ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Фата пӯш!

  • Душанбе, Нояб 27 2017


Пас аз ворид шудани тағийроту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва ба тасвиб расидани тарҳи нави он, ки яке аз иловаҳояш арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, алалхусус, дар тӯйҳо буд, байни мардум ҳар гуна овозаҳо ба вуҷуд омад. Бештар аз ҳама гап сари либоси арӯсии духтарон рафта, аз ҷумла, мегуфтанд, ин қонун пӯшидани либоси арӯсии сафед ва тӯри болои сари он-фатаро манъ кардааст. Пас аз ин, дар бархе аз минтақаҳо, дар ҷамоатҳо ва шӯъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ масъулин аз наварӯсон тақозо мекарданд, ки дар тӯяшон ҳатман либоси миллӣ ба бар карда, аз пӯшидани куртаи арӯсии сафед, ки марбут ба ғарб аст, парҳез намоянд. Ҳоло аз қабули тарҳи нави ин қонун 2 моҳ гузашт. Вазъи бозори либоси арӯсӣ чӣ гуна аст? Духтарон барои тӯй кадом намуди либосро интихоб мекунанд? Кӣ дар рӯзи тӯяш фата мепӯшаду кӣ чакану адрасу атлас? Нархи куртаи арӯсӣ гарон аст? Куртаҳои арӯсиро ба Тоҷикистон кӣ ва аз куҷо меорад? Бо супориши редаксия ман тасмим гирифтам рӯзи якшанбеи гузашта аз толорҳои арӯсӣ дидан намуда, ҳам нарху навои кирояро бифаҳмам ва ҳам бубинам, ки духтарон айни замон бештар ба кадом либоси арӯсӣ майл доранд. Бо мо бош, хонанда, ки Метавонем!

Куртаҳои арӯсии «Корвон» арзон!


19.11.2017. Соат бо вақти Душанбе 9:00 дақиқа. Аз хона баромада рост ба тарафи бозори «Корвон» меравам, зеро ҳоло толорҳои арӯсӣ дар ҳудуди ин бозор бештар аз ҳама мизоҷ доранд. Инро бароям соҳибони чанд толори арӯсие, ки дар маркази шаҳр воқеанд, гуфтанд. Ва рост ҳам гуфтанд: шахсан мавҷудияти беш аз 40 толори хурду миёнаи арӯсиро ҳисоб кардам, аммо шояд ин теъдод боз ҳам бештар бошад. Дар муддати 1 соат аз 12 толори арӯсӣ дидам, лек касе аз масъулинаш барои сӯҳбат розӣ нашуда, шояд тарсиданд, ки пас аз матлаби рӯзнома ҳатман пӯшидани куртаи сафед манъ карда мешаваду тиҷорати эшон ба охир мерасад. Танҳо Нигина ном зан, ки соҳиби чанд толори арӯсии хурду миёна дар маркази савдои «Корвон-Сити» буд, розӣ шуд сӯҳбат намояд.
-Бештари духтароне, ки арӯс мешаванд, ба салонҳои «Корвон» барои интихоби куртаи арӯсӣ меоянд. Медонед барои чӣ? Барои он ки нарху навои толорҳои арӯсии мо назар ба толорҳои маркази шаҳр ба маротиб арзонанду ба ҷуз куртаи арӯсӣ боз ороиши рӯю мӯй, кафши арӯсӣ, дастпӯшак ва ҳатто куртаи чакан, ё атласро низ ҳамчун тӯҳфа-бонус ба арӯсшаванда тақдим мекунем. Шояд пурсед чаро? Барои он ки бӯҳрони молиявӣ нав ба тиҷорати куртаҳои арӯсӣ расидаасту аз набуди пул дар дасти мардум мо низ ба хотири аз даст надодани мизоҷ ба камтарин маблағ барои иҷораи курта розием, - мегӯяд Нигина.
Ба гуфтаи ӯ, агар 2 сол пеш нархи иҷораи танҳо 1 куртаи арӯсӣ аз 1500-2000 сомонӣ оғоз мешуд, ҳоло бошад бо 300 сомонӣ низ метавон куртаи арӯсӣ киро кард. Кирояи куртаҳои арӯсӣ ҳоло аз 300 сомонӣ сар шуда, то 1000 сомонӣ нарх доранд. Ба ин маблағ заҳмати кори ороишгар низ медарояд. Яъне, арӯси оянда ба толор омада, куртаро пӯшида, мӯю рӯяшро оро дода, якбора ба тӯй меравад.

