ХАБАРИ ДОҒ

$ 96,4 миллион – маблағи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа

  • Ҷумъа, Май 12 2017


Шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, ба маблағи 96,4 миллион $ таҷдид мегардад. Вакилони Парлумони Тоҷикистон 11 май 2 Созишнома- Созишномаи маблағгузорӣ ва грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи роҳравҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ /ҲИМОМ/ ва лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппаро ба тасвиб расониданд. Маблағи умумии татбиқи лоиҳа 96,4 миллион доллар буда, аз он 15,8 миллион доллар гранти БОР, 49,4 миллион доллар қарзи БОР, 12 миллион доллар қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК, 2 миллион доллар гранти Фонди неруи тоза ва 17,2 миллион долларро саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Марҳилаи аввали лоиҳа 33 километри роҳи автомобилгардро аз Душанбе то деҳаи Чашмасорони ноҳия Рӯдакӣ дарбар гирифта, дар доираи лоиҳа роҳи автомобилгард то 4 хат васеъ карда мешавад. Рӯйпӯши роҳҳо беҳтар гардида, воситаҳои бехатарии ҳаракати нақлиёт гузошта мешаванд. Ҳамчунин чароғҳои равшаникунанда ва низоми таъмини неруи барқ дар асоси панелҳои офтобӣ насб мегарданд. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2017 оғоз ёфта, моҳи марти соли 2021 ба анҷом расонида шавад.



СССР


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter