ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Май 10 2016

126 моли майдаи мардум дар натиҷаи раъду барқ дар деҳаи Вешисти ҷамоати деҳои Ёрии шаҳри Панҷакент ҳалок шудаанд. Дар ин бора Ғайбулло Муҳаммадиев, сокини ин деҳа ба хабарнигори СССР иттилоъ дод. 

Сешанбе, Май 10 2016

Тақрибан соатои 17-и санаи 9 май дар ш.Панҷакент сел омада, ба садҳо хонаву иншоотҳо хисороти калон расонид.

Панҷшанбе, Май 05 2016

Дар ояндаи наздик тибқи шартномаи басташудаи дутарафа бо 2 ширкати бонуфузи воридкунандаи Русия аз вилояти Хатлон ба Русия беш аз 70 тонна маҳсулоти кишоварзӣ – меваю сабзавот ва полезиҳо содир хоҳад шуд. КВД  "Маркази дастгирии кишоварзӣ"-и вилояти Хатлон замистони соли гузашта бо ду ҷаъмияти шакли кушодаи "Магнит" ва "Агратехналогия"-и Русия, ки маҳсулотҳои кишоварзиро ба кишварашон ворид мекунад шартномаеро имзо кардаанд.

Панҷшанбе, Май 05 2016

Тибқи иттилои расмӣ маҳсулотҳои содиротӣ аз Хатлон ба хориҷӣ кишвар на танҳо ба Афғонистону Покистон, балки ба Русия бештар шудааст ва тамоми маҳсулот тавассути роҳи оҳану автомобилӣ ба воситаи  вилояти Суғд ба Русия содирот карда шудааст.

Сешанбе, Май 03 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шурӯъ аз 2 майи соли 2016 парвозҳои мустақими хешро ба самти Душанбе – Пекин – Душанбе оғоз намуд. 

Душанбе, Май 02 2016

Аз 26 апрел то 3 сентябри соли 2016 дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе – 130 рӯзи омодагиҳои ҳамаҷониба эълон карда шуда мақомоти маҳаллии намояндагию иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ бояд тамоми нерӯю имконияти хешро ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла ва гирду атрофи биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идора, корхонаю муассисаҳо равона намоянд.

саҳ 151 аз 156

Китобҳо

Flag Counter