ХАБАРИ ДОҒ

Назари ман ба босмачизм дигар аст

  • Чоршанбе, Март 16 2016

29.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 11:04 дақиқа. 

Нависандаи шинохтаи Тоҷик Мирзонасриддин Саидов дар меҳмонии газетаи СССР аз нашри романи «Оташ дар хонаи қадим»-аш пайғом дод ва гуфт: Чанд сол пеш дар маҷаллаи Садои Шарқ бо номи «Шаби душвор» повест чоп кардам. Повест дар хусуси сабабҳои ҷанги шаҳрвандии соли 1992 буд. Пас аз чоп ба фикр рафтам, ки асоси ҳамин ҷанг ба солҳои 1920 мерасад. Баъд нишастам ба таҳлилу тадқиқ. Ва 1 романи калон навиштам бо номи «Оташ дар хонаи қадим». Китобро аввал 300 саҳифа навишта, хонаи устод Урун Кӯҳзод рафтам. Он кас гуфтанд: «Ин роман нест, зеро воқеаҳо нопурраанд». Баъд ҷиддӣ машғул шудам. Ба Бухорову Самарқанд, ба Афғонистон рафта, чандин вилоятҳоашро гаштам. Бо онҳое вохӯрдам, ки дар хурдӣ бо Иброҳимбек нишастаанд. Девори Балхро низ дидам. Хуб, омадаму 6 сол аз хона набаромада навиштам. 1 қисмашро Садои Шарқ чоп кард. Ҳоло китоб бо тиражи 500 нусха чоп шудааст. Дар китоб ба ҷанги Иброҳимбек, Анварпошшо, Давлатманд, аскарони сурх, босмачигарӣ, муносибат бо ҷадидҳо… ба диди дигар нигаристаам. Худо хоҳад дар шумораҳои баъдӣ пораҳое аз ин китобро пешкаши хонандаи СССР мекунам. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter