ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 14 2019

Шоми 13.06.2019 Асадулло Сӯфиев аз олами сифлӣ бибридаву бар олами улвӣ васл гардид. Ҷанозаи марҳум дар масҷиди Сари Осиёи пойтахт, дар намози Ҷумъа баргузор мегардад. Худо раҳмату мағфират кунад. Омин!

Факултаи филологияи Тоҷики Университети Давлатии ба номи В.И.Ленин (баъдан ДДМТ) чанд шоҳсутун дошт:

-Профессорон Тоҷиев, Асрорӣ, Ҳусейнзода, Маҳмуд Давлатов, Хаскашев, Эргаш Шоев, Асадулло Сӯфиев, Раҳими Мусулмониён...

Бо шунидани номи шарифи устод Сӯфиев ханда бар лаб беш аз 70.000 хатмуттаҳсилини ин факулта дар тӯли 69 соли ахир, ҳатман қиссаи мазкурро пеши назар меоранд, ки боре ӯ ба нишони эътироз ба профессор Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ гуфта буд:

-Асрорӣ! Ғазалро на ту дониву на ман!!!

Ӯ ғаввосе буд, ки дар такхонаҳои андешаи миллат фурӯ мерафт ва дурдонаҳои фолклор ҷамъовар менамуд. Хидмате, ки профессор Асадулло Сӯфиев барои эҷодиёти даҳонии халқ-фолклор кардааст, шояд дар 1000 соли баъдӣ касе карда натавонад. 

Бо тамомии лаҳҷаҳои Тоҷикистони азиз сӯҳбат мекард ва ту гӯӣ зодаи ҳамон деҳаву қишлоқ аст. Рубоиву дубайтиҳои ҳама маҳаллаҳои Тоҷикистонро бо диалекти вежаи ҳамон маҳалла месуруд...

Даҳҳо ҳазор шогирд тарбият кардааст. Бо бовар метавон гуфт, дар тӯли 70 соли ахир тамомии филологҳои мо шогирди ӯ буданд ва ҳама дӯсташ медошт. Зеро чӣ будани “тағо”, “через”, ришваву фасодро усулан намедонист!

Коммунисти поквиждон ва матинирода буд. То лаҳзаҳои ахир бар ормонҳои Марксу Энгелсу Ленин содиқ монд...

Соли 1992, вақте Ҳукумат дар дасти оппозитсияи исломӣ буд, бо устод, дар хонааш сӯҳбате доштам, ки баъдан дар газетаи “Тоҷикистон” (сардабираш Насрулло Асадуллоев) бо номи “Мо ҳатман ба сотсиализми сталинӣ бармегардем” нашр шуд. Дар ана ҳамон шабу рӯзи муҳлик, ки таассубгароёни исломӣ дилхоҳ муддаиро мепарронданд, устод сарҳетан “қозии мусалмонони ҷумҳурӣ, Тӯраҷонзода, Сайид Абдуллои Нурӣ, Шодмон Юсуф” ва ҳама дастандаркорони табаддулоти давлатиро сахт танқид кард. Ин кор дар он соли пурдаҳшат заҳраи Шер талаб мекард, ки устод онро дошт!

Ҳамон сол, Сӯфиев ягона интеллигент буд, ки ба парлумони кишвар зада даромад, минбарро ба даст гирифт ва сӯи аҳли толор гуфт:

-Ватанро нафурӯшед. Шуморо садқаи сухани ҳаққ кунад! 

Ва баромада рафт. Ҳини баромадан афзуд: 

-Сари кишварро мехӯред...

Хеле нотарс ва муҳимтар аз ин ИНСОН бо ҳарфи бузурге буд. Садҳо саҳифа камӣ мекунад, то 1 сифати устодро ин ҷо ҳаккокӣ кунем. 

Танҳо 1 нукта, ки дар пахтачинӣ аз субҳ то шом бо студентон буду барои мо рубоиву дубайтии халқӣ мехонду мисли дигар муаллимин дуртар не, ки назди мо нишаста, аз 1 табақ ғизо мехӯрд...кофист, то абадан номаш дар тафаккуру симояш дар чашм ва муҳаббаташ дар дилҳои мо-донишҷӯёни асри ХХ абадан маҳфуз монад.

Ҷоят ҷаннат ва хонаи ахиратат обод бод, устоди фавқулодда маҳбуби мо...

С. Мизроб

Аз номи куллияи хатмуттаҳсилини факултаи филологияи Тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин

 

Ҳолномаи Сӯфизода

Профессор Асадулло Сӯфизода 20.03.1932 дар деҳаи Баландчашмаи н.Данғара ба дунё омадааст. Соли 1956 факултаи таъриху филологияи УДТ-ро (ҳоло ДМТ) ба итмом расонда, дар Донишкадаи давлатии педагогии ш.Кӯлоб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Солҳои 1958-1962 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ кор карда, ҳамзамон дар аспирантураи он хондааст. Аз соли 1963 дар кафедраи фолклор ва адабиёти УДТ корро шурӯъ намуд ва қариб ним аср ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон шуғл варзид. Баробари фолклоршиносӣ ба адабиётшиносӣ, шевашиносӣ, усули таълими адабиёт, танқиди адабӣ шуғл варзида, беш аз 300 таълифот ба нашр расондааст. Хидматаш бахусус дар таҳқиқи жанри фолклории чистон бебаҳост.

Маҳсули Сӯфизода:

Сӯфизода, А. Инъикоси воқеияти советӣ дар фолклори тоҷик. – Душанбе. – Ирфон, 1977.

Сӯфизода, А. Фолклор - афкори  эстетикӣ ва иҷтимоӣ халқ: Сарсухан аз И.С. Брагинский. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 223 с. Китоби дуюм.

Сӯфизода, А. Фолклор - санъати сухан. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 205 с.

Сӯфизода, А. Таҳаввулоти назми шифоҳии тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1992. – 272 с.

Сӯфизода, А. Фолклор-ҳамрадифи таърих. – Душанбе: Адиб, 1994. – 108 с.

Сӯфизода, А. Фолклор маҳзани сухан. – Душанбе: Адиб, 2007. – 112 с.

Сӯфизода, А. Фолклор ва воқеият. – Душанбе, 2008. – 112 с.

Сӯфизода, А. Сухан ҷавҳари фикр: Эҳдо ба шастсолагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2009. – 109 с.

Сӯфизода, А. Оид ба таълими чистонҳои халқӣ дар мактаб // Мактаби советӣ. – 1963. – №10. – С.16-18.

Сӯфизода, А. Мирзо Турсунзода ва эҷоди халқ // Садои Шарқ. – 1981. – №8. – С.119-128.

Сӯфизода, А. Ленин падари халқи ҷаҳон аст: Ба пешвози 113 – солагии В.И. Ленин // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 20 март.

Сӯфизода, А. Ситоиши қаҳрамонони ватан дар фолклор // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 12 апрел.

Сӯфизода, А. Аз кафши Карим-Девона то тавсифи Сафар Махсум // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 9 декабр.

Сӯфизода, А. Вақти бараҳна гуфтан аст…: Роҷеъ ба поси хотири бузургони илму фарҳанг // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 19 январ.

Сӯфизода, А. Дӯш мекардӣ ҳисоб…: Оид ба робитаи риёзиёт бо адабиёти  классикӣ // Омӯзгор. – 1994. – 9 феврал.

 

Ҷумъа, Июн 07 2019

Надид ӯ дар ҷаҳон инсони бадро,

Адабро ҷусту пайдо кард абадро.

Бихонам "Қул ҳуваллоҳу аҳад"-ро,

Худо раҳмат кунад Султон Ҳамадро!

(Хайрандеш)

 

Ӯ ягона нафаре буд, ки баъди тақсимоти ҳукумати 30%-а думболаи нафсу курсиву мансаб нарафт, ҳол он ки метавонист дилхоҳ маснадро баргузинад, зеро аз ангуштшумор афроди донишу ҳушманди собиқ ОТО буд. Шикастанафс, софдил, поквиждон, ҳирфаӣ, бебок, хушқалам, профессионал, ИНСОН.... 

Султон Ҳамади 68-сола, журналисти маъруфи тоҷик, ки аз саратони меъда ранҷ мекашид, шоми 6.06.2019 дар манзилаш, дар ш.Душанбе фавтид.

Cултони Ҳамад 3.04.1952 дар н.Тавилдара (ҳоло Сангвор), дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. С.1969 мактаби миёнаро дар н.Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) хатм карда, с.1974 риштаи филологияи тоҷики ДДД (УДТ) ба номи В.И.Ленинро хатм кард. С.2002 як силсила очеркҳояш таҳти унвони «Аз Ардашер то шери Панҷшер» дар шакли китоб аз сӯи нашриёти «Ирфон» ба табъ расид. С.2005 китоби дигараш бо номи «Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо» дар нашриёти «Деваштич» аз чоп баромад. Соли 2007 ду китоби дигари ӯ «Дар сӯҳбати соҳибдилон» ва «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» аз сӯи нашр.«Деваштич» ва китоби дигараш таҳти унвони «Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон» дар типографияи хурди Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ба табъ расид. Дар с.2012 китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ва нашри 2-уми «Султони қалбҳо» дар нашриёти Бухоро чоп шуданд. Китобҳои «Бурхи Валӣ-дӯсти Худо» (нашр."Истеъдод”) ва «Дар пайраҳаи нур» (нашр."Муаттар”) с.2013 нашр шудаанд.

Анд китоби дигари Султони Ҳамад бо номҳои «Сулҳ ҳадяи Худо буд», «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», «Босмачӣ хоин буд, ё ватанхоҳ?», «7+33=Сулҳу оштӣ» (Шарҳу тафсири 40 мулоқоти роҳбарони ҷонибҳои сулҳкунанда дар раванди гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон), «Афғонистон баъди Толибон», «Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат», «Лаби дарёи Ому» (Аз дафтари назм) омодаи нашранд.

Шодравон дар даврони Шӯравӣ дар КБД (КГБ) кор мекард. Солҳои 1990-92 сардори шуъбаи КГБи ноҳияи Қубодиён буд. Ба Афғонистон гуреза шуд ва роҳбарии бахши амнияти ИНОТ (ОТО)-ро ба ӯҳда дошт. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон чанд сол сухангӯи Комиссияи оштии миллӣ, баъдан сардабири нашрияи “Наҷот” буд. 

Баъдан хабарнигори махсуси Радиои Озодӣ дар Афғонистон шуд (2004-2005). Сипас кори расмиро хатм ва чун журналисти мустақил фаолият кард. Сардабири сомонаи “Рӯзгор ва газетаи ҳамномаш буд. Пажӯҳишгар, тадқиқотчӣ, муаррих ва публитсист.

 

Равонаш шоду хонаи ахираташ обод бод. Омин. 

 

Сешанбе, Июн 04 2019

20 май агар 2 абармарди адабиёти муосири тоҷик устодон Лоиқ ва Қаноат ба дунё омада бошанд, дар ин сана, яъне 20 май фарзонафарзанди адабиёти навини мо Сайф Раҳимзоди Афардӣ ин оламро абадан падруд гуфтааст.

Дирӯз дар оромгоҳи Лучоб бахшида ба зодрӯзи устодон Лоиқу Қаноат шоирон ва аҳли адаб, инчунин омӯзгорону толибилмон аз муассисаҳои гуногуни пойтахт ҷамъ омада буданд. Даврагардонии маҳфилро шоири тавоно Хайрандеш ба ӯҳда доштанд. Мо-чанд рафиқ аз шеърхониву сухангӯиҳои иштирокдорон ҳаловат мебурдем. Нафаре, ки ИНТро намояндагӣ менамуд, ба мазори устодон Лоиқу Қаноат гул гузошту дар бораи бузургии шахсияту шеъри онҳо сухан ронд, аммо аз Сайф на ёдоварӣ намуду на гулгузорӣ. Ин амали намояндаи Иттифоқ ва дигар шоирону аҳли адаб маро ба хулосае овард, ки агар дар сари оромгоҳ ягон хешу ақрабо бошанд мардум аз ту ёдоварӣ мекунанд, агар на, ҳатто номатро намегиранд. Имрӯзҳо шоирону нависандагони мо даст ба сина кӯфта мегӯянд, ки ҷавонону наврасони имрӯз қаламкашонро намешиносанду қадрашон намекунанд. О, аҳли қалами азиз, дар ҳоле ки шумо аз ҳамқаламу ҳамалами хеш ёд ва қадр намекунед ва ба насли нав муаррифияш намесозед, дигар куҷо насли наврасу ҷавонон аз шумову маҳсули эҷоди шумо ёдовариву қадрдонӣ кунанд?

Ҳамаи баромадкунандаҳо танҳо аз Лоиқу Қаноат мегуфтанду таҳсин мехонданд, ки ба адабиёти навини мо навгониҳои хоса ворид намудаанд. Магар Сайф навгониҳо ворид насохтааст, магар Сайф роҳи худро надошт дар адабиёти мо?! Нигоҳи нав ба адабиёт, тарзи тозаи тасвири бадеӣ, интихоби қаҳрамон, сужасозӣ, типпикунонӣ, фантазия ва тахаюлу образофаринии ҷадид навиштаҳои Афардиро аз дигар навиштаҳо фарқ метавон месохт. Гузашта аз ин, ӯ бо тафаккури нав ба синамои тоҷикӣ нуфуз карда, дар доираҳои ҳунарӣ то ҳол сухан аз дидгоҳи вижаи тахассусии ӯ меравад. Муҳити маърифатӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар аз нависандаи мумтози муосир, ки бо сабки хос ба майдони адабиёт ва ҳунар пой гузошт, умедҳои зиёд дошт. Мутаассифона, миллати тоҷик ин чеҳраи бузурги фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабиро хеле барвақт аз даст дод...

Ёду номи Афардӣ гиромӣ бод! Бас аст минтақабозиҳои мо аз шоиру нависанда сар карда то журналисту футболист ҳама зодаи 1 хоку 1 марзу бум ва 1 меҳанем, ки онро ном-Тоҷикистон аст. Ва Сайф ҳам 1 нафари деҳқон ё фурӯшандаи бозор набуд, ки ба зудӣ фаромӯш созем. Баръакс, эҷодиёти чунин абармардон, шоҳписарони аслии адабиёти муосири тоҷикро қадр ва тарғиб намоем.

Эраҷ Раҳматзода, ш.Душанбе

 

Панҷшанбе, Май 30 2019

Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст барои рушди инфрасохтори мавзеи таърихии «Чилучорчашма» 2 миллион доллари ИМА ҷудо кунад. Ғайр аз ин дар назар аст, ки аз ҷониби ин бонк боз 2 мавзеи таърихии кишвар-мақбараи «Хоҷамашҳад» ва маҷмааи археологии «Ҳулбук» низ таҷдид гарданд. Маблағи умумии барои таҷдид ва рушди инфрасохтори ин 3 мавзе ҷудошуда $ 3,4 миллионро ташкил менамояд. Тавре ба СССР аз маркази матбуоти МИҲД Хатлон хабар доданд, ин маблағ тавассути гранти лоиҳаи «Рушди иқтисодии маҳалҳои деҳот»-и Бонки ҷаҳонӣ ҷудо мешавад. Масъулони шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ иброз доштанд, ки ҳафтаи гузашта дар ҳукумати вил.Хатлон дурнамои ҳамкориҳо бо намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодии маҳалҳои деҳот” баррасӣ шуд. Андреа Далл, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки вил.Хатлон имкониятҳои зиёди агросаноатӣ, аз ҷумла, оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, мавзеҳои сайёҳӣ, манзараҳои зебою обод дорад ва мақсади мо тариқи лоиҳаи таҳияшудаистода ободонии деҳот, пайгирии амалҳои созанда дар радифи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад. Дар мулоқоти мазкур иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳа 2 қисмро дар бар гирифта, қисми аввал коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-агробизнес ва қисми дуюм рушди сайёҳӣ мебошад. Зимнан ба “Чилучорчашма”, “Ҳулбук” ва “Хоҷа-Машҳад” тибқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ маблағҳои грантӣ мутаносибан 2.000,000, 1.000,000  ва 400.000 доллари ИМА ҷудо хоҳад шуд. 

Дар рафти амалишавии лоиҳаҳо истифода аз маблағҳои грантӣ обектҳои сайёҳии мавҷуда ва роҳҳои автомобилгард низ бо гузоштани роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои стандарти ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешаванд. Роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои сайёҳӣ бо 3 забон омода шуда, дар роҳраву мавзеъҳои сайёҳӣ насб мегарданд, то ба сайёҳони хориҷӣ дастрасу муфид буда, аз ҷойгиршавии мавзеҳои таърихӣ онҳо бохабар бошанд. Зебонисо Холова, мутахассиси пешбар оид ба ёдгориҳои таърихии Раёсати фарҳанги вил.Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, боиси хушҳолист, ки ин мавзеъҳои таърихиро бозсозӣ мекунанд. Ӯ афзуд бо ин пул метавон меҳмонхонаҳои замонавӣ барои сайёҳон ва ҳавзи шиноварии занонаву мардона низ атрофи онҳо сохт. Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки “Ҳулбук”- пойтахти пешинаи Хуталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳо Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хуталон ба ҳисоб мерафт. Хушбахтона, баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим-шаҳри Ҳулбук эҳё шуда истодааст. Маҳз ба хотири бузургдошт ва аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва барои эҳё намудани ҳисси баланди миллӣ-ватандорӣ, мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст, ки ин муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонист.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, Май 24 2019


  Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе боғи нав, ки дар буриши кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, гузаргоҳи дуюми Мирзо Турсунзода ва Шарифҷон Ҳусейнзодаи н.Шоҳмансур дар қитъаи замини масоҳаташ 4,3 гектар бунёд ёфтааст, ба «Боғи Куруши Кабир» номгузорӣ мегардад.
   Инчунин, гуфта мешавад, ки тибқи лоиҳа дар «Боғи Куруш» муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддин Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собирова гузошта шуда, «Боғи Куруши Кабир» дар масоҳати 4,3 гектар ба мувозинати МИҲД н.Шоҳмансури ш.Душанбе вогузор мегардад.


Панҷшанбе, Май 23 2019


    Рӯзи 20.05.2019 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе маросими баимзорасонии Қарордод байни МИҲД ш.Душанбе ва Маркази байналмилалии Чин оид ба мубодила дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба татбиқи лоиҳаи таъмини Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" бо Студияи сайёри телевизионии рақамӣ доир гардид.
    Тавре сомонаи МИҲД ш.Душанбе хабар медиҳад, қарордоди мазкур дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои техникӣ-иқтисодӣ байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз 20.05. 2013 дар хусуси татбиқи амалии Лоиҳаи "Мукаммалгардонии сатҳи техникии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе" ба тасвиб расид. Санадро муовини якуми раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин  директори Маркази байналмилалии Чин оид ба мубодила дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ян Дун  ба имзо расонданд.
    Қобили зикр аст, ки гурӯҳи  кории мутахассисони ширкати "МЕНЕСО" -и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои техникӣ ва имзои Қарордоди татбиқи лоиҳа дар давраи аз 15 май то 22 майи соли 2019 дар Тоҷикистон меҳмон буданд. Мутахассисони Чин масъалаҳои вобаста ба омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ, роҳҳо, муҳлат ва тартиби таҳвили таҷҳизот аз Чин ба Тоҷикистон ва дигар мавзӯъоти марбут ба татбиқи Қарордоди мазкурро мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар назар аст, ки таҷҳизоти Студияи сайёри телевизионии рақамӣ то моҳи сентябри соли 2019 ба шаҳри Душанбе таҳвил дода мешавад.
 


  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 45

Китобҳо

Flag Counter