ХАБАРИ ДОҒ

Гендиректори аэропорти Қурғонтеппа истеъфо дод!

  • Душанбе, Май 15 2017


Тибқи овозаҳо, Маъруф Маҳмудзода директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» баъди тафтишоти пурзӯре гӯиё истеъфо додааст.
Вале Бекмурод Тағаймуродов сардори ситоди фурудгоҳи Қурғонтеппа имрӯз 15 май дар сӯҳбати хабарнигори СССР гуфт, ин овозаҳо  асос надоранд ва ягон хел тафтишот нагузашта буд. Гендиректор бо ихтиёри  худ аризаи истъфо навишт. Масъулони фурудгоҳ авомили истеъфо рафтани Маъруф Маҳмудзодаро намедонанд вале гуфтанд, ки номбурда ҳоло дар Хуҷанд аст. Дар ҳамин маврид  ҳоло иҷрокунандаи директори генералии фурдгоҳ муовинаш Абдурашидов Фарҳод таъиш шудааст.
Маҳмудзода то моҳи феврали соли 2016 ҳудуди 6 сол Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» буд ва бо қарори ҳукумат 22-юми феврали соли гузашта директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» таъин гардид. Далели аз кор рафтани Маҳмудзода то ҳол шарҳ дода нашудааст. Воқеан ҳам ин амал аз ангуштшумор амалҳои ба истеъфо рафтани сарварони корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст



Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter