ХАБАРИ ДОҒ

Навбатдории шабонарӯзии масъулини фурӯдгоҳи пойтахт

  • Панҷшанбе, Нояб 24 2016

Масъулини фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳои пурбарфу сард ба навбатдории шабонарӯзӣ гузаштаанд.

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» иброз доштанд, чунин тасмим ба хотири таъмини фаъолияти бемонеаи фурӯдгоҳ дар чанд рӯзи сарди охир гирифта шудааст. Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯзҳо аз рӯи реҷаи муқаррарӣ кор карда то ба имрӯз дар пешвоз ва гусели ҳавопаймоҳо мушкиле пеш наомадааст. Тамоми хадамотҳои фурӯдгоҳ ва 245 адад техникаи кориву нақлиётӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter