ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Май 13 2019


 Ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик эйр» қарор аст парвозҳои худро аз мавсими «Ҳаҷ-2019» шурӯъ намояд. Дар ин бора имрӯз зимни ҳамоиши роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Миёна оид ба масоили рушди авиатсияи минтақа, ки бори нахуст дар ш.Душанбе баргузор гашт, Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.
   Бино ба иттилои мавсуф, айни замон аз ҷониби мудирияти ширкати «Тоҷик эйр» барои омода кардани парвозҳо дар ин самт корҳои омодагӣ ва 1 қатор тавофуқот ба анҷом расонида шуда, ин ширкат қарор аст дар баробари ширкати дигари ватанӣ-«Сомон эйр» зойирини имсолаи тоҷикро ба зиёрати ҳаҷ бурда расонад. Лозим ба ёдоварист, ки парки техникии ширкати «Тоҷик эйр», хосса ҳавопаймоҳои он низ айни замон аз муоинаи техникӣ гузаронида шуда, барои оғози мавсими нави парвозҳо омодагӣ мебинанд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
  

Чоршанбе, Май 08 2019


Алишер Гулов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар вилояти Хатлон барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш раванди бунёди толору майдончаҳои варзишӣ, дар чанд соли қаблӣ ҷараёни тоза касб кардааст. Бо фароҳам омдани шароити машқу тамрин барои варзишгарон дастовардҳои онҳо низ бештар ба назар мерасад. Ҳарчанд, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо сохтмони чунин майдончаҳои варзишӣ  бо суръат идома дошта бошад ҳам, вале дар деҳаҳои дурдаст ноҳияҳо дида намешавад. Ва талош мекунем, ки дар ҳамаи деҳаҳои дурдаст майдончаҳои варзишӣ бунёд кунем.

Баҳодури Хатлонӣ, СССР

Чоршанбе, Май 08 2019


Дар шаҳри Бохтар дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 18 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Масъулини ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, ки дар соли 2019 бошад дар назар аст, ки 6 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 95 ҷойҳои нави корӣ ба истифода супорида шавад. Зимни тасдиқи ин хабар, Афзалшо Юсуфзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдо ба СССР гуфт: «Бо мақсади зиёд намудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар 3 моҳи соли 2019 2 адад корхона -ҶДММ «Сафар Фарма» ва ҶДММ «Имрон Бохтар» бо таъсиси 11 ҷойи нави корӣ, ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва сохтмонӣ равона шудааст, ба истифода супорида шуд».

Баҳодури Абдусалом, СССР

Чоршанбе, Май 08 2019


8.05.2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили иштирокчиёни ҶБВ рафта, онҳоро бо фарорасии 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуд. Раисро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд низ ҳамроҳӣ намуданд. Ба иштирокчиёни ҶБВ кӯмакпулии якдафъаинаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва кӯмакпулии роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Чоршанбе, Май 08 2019


Тибқи дастури раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ тамоми тарабхонаҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон бояд дарҳои худро боз намуда, ба сокинону меҳмонон ва сайёҳон хизмат намоянд.
   Тавре дар сомонаи расмии МИҲД дар ш.Душанбе омадааст, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба пойтахт ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур додааст, ки оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шариф Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизматрасонӣ намудани онҳо мусоидат намоянд.
   Гуфта мешавад, ки дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи мазкур нисбати соҳибмулкони тарабхонаҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Чоршанбе, Май 01 2019


Бо қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 697 800 сомонӣ барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҷудо карда шуд. Тибқи ин қарор ба ҳар 1 иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ ба андозаи 1500 сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз 6 моҳ дар ақибгоҳ дар ин давра кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
   Гуфта мешавад, ки муовинони раиси ш.Душанбе муваззаф шудаанд, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ пойтахт зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 4.05.2019 супоранд.

саҳ 12 аз 112

Китобҳо

Flag Counter