Туст.

Зи ҳар неку бади ҳастӣ Ту огаҳ,

Зи гумроҳӣ ба растӣ бурдан аз туст.

Гулнора Абдуллоева, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Шаҳритус

 

Чоршанбе, 16 Март 2016 13:32

29.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 11:04 дақиқа. 

Нависандаи шинохтаи Тоҷик Мирзонасриддин Саидов дар меҳмонии газетаи СССР аз нашри романи «Оташ дар хонаи қадим»-аш пайғом дод ва гуфт: Чанд сол пеш дар маҷаллаи Садои Шарқ бо номи «Шаби душвор» повест чоп кардам. Повест дар хусуси сабабҳои ҷанги шаҳрвандии соли 1992 буд. Пас аз чоп ба фикр рафтам, ки асоси ҳамин ҷанг ба солҳои 1920 мерасад. Баъд нишастам ба таҳлилу тадқиқ. Ва 1 романи калон навиштам бо номи «Оташ дар хонаи қадим». Китобро аввал 300 саҳифа навишта, хонаи устод Урун Кӯҳзод рафтам. Он кас гуфтанд: «Ин роман нест, зеро воқеаҳо нопурраанд». Баъд ҷиддӣ машғул шудам. Ба Бухорову Самарқанд, ба Афғонистон рафта, чандин вилоятҳоашро гаштам. Бо онҳое вохӯрдам, ки дар хурдӣ бо Иброҳимбек нишастаанд. Девори Балхро низ дидам. Хуб, омадаму 6 сол аз хона набаромада навиштам. 1 қисмашро Садои Шарқ чоп кард. Ҳоло китоб бо тиражи 500 нусха чоп шудааст. Дар китоб ба ҷанги Иброҳимбек, Анварпошшо, Давлатманд, аскарони сурх, босмачигарӣ, муносибат бо ҷадидҳо… ба диди дигар нигаристаам. Худо хоҳад дар шумораҳои баъдӣ пораҳое аз ин китобро пешкаши хонандаи СССР мекунам. Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 03 Март 2016 12:13

Нахустин чемпиони бокс аз Тоҷикистон аст!

24.02.2016. Соат ба вақти Душанбе 08:23 дақиқа. 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 8 аз 8

Китобҳо

Flag Counter