ХАБАРИ ДОҒ

Эмомалӣ Раҳмон: Ҷавононро машқу тамрину навовариву ихтирокорӣ мебояд!

  • Чоршанбе, Май 24 2017


Шоми дирӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат суханронӣ намуда тамоми ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, табрик намуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон нерӯи созанда ва тавонои Тоҷикистон буда пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад.
Дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.
Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки ҷавонони даврони истиқлолият таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош мекунанд.
Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад. Хизмати содиқона кардан ба Ватан — модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад.
Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиш пайдо кардани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм ҷавонони моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд. Хотиррасон менамоям, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.» омадааст дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон.



СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter