ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 11 2017

Зевар Давлатзода, директори Муассисаи давлатии «ТВ «Сафина» мегӯяд, ки бо тавсия Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон барои пайдо намудани чеҳраҳои нави телевизионӣ ТВ «Сафина» рӯзи 16.01.2017 озмун эълон кардааст. Озмун дар 3 марҳала баргузор гашта аъзои ҳакамон беҳтаринҳоро аз рӯи нутқи сухан, муошират, симои телевизионӣ ва гуфтори адабӣ ба ҳайси баранда қабул хоҳанд кард.

Чуноне ки Зевар Давлатзода рӯзи 11.01.2017 зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ба фаъолияти наттоқон ва барандагоне, ки айни замон дар ТВ «Сафина» кор мекунанд, алакай 10 сол пур мешавад ва телевизион имрӯз ба чеҳраҳои нав ниёз дорад.

 

СССР 

 

Панҷшанбе, Дек 15 2016

Дар тамоми шаҳрҳои пешрафтаи дунё ҷойҳои махсуси таблиғотӣ (рекламавӣ) мавҷуд аст. Ширкате мехоҳад молу маҳсулоти худро дар маърази мардум ба намоиш гузорад ва ба ин тартиб молу ашёи худро таблиғ намояд, аз ин ҷойҳо истифода менамоянд. Дар ш.Душанбе низ тахтаҳои таблиғотӣ хеле зиёданд ва барои мубаллиғон бо чунин ишора: «Ҷой барои рекламаи шумо» омода кардаанд. Дар баъзе овезаҳо манзараҳои зебои диёри азизамон, инчунин рекламаҳо аз ширкатҳои дохилӣ бо тарҳи хубу ҷолиб ба намоиш гузошта шудааст. Ширкати «Билайн», ки дар ҶТ фаъолияташ хеле доманадор аст, бо тавонмандиаш метавонад бисёре аз корҳои ба манфиати забону фарҳанги мо фоидаоварро ба роҳ монад. Инчунин ин ширкат агар як манзараеро ба намоиш гузорад, дарҳол дар тамоми ҷумҳурӣ пахш гашта, муштариёни худро аз ин дастовард ё имтиёзи тарофаҳои худ огоҳ месозад. Ин хуб аст, аммо!

Ҷумъа, Дек 09 2016

8 декабр дар мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода-вазири фарҳанги ҶТ бо мудири шӯъбаи масоили экология ва рушди устувори Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд-Дебора Коузинс, мутахассиси пешбари ин бонк дар Тоҷикистон Ҷамшед Раҳмонбердиев ва таҳлилгари Бонки Аврупо Шаҳноза Солиева тақдири муҷассамаи Абӯалӣ Ибни Сино мавриди баҳс қарор гирифтааст. Тибқи тарҳи бозсозии роҳе, ки аз паҳлуи ҳайкали Сино дар гардиши маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе мегузарад, қарор аст, дар ҷои ҳайкал гузаргоҳи зеризаминӣ бисозанд ва ҳайкали Синоро аз инҷо бикӯчонанд. Орумбекзода дар сӯҳбат гуфтааст, ҳайкали Синоро бе ягон осеб ба муҳити зист ва арзиши ин мероси фарҳангӣ хоҳанд кӯчонд. Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ҳайкали Сино ба маҳалли 81-уми пойтахт ба қисмати ғарбии хиёбони Сино кӯчонда шуда, дар наздикии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки низ номи Синоро дорад, гузошта мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Панҷшанбе, Нояб 24 2016

Гуруғлисарои шинохтаи тоҷик, Ҳотам Ҳакимови 91-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки 60 соли умри худро сарфи гуруғлисароӣ кардааст, ба маҳфилҳои гуруғлисароии ИМА ва Ҳиндустон даъват шудааст. Аз Вазорати фарҳанги ҶТ гуфтаанд, ки ӯ ин даъватро баъди ширкат дар ҷашнвораҳои байналмилалии гуруғлисароии Русияву Туркманистон гирифтааст. Бобои Ҳотам гуфтааст, ки 6 банди достони машҳури Гуруғлиро аз ёд медонад ва ин гуруғлихониро аз бобояш-Лойи Кучакшо омӯхтааст.

 

Душанбе, Нояб 21 2016

18.11.2016. Соат ба вақти Душанбе 13:30 дақиқа.

Душанбе, Нояб 07 2016

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ваъда дод, ба муаллимоне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои байналхалқӣ ҷойҳои аввалро мегиранд, мукофотҳои калони пулӣ инъом хоҳад кард. Ӯ ин нуктаро дар сафари кории хеш ба Панҷакент баён дошт. Қодирӣ афзуд, ба хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ талабагоне, ки ҷои аввалро мегиранд 50000 сомонӣ, ҷои дуюм 30000 сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷои сеюмро соҳиб мегарданд, 10000 сомонӣ мукофоти пулӣ ҳадя мекунад. 

- Ин маблағҳо ба устодону шогирдон баробар тақсим мешавад. Хонед, ҷой гиред ва соҳиби тӯҳфа гардед. Ин имконият ва ҳавасмандкунӣ аз тарафи ҳукумати вилояти Суғд ба шумо фароҳам мешавад - гуфт раиси вилоят. Қодирӣ аз сатҳи саводи хонандагон изҳори норозигӣ намуда афзуд, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф зиёд аст, вале аз мактабҳои Панҷакент иштироки хонандагон ба олимпиадаҳо ғайриқаноатбахш аст.

 

саҳ 62 аз 75

Китобҳо

Flag Counter