ХАБАРИ ДОҒ

 

То солҳои 80-уми асри ХХ дар ноҳияи Файзобод хоҷагии ба номи А.Назиров хоҷагии калонтарин ба шумор рафта, дар он 3 ферма ҷойгир буд. Дар ин фермаҳо 1500 сар говҳои ширдеҳ нигоҳубин карда мешуданд. Дар деҳаи Фатҳобод бошад фермаи комплексӣ ҷойгир буду 500 сар говҳои зотии шведию бурлолитвонӣ  парвариш меёфтанд. Соле ба ҳисоби миёна аз ҳар сар гов то 5 ҳазор литр шир истеҳсол гардида, бо нархи арзон дастраси мардуми шаҳри Душанбе мегардид. Модарам дар фермаи мазкур говҷӯш буд, нақл мекард, ки ба ман 10 сар гови ҷӯшоро вобаста карданд, дар 1 шабонарӯз аз ҳар сар гов то 5 литр шир медушидам, дар 1 сол миқдори истеҳсоли ширамро то 5 ҳазор литр мерасондам.

Он солҳо дар хоҷагӣ Муминшо Нуралиев директор буд, ҳар гоҳ ба ферма меомад, буқаҳою говҳои зотии ширдеҳро таги чашм мекард. Ҳамин воқеаҳои маълуми кишвар сар заду ба қавле Муминшоҳ Нуралиевро худо дод. Аз фурсати бесарусосмониҳо истифода бурда, ӯ буқаҳои ҳар кадоме 8-10 ҳазор сомонӣ ва говҳои зотии ширдеҳро фурӯхта, пулҳоро обу лой карда, айбро дар зимаи мухолифин бор кард. Бо айби Муминшоҳ Нуралиев бинои фермаи комплексӣ валан горшуда, то кунун рӯи таъмиру навсозиро надидааст. То имрӯз дар ферма 38 сар гови ширдеҳ боқӣ мондаасту халос….

Ҳокими Сафар,

ноҳияи  Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter