ХАБАРИ ДОҒ

Идомаи барқдуздӣ аз ҷониби сокинони пойтахт

  • Чоршанбе, Фев 15 2017

Аз ҷониби комиссияи махсуси ВКД ҶТ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор дар шаҳраку микрорайонҳои ш. Душанбе вобаста ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ санҷишҳо идома доранд.

Ҳангоми санҷиши навбатӣ, дар гузаргоҳи дуюми к. Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз ҷониби гурӯҳи кории муштараки ВКД бо дигар мақомотҳои дахлдор муайян гардид, ки иҷоранишинон Саъбагул Каримова ва Амина Қурбоншоева давоми 3 сол аст, ки аз нерӯи барқ бе ҳисобкунаки барқӣ истифода бурда, маблағи истифодаи онро напардохтаанд. 

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, дар яке аз ҳуҷраҳои зисти иҷоранишини дигар Шаъмигул Исмоилова низ, далели истифодаи қувваи барқ берун аз ҳисобкунаки барқӣ ошкор карда шуд, ки инҷо фурузонакҳои тафсон ва асбобу таҷҳизотҳои сермасраф фаровон истифода карда мешуданд. 

Ҳамингуна далелҳои тасарруфи нерӯи барқ дар бинои дуошёнаи кӯчаи Валаматзода 3/2, ки ҳанӯз ду сол қабл бинобар сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани он, истиқомати минбаъдаи сокинонро дар он қатъ карда буданду сокинонашро ба дигар ҷо кӯчонида буданд, аммо ба ин нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам дар он, ҳарчанд, ки дар ҳолати хавфи сарзадани сӯхтор қарор дошта, инчунин дар ҳолати пасти санитарию эпидемиологӣ қарор дорад, бе истифодаи ҳисобкунакҳои барқӣ дар 4 ҳуҷраи он аз ҷониби сокинон нерӯи барқ то ҳанӯз ҳам фаровон истифода бурда мешавад. 

Дар кӯчаи Деҳлавӣ хонаи №3 ҳуҷраҳои 1 ва 2 аз тарафи иҷоранишин Абдуҷабор Ёқубов низ риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолати санитарӣ дар сатҳи паст қарор дораду номбурда дар манзили зисташ ба забҳи мурғҳо машғул гардида, фурӯши онҳоро ба роҳ мондааст. 

Чунин ҳолат ба иттилои мудири шуъбаи гигиенаи коммуналии ноҳияи Шоҳмансур Зебуниссо Ятимова, эҳтимолияти ба вуҷуд овардани ҳаргуна касалиҳои сироятиро дар пай дорад. 

Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта, аз ҷониби Ситоди якҷояи ВКД нисбати ҳуқуқвайронкунандагон санаду протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомотҳои дахлдор барои чораҷӯи ирсол карда шуданд.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter