ХАБАРИ ДОҒ

Рӯзи 08.06.2017, дар синни 73-солагӣ, баъди бемории дурударози 8-сола, қалби Шариф Комилов аз таппидан бозмонд...
Комилов Шариф Комилович 6 июни соли 1943 таваллуд шудааст. Ӯ сар аз вазиши насими бозсозии Горбачев дар РСС Тоҷикистон аз нахустинҳо шуда, Партияи Демократиро таъсис дода, садри ин ҳизб дар вилояти Кӯлоб таъин гардид. Дар ҳамон солҳои ба масал «перестройка» ба тариқи алтернативӣ раиси к/зи Кирови н. Восеъ интихоб шуд ва ба колхозчиён озодии мутлақ дод. Ин барои нахустин бор дар маҳдудаи 6\1-и замин, яъне давлати паҳнои СССР буд, ки колхозчӣ ҳуқуқи мутлақи озодӣ пайдо карда, метавонист, бе мамониат аз колхоз бадар шавад ва ё дар колхоз ба тариқи шартномавӣ ва бо маоши калон кор кунад. Фаромӯш накардаем, ки «прописка» ё худ номнависии шаҳру қишлоқ деҳқононро дар тамомии шӯравӣ пойбасти кори колхоз менамуду аз к\з ихтиёран баромада рафтан хеле мушкил буд. Дар колхоз бошад, деҳқон пахтаву тамоку парвариш мекарду имкону илоҷи кори фермерӣ ва озодии интихоби обчакориро усулан надошт. Пасттарин маошро колхозчӣ мегирифт.
Шариф Комилов ин ҳамаро рафъ кард. Ҳар деҳқон акнун ҳуқуқи комил дошт, ки худаш таъйин кунад, ки чӣ мекораду чӣ мепарварад. Ва аҷабо, ин озодии демократи №1, дар вилояти Кӯлоб самар овард. К\зи миёнаҳол ва пасмонда ба яке аз хоҷагиҳои пешқадами республика табдил ёфт.

Гови қурбонӣ барои Нурӣ
Зиёд дар бораи ин фаолияташ наменависам. Бо ин иктифо менамоям, ки баъди имзои Протколи Сулҳ ва тақсими вазифаҳои ба масал «30-фоиза», ки ҷониби оппозитсия ба Комилови сахтсухану ростгӯ 1 курсӣ наёфт, колхозчиёни к\зи Киров ба назди ин ҷониб омада, дар редаксия гуфта буданд:
-Агар Комиловро дубора раиси колхози мо таъин кунанд, омодаем, дар пеши пои Нурӣ гов кушем!
Инро мардуме мегуфт, ки аз гуруснагӣ азият дошту нони хӯрдан на, гову молро бошад он шабу рӯз дар хоб медид. Вале онҳо омода буданд, ҳамакаса ҷамъ шуда, пул партофта, гов харанду пеши пои Сайид Абдуллои Нурӣ забҳ кунанд, то раиси дӯстдорашонро, ки ҷанги гражданӣ аз ватан берун андохта буд, дубора дар симмати раёсати колхозашон гузорад... Зеро ӯ умеди ҳазорон-ҳазор нафар боқӣ  монда буд...

Бухарин, яъне ростгӯ
Шариф Комиловро дар Тоҷикистон бо тахаллуси «Бухарин» мешинохтанд. Худаш ҳам ин номро дӯст медошт. Зеро мисли Бухарин ростгӯ, ростқавл ва якрав буд. Ҳаргиз пеши касе сар хам намекарду хатои ҳамаро дар рӯяш мегуфт. Ин аст, ки на дар суфуфи оппозитсия, на дар ҳизб ва на дар ҳукумат нағзаш намедиданд. Бо ин ҳама Шарафмандона зист, 2 гулдухтари зебо ва фарҳангие ба мерос монд.
Усулан марди аҷиб ва ғайритасаввур буд. Ҳатто пиндораш ба хости аксарият муғаййир меафтид. Ёдам ҳаст, рӯзе аз дасти Наргиси наврас гирифта, ба идораи корам, ба Ҷавонони Тоҷикистон омаду гуфт:
-Наргис шашмақом меомӯзад ва тасмим дорам ӯро мақомсаро кунам!
Ва аз нигоҳи маънодорам рамуз гирифта афзуд:
-Оре, бигзор донанд, ки кӯлобиҳо низ мақомсаро доранд...
Наргис ва Дилором Комиловаҳо 2 гулдухтари нозанин ва ширинкалом, ки доди суханро додаву аз журналистон ва наттоқони маъруфи давранд, самараи умри Шариф Комилови «ҷӯраи ман»-анд...
Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, дӯст, бародар, ҷавонмард ва Инсони вораста... Биҳиштӣ, ки будӣ, дар даҳаи Бахшиши Гуноҳон ва дар моҳи хосаи Худо рахти сафар бастӣ!


Сайёфи Мизроб
Ҳамфикр ва ҷӯраат

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter