ХАБАРИ ДОҒ

Фурудгоҳи Душанбе: хизматрасонӣ ба 854 ҳазор нафар мусофир дар 9 моҳ

  • Душанбе, Окт 24 2016

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар 9 моҳи соли 2016 ба 854,1 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, аз он ҷумла, ба 468,6 ҳазор мусофири рафта ва ба 385,4 ҳазор мусофири омада. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин муддат 1754 тоннаро ташкил додааст.

 

Чуноне ки ба СССР дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, бино ба ҳисоботҳои ҷамъбастии корхона нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии фурудгоҳ мусбат арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки даромаднокии корхона дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 % зиёд гардидааст.

Масъулини хадамоту шӯъбаҳо аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳ вазифадор карда шуданд, ки минбаъд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон, ба дараҷаи меъёрҳои байналмилалӣ расонидани сифати хизматрасониҳо талоши бештар варзанд.

СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter