Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Абдулҳақ Алиев директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Файзиддин Камолов, сардори Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе танбеҳ эълон намуда барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи нақлияти ҷамъиятии пойтахт маротибаи охир 1 моҳ мӯҳлат додааст.
Бо қарори депутатҳои шаҳри Душанбе номи 2 кӯчаи пойтахт иваз карда шуд.
Ширкати «Таком», ки алоқаи мобилии Beeline-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, рӯзи 19 мартро Рӯзи мизоҷ эълон намуда аз тамоми истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ даъват дорад пагоҳ меҳмони нуқтаҳои хизматрасонии ин ширкат гашта бо роҳбарияти ширкат аз наздик ошно шаванд ва сӯҳбат намоянд.
Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони 4 ноҳияи пойтахт супориш дод, ки то 9 сентябри соли 2016 бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худуди маҳаллаҳо ва шаҳракҳои ноҳияи хеш аз ҳисоби даромадҳои буҷа ва ҷалби соҳибкорон 25 километрӣ роҳҳоро таъмир ва таҷдид намоянд.
Хонаҳое он шахсоне, ки заминҳои маҳаллаи Ховаронро ғайриқонунӣ аз меъёр бештарғасб намуда хона сохтаанд, тахриб хоҳад шуд.Бино ба иттиллои Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдории рӯзи 7 март, баъзе аз шаҳрвандон 400, 700 ва ҳатто то 2000 метри квадратиро аз худ кардаанд, ҳоло он, ки дар маҳаллаи Ховарон замин, ки моликияти давлат аст, аз рӯи меъёри мавҷуда тақсим мешавад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Иди Модарон 8 март ва Наврӯз ба занон – кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе 1722700 сомонӣ, кӯмакпулии яквақта ҷудо намудааст.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Марҳабо, Наврӯз ба Тоҷикистони азиз! Назар
- Фархор: дар 1 рӯз 18 маротиба барқ қатъ шуд... Назар
- Блогерҳои тоҷик: кӣ бепарвову кӣ боинсоф? Назар
- Резаахбор Назар
- Низорамоҳ Зарифова 100 сола шуд! Назар
- Мактаби Иқбол Назар
- Картошкаҷамъкунӣ – талаби нав дар мактаб… Назар
- Андар ному завқ Назар
- ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ ЗЕРИ 20-СОЛИ ОСИЁ Назар
- КАЪБА Ё ҚИБЛА? Назар
- Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» давоми соли 2022 Назар
- Дар як сатр Назар