ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти сокине, ки 28 санги болои мазорро шикаста буд

  • Душанбе, Май 01 2017


Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи деҳаи Хурсандии н. Бохтари вилояти Хатлон рӯзи 20.04.2017 шахсони номаълум вориди оромгоҳи деҳа шуда 28 санги болои қабри мазорро шикаста партофтаанд.
Чуноне ки аз Ҳукумати ноҳияи Бохтар ба хабарнигори СССР гуфтанд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Дилшод Давлатбекови 22 –сола, оиладор, сокини деҳаи Хурасандӣ боздошт карда шуд. Ҳангоми боздошт Дилшод Давлатбеков ба гуноҳи худ иқрор шуда афзуд, ки бегоҳи рӯзи 17.04.2017 бо мақсади алафдаравӣ вориди қабристон шуда бо харсангҳо 28 адад санги болои мазорро шикастааст.
Раиси маҳалаи Хурсандӣ 1-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Ҳайдаров Сайдаҳмат дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки воқеае, ки дар деҳа рух додаст, касе рӯйпӯш накардааст.
- Мо рӯзи 21.04.2017 соати 19-и бегоҳ аз ин ҳолат хабардор шудем, баъди намоз 20 нафар фаъолонро ҷамъ карда ба ҷойи ҳодиса рафтем. Дар ҳақиқат ин овоза рост будаасту надонистем чӣ кор кунем, дарҳол ба мақомот хабар додем, афзуд ӯ.



Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter