Ҳафтаи пор ҷое таваққуф кардем, ки Алии Беҳудуд худро «қурбонӣ» кардаву барои шиносоии бештар бо қавми ҷӯгӣ розигӣ дод, то хун супораду лӯлибаччаҳо моро ба Ҷӯгиқишлоқ, ки ҳоло номи Заркорон дорад, оваранд. Ку бинем, ин ҷо ману хонандаи моро чӣ интизор аст? Мо Метавонем!
Дар меҳмонии ҷӯгӣ
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 07:31 дақиқа. Бо нидои «расидем!» Амриддин маро манъ мефармояд.
Дарвозаи бузурги рангзада кушода мешавад ва мо вориди ҳавлие мегардем, ки дар камбизоатӣ ба чархи фалак сӯз медиҳад. Ҳавлии ноҳамвор, шиғҳои шалақ, пали пиёзу гашнизи кӯчакак, дару девори рехтаву бехта, ки аз умқи бенавоӣ дарак медиҳанд. Ту гӯӣ, ман аз асри 21 ба асри 17 ё 18 убур кардаам. Гаранг мемонем. Аз хоначаи рангзадаву бомаш футур ва деворҳояш хам зада, 1,2,3....даҳҳо кӯдаки майда-майда мебароянд. Аксарият духтараканд.
Ин замон маро ба хотир ҳушдори ҳамон ширфурӯш мерасад, ки “ҷӯгиҳо бештар духтар мезоянд, зеро занон бештар талбандагӣ мекунанд!”.
Мегӯянд, дар урфи ҷӯгӣ зан дар шаби никоҳ савганд мехӯрад, ки то мурдан шавҳарро мехӯронаду мепӯшонад. Ин аст, ки дар миёни лӯлӣ моногамия қариб нест. Полигамия ҳукмрон аст. Вале ин сирру асрорест, ки лӯлиҳо ҳаргиз фоши авлоди тоҷик намесозанд. Метавонанд! Сирпаноҳанд охир!!!
Вале ҷӯгиҳои пешин, Полвон-оқсақол ва Бибӣ Фотимаи фолбин, дар ин бора 3 даҳсола пеш бо ман нақл карда буданд. Онҳо, ки нотарстар буданд, дигар нестанд. Инҳо мулоҳизакоранд. Сирашонро ифшо намесозанд...
Авлоди мулоҳизакор
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 07:33 дақиқа. «То омадани табар кунда меосояд!»-барои хабарнигори СССР чунин нест. Зимнан, мову Алӣ зуд ба чақ-чақ медароему лӯлиҳоро ба сӯҳбат даъват мекунем. Ҷӯгиҳо хеле оҳистакоранд ва бо шубҳа ба мо менигаранд. Қавоқи гирён мепурсанд, ки чӣ кор дорему чаро омадаем? Амриддин мегӯяд хунгирӣ.
-Шохамон шикастагӣ – мегӯяд ҷӯгизане, ки то ҳанӯз ба мо бовар надорад. Мо пофишорӣ мекунем, ки шох ёб.
-Аз куҷоед?-мепурсад лӯлизане, ки баъдан худро Ҳалима-бибӣ муаррифӣ кард. Воқеан ҳам Ҳалимаи 67-сола духтари хурдии ҳамон Полвони таърихист, ки авлодро сарбон будӣ. Мегӯем аз Кӯлоб! Қавоқи зан кушода мешавад. Вале боз ҳам мепурсад:
-Милиса-пилиса набошед?
Мегӯем не, милиса ҳам нестему пилиса низ. Ва боз дар ҳоле, ки Алии Беҳудуд бо “жаргони хулиганҳои кӯлобӣ” сӯҳбатро шуруъ менамояд, қавоқи ҷӯгиҳо кушодаву чақ-чақ оғоз мешавад.
Бори дигар дар бораи стоянкаи ҷӯгиҳо
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 07:40 дақиқа. Аз сӯҳбат маълум шуд, ки аз истгоҳи ҷӯгӣ-қишлоқ ба тамомии самтҳои водии Кӯлоб-Данғара (30), Фархор (25), Ҳамадонӣ (20), Кӯлоб (10), Шӯрообод (20), Муъминобод (25), Даштиҷум (30), Дарвоз (50), Ванҷ (50), Хоруғ (70) тангемкаву таксиҳо мераванд. Дар қавсайн нархи роҳкиро омадааст. Ва ин аст, ки авлоди лӯлӣ садҳо тан ронандагони авлоди тоҷикро соҳиби нон кардаанд.
1 ронанда ҳатто гуфт, “вақте ин ҷо ба кор омадам, дар тан 1 эзори тику 1 ҷома доштам. Ҳоло шукри Худо ва шукри авлод, соҳиби ҳама чиз шудам! Хонаву дар сохтам, духтару писарамро тӯй кардам. Шукри ҷӯгӣ. Ҳич гоҳ мо -ронандагонро фиреб намекунанд. Субҳ мебарему инҳо ҷӯгигарӣ мекунанду мо “отдых”. Бегоҳ, соати 16:00 ҳатман бояд дар ҳамин стоянка бошем. Зеро онҳо ашёи талбидаашонро мефурӯшанд ин ҷо”.
-Ба кӣ?
Ба ин суоли мо ронанда аввал ханда карда, сипас посух мегӯяд:
-Ба кӣ мешуд? Ба тоҷикон! 1 кг гандум 3 сомонӣ, 1 кг орд 3 сомонӣ. 1 халтаи 50 кг мешавад 150 сомонӣ. Дар бозор чанд аст гандум? 250-260 сомонӣ. То-та! Инҳо арзонфурӯшанд, аз тоҷирони тоҷик боинсофтар!!!
Зиндагонии лӯлӣ
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 07:42 дақиқа. Холаи Ҳалима-бибӣ антиподи қавораи ҷӯгист: болобаланд, сапедчеҳра, зебо ва…соҳиби наколка-холкӯбӣ. Мепурсам, дар дастат чи навишта шудааст? Мегӯяд аввали ҳарфи ному насабам. Мегӯям, чӣ магар туро медуздиданд дар хурдӣ? Ҷиддӣ сӯям менигарад. Маълум, ки дар даврони пеш барои гум нашудани атфол ба дасти онҳо, ба вежа духтарон холкӯб мекардаанд. Аҷаб расми зебое. Имрӯз ҳамингуна холкӯбӣ дар Аврупову Амрико нав мӯд шудааст. Яъне авлод аз Европа низ пешрафтатар аст.
Зиндагонии ишон хеле сангин аст. Ин, ки фикр дорем, ҷӯгӣ тайёрахӯр аст, хато мекардаем. Воқеан ҳам, дар ин давру замон, бо усули гадоӣ, дарёфти ризқу рӯзӣ магар осон аст? Аз ҳамин ҷост, ки лӯлиҳо андаке хира ва наглый шудаанд. Дар замони советӣ ба онҳо бештар хайру садақа мекарданд.
-Ҳоло не, мардум сахт шудагӣ, зеро зиндагонишон сахт аст-ин иддаои ман нест, ки навиштам. Ҳалима-бибӣ чунин гуфт...
Обчакорӣ
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 07:44 дақиқа. Ҳалима-бибӣ мегӯяд, ҷӯякҳои полезаш барои он кам аст, ки об нест. Оби нӯшокӣ доранд, вале барои обчакорӣ намерасад. «Шукри худо свет пастаяни дорем!»-мегӯяд ин пири лӯлӣ ва бо фахр ба симчӯби пӯсидаи канори роҳ назар медӯзад.
Дар паҳлӯи дарвоза 1 ҳавзчаи хурд, ба таъбире “бассейн” ҷойгир аст. Дар тобистон барои атфол об пур мекунанду ҳоло холист. Чагдони нонпазиву чагдончаи хӯрок низ шафати “бассейн” қомат зада. Хулоса ҳама атрибутикаи зиндагонии қашшоқонаи миёнаҳои асри 20-и тоҷикӣ. Гӯиё ун солҳо аз ин деҳа рахт набастаанд ва агар филме роҷеъ ба солҳои 30-60-ум гирифтанӣ шавед, марҳамат ба кулбаи фақиронаи авлод...
Чорводорӣ
Мардони хонадон бо говпарварӣ машғуланд. Воқеан ҳам, то хунсупориву сӯҳбати мо, кӯдакон сатилҳои сабӯси гарму тарит дар даст ин сӯву ун сӯ дар тоз буданд. Маълум, ки дар хона гову буққа зиёд аст!
Гов ҳайвони сердаромад. Ҳар ҷӯгӣ 5-7-10 буққача дорад. Онҳоро бештар бо тарити аз нони талбандагӣ ба даст оварда, парвариш мекунанд ва дар бозори Восеъ ба авлоди мо мефурӯшанд. Нархи гӯшту пӯстро ҳар ҷӯгӣ нек медонад. Воқеан ҳам бародарбузурги Амриддини дӯсти нави мо бо хариду фурӯши пӯст банд аст. Мегӯяд, нархи пӯст ҳоло паст шудааст-пандемия!!!
Ҷӯгиҳо ба қассобон пул медиҳанд ва онҳо гов харида, кушта мефурӯшанд, аммо пӯсташро бо нархи арзон (ҷои протсент) ба авлод медиҳанд. Авлод онро ба авлоди тоҷикон мефурӯшанду авлоди мо ба афғону туркҳо ва ғ. ва ҳ.
Лӯлӣ аслан буққа мепарварад; ҳам пӯст ҳасту ҳам гӯшт ва низ бозоргузару кашокашаш кам. Ана барои чӣ авлоди мо-Тоҷикон ба онҳо шир мефрӯшанд. Инҳо гов қариб надоранд!
Лӯлии бекор нест!!!
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 07:51 дақиқа. Авлод ягон одами бе кор надорад!!! Ҷӯгӣ, ки таваллуд шуд, аллакай, предмети талбандагист, ба кор меравад. Ҳо, дидаед, лӯлиҳоро, ки кӯдаки ширмак дар бағал гадоӣ мекунанд? То-та! Кӯдаки ширхора раҳми мардумро меораду барои авлод айни муддаост. Ин аст, ки агар худамону худашонро парронем ҳам, лӯлӣ ҳар сол мезояд. Ҳам бизнес ва ҳам авлод!!!
Аз соати таваллуд аллакай кӯдак бо кору фаолият машғул аст. ЯГОН ҷӯгӣ бе кор намешинад. Аз 1 рӯза то 100 сола ҳама бо коре банд. Ва агар кӯдакону занон талбандагӣ кунанд, мардони ҷӯгӣ устоӣ ва мардикорӣ мекунанд.
Маҳз ана ҳамин хислати ҷӯгӣ, ки тибқи сарқонуни нонавиштаи авлод ҳатмист ва дар деҳа ҳатто 1 бекорхӯҷаву сакалту набудааст, маро сахт писанд омад. Кош авлоди ман-Тоҷикон низ аз лӯлиҳо ёд мегирифтанду ба бекорхӯҷагӣ нуқта мегузоштанд! Он гаҳ Тоҷикистон гулистон мешуд...
Бизнеси мӯй
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 08:03 дақиқа. Ба иттилои мусоҳибони мо, бизнеси ахирии рушдкарда миёни авлод ин хариду фурӯши мӯйи сари бонувони авлоди Тоҷикон шудааст. Онҳо мӯйи сарро бо нархи арзон ва ё бар ивази табақу косаи алюминӣ мехаранд. Аз куҷо меоранд ин маводро? Дар ҳамин стоянкаи ҷӯгӣ авлоди мо онро ба фурӯш гузоштаанд. Дегу табақу карсонро бурда, бо мӯй иваз мекунанд. Сипас мӯйро оварда, бар ивази 1 кг баробар ба 500 сомонӣ мефурӯшанд. Барои фурӯши мӯйи сар ҳатто дӯкон-ларёки махсус дар шафати шоҳроҳи Восеъ-Ховалинг доранд.
Мӯйро аз авлод хитоиҳо мехаранд. Куҷо мебаранду чӣ мекунанд, авлод на мепурсаду не парво дорад. Вале аксарият бар инанд, ки мӯйи сари бонувони тоҷикро хитоиҳо парик-ӯйлама карда, дар салонҳои ҳусн бар мӯдпарастони шаҳрӣ мефурӯшанд. 1 парик ё мӯйи сунъӣ аз 100 то 300, 400 доллари амрикоӣ қимат дорад. Ёбу гир дигар...
Шохи гов ҳам даррасид!!!
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 08:22 дақиқа. Сӯҳбати мо ним шуда буд, ки бонуи чолоке, ки пайваста ба мо, ба вежа ба ман бо шубҳа менигарист, шохи гове дар даст вориди ҳавлӣ шуда, ба Алӣ амр кард:
-Либосатро каш!-ва спирту пахтаву алмоси хунчакон ба даст, мисли қассобҳои гизала, мавқеъ гирифт.
Ин лӯлизанак бо Алӣ чӣ карду чигуна хунашро рехт...дар шумораи оянда хоҳем навишту хоҳед хонд. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!
С. Мизроб
Душанбе-Восеъ-Кўлоб-
Восеъ-Душанбе