ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Окт 17 2016

Синамобазми 7-уми имсолаи «Дидор» дар Душанбе бо намоиши филми «Братан»-и коргардони шинохтаи Тоҷик Бахтиёр Худоназаров шоми 16.10.2016 ифтитоҳ гардид. Дар ин синамобазм, ки аз 16 то 20 октябри соли ҷорӣ идома меёбад, ба ҷуз ин филм боз 3 филми дигари коргардони шодравон – «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ» ва «Дар интизори баҳр» намоиш дода хоҳад шуд. Бояд қайд намуд, ки коргардони шинохта соли гузашта бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои Олмон вафот карда буд.

Ҷумъа, Окт 14 2016

Фардо, 15 октябр дар ш.Қӯрғонтеппа Иди Меҳргон чун анъанаи қадима бо тантана ва ҳашамати хос ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон аз замонҳои пеш ҳамчун иди ҷамъоварии ҳосил дар байни аҷдоди мо таҷлил мешуд. Дар даврони шуравӣ ин иқдом қариб аз байн рафта буд. Таҷдиди ҷашни Иди Меҳргон бо ташаббуси Сарвари кишвар-Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар анъанаву маросими қадимаи аҷдодӣ аз нав зинда карда шуд ва ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҷашн гирифта мешавад. Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят дастовардҳои истеҳсолӣ ва хоҷагии қишлоқро мавриди намоиш гузошта, пешкаши сокинони вилоят месозанд. Баъди анҷоми намоиши маҳсулоти хӯрокворӣ, дар «Кохи Лоҳутӣ» бахшида ба таҷдиди ин ҷашн чорабинии фарҳангӣ барпо мегардад. Мақсад аз зинда намудан ва таҷдиди ин Ид ва дигар анъанаҳои миллӣ ин албатта боз ҳам муттаҳид кардани сокинони кишвар дар роҳи созандагӣ ва пешрафти давлати тозаистиқлоламон аст.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, Окт 12 2016

Ҷумъа, Окт 07 2016

«Оташгиёҳи миллат» чунин унвон дорад, маҷмӯаи мақолаву шеърҳо ва меҳрномаи дӯстону шогирдон, бахшида ба 80-умин солгарди адабиётшиноси варзида устод Валӣ Самад, ки аз ҷониби нашриёти «Бухоро» нашр шуд. 

Китоби мазкур аз мақолаву шеърҳо, нақду барассӣ ва меҳрномаҳое фароҳам омадааст, ки ба муносибати 80 – солагии олими маъруф, адабиётшинос ва равобитшинос, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, узви ифтихории Иттифоқи Нависандагони Озарбойҷон, Ходими илмии пешбари шӯъбаи таърихи адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИҶТ устод Валӣ Самад бахшида шудааст. Дар китоби мазкур матолиби хубу хондании академикҳо Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҷаб Амонов Акбари Турсон, устодон Сотим Улуғзода, Мӯъмин Қаноат, Абдунабӣ Сатторзода, Ардамеҳр, Шарифмуроди Исрофилниё, Зиё Абдулло, Пайванди Гулмуродзода, Анзурати Малкзода ва шеърҳои Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Камол Насрулло, Гулназар, Салими Зарафшонфор, Алӣ Бобоҷон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигар чеҳраҳои шинохтаи илму адаб гирдоварӣ шудааст, ки роҳи дар зиндагӣ ва илм тайкардаи ин муҳаққиқ пуркори тоҷикро мавриди таҳлилу барассӣ қарор медиҳад.  

Валӣ Самад яке аз олимони шинохтаи тоҷик буда солҳи зиёд равобити адабии тоҷикону қафқозиҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст. Ӯ муаллифи китобҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озарӣ дар садаи XIX», «Тӯшаи ҳамдилӣ», «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз», «Дурахши як ахтари сӯзон» (дар ду ҷилд), «Бозгашт ба Эроншаҳр», «Шоҳномаи Фирдавсӣ ва Чернешевский» ва рисолаву мақолаҳои фаровони дигар мебошад. 

Ҳамчунин соли равон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо фармони президенти Тоҷикистон ба нишони сарисинагии «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.  

Одили НОЗИР,

журналист

 

Чоршанбе, Окт 05 2016

Амируллои Асадулло, раиси ш.Қӯрғонтеппа имрӯз, зимни баргузории 1 маҳфили шеъру суруд бо номи «Забон-пайванди ҷон» сокинони ин шаҳрро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик намуда ба 3 озмун-назму наср ва қироати шеър, ки бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ эълон шуда буд, ҳусни хотима бахшид. Дар ин маҳфил ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР бо роҳбарии сардабири он Сайёфи Мизроб низ ширкат доштанд. Аъзои ҳакамони ин озмун аз байни  20 нафар ширкатдорони бахши наттоқӣ Марҳабо Рамазонзода, корманди телевизиони вилояти Хатлон ва Афсонаи Умар, хонандаи мактаби миёнаи №12-и ш.Қӯрғонтеппаро ғолиби ин озмун дониста эшонро бо мукофотҳои калони пули шаҳрдорӣ сарфароз намуданд. Бояд қайд намуд, ки ин 2 нафар аз ҷониби ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР низ лоиқи мақоми беҳтарин гашта зимни суханронии хеш дар маҳфил С.Мизроб таъкид дошт, ки Марҳабо ва Афсона ҳамчунин бо ҷоизаи махсуси газета мукофонида хоҳанд шуд. Дар идомаи ин маҳфил С.Мизроб ба Муҳаммадшариф Саъдуллоев, раиси корпоратсияи «Рушди Хатлон», ки яке аз соҳибкорони ҷавони ин минтақа аст ва ғолиби лоиҳа-озмуни «25 тоҷири муваффақи 25 соли истиқлоли Тоҷик» гаштааст, Дипломи махсус ва тӯҳфаи рамзии газетаи СССР-ро ботантана супорид. Тӯҳфаҳои дигари шаҳрдории Қӯрғонтеппа ба ғолибони бахшҳои назму наср низ аз ҷониби А.Асадулло ирсол гаштанд. Зимнан, А.Асадулло, ки худ шоир аст, новобаста аз кор, ба фарҳангу адабиёт таваҷҷӯҳи хоса дорад.

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

саҳ 63 аз 75

Китобҳо

Flag Counter