Фата аз мӯд намондааст!
Чуноне ки Нигина мегӯяд, таваҷҷӯҳу талабот ба куртаи сафеди арӯсӣ тағйир наёфтааст-арӯсони оянда имрӯз назар ба либоси арӯсии миллӣ куртаи сафед-фатаро интихоб мекунанд.
-Аз оғози сол то ҳол дар ин самт чизе иваз нашудааст ва арӯсони оянда мисли қабл барои рӯзи тӯяшон куртаи сафедро интихоб мекунанд. Либоси миллиро, ки он ҳам мукаммал буда, аз чанд қисмат иборат аст, онҳое интихоб мекунанд, ки ба сабти никоҳашон намераванд, яъне бе ЗАГС тӯй мекунанд ва ё аз оилаҳои ба дин додашуда мебошанду падару бародаронашон ба пӯшидани куртаи сафеди арӯсӣ иҷозат намедиҳанд. Нархи кирояи ҳар 2 намуди либоси арӯсӣ имрӯз 1 аст, даромадашон низ. Мо барои духтароне, ки мехоҳанд рӯзи дигари пас аз арӯсияшон фарқ намоянд, ҳамчун тӯҳфа куртаи чакан ё адрасу атлас, камзӯли зардӯзӣ, кафшу ороишот барои мӯй пешниҳод менамоем ва ин ройгон аст, - қайд менамояд Нигина.

Черновцы-шаҳри арӯсон
Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа. Бо Нигина сӯҳбатамон сари воридоти куртаҳои арӯсӣ ва нигоҳубини онҳо рафт. Ӯ гуфт, ки қисми зиёди куртаҳои арӯсие, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, аз кишвари Украина меоянд. На танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва СНГро низ дӯзандагони моҳири украинӣ аз шаҳри арӯсон-Черновцы бо куртаҳои арӯсӣ-фата таъмин менамоянд. Черновцы шаҳрест, ки тамоми мардумаш бо дӯхтану сохтану омодасозии асбобу ашё, таҷҳизоту сару либоси арӯсӣ машғуланд ва ба ҷуз ин дигар коре надоранд. Пероҳанҳои боқимондаи арӯсиро бошад тоҷирони Тоҷик аз Тошканд оварда, аҳён-аҳён куртаҳои арӯсии хитоӣ низ ба бозори арӯсии мо ворид мешаванд.
-Аммо дар ҳама давру замон моли истеҳсоли Украина аз лиҳози сифату кайфият ва ороишу дӯхт сазовори мақоми 1-ум дар кишварҳои ИДМ ҳаст ва хоҳад монд. Ман аз с.2006 бо воридот ва кирояи куртаҳои арӯсӣ машғулам, куртаҳои аз Черновцы 5 сол пеш овардаам, то ҳол рангу намуд ва зебоии худро гум накардаанд. Албатта, нигоҳубин ва тоза кардани куртаҳои арӯсӣ кори осон нест, лек ману шогирдонам пас аз ҳар 1 тӯй куртаро бо роҳи кимиёӣ хушкшӯӣ намуда, ҷойҳои даридаву кандаашро медӯзему мечаспонем, ба қавли худамон реставратсия мекунем, то ки он мисли пештара ҷилои худро ёбад. Ин кор осон нест, заҳмати хеле зиёдро талаб менамояд, баъзан куртаҳои гаронарзишро арӯсон бо 1 пӯшидан корношоям мекунанд, вале ба кӣ мегӯӣ, - таъкид медорад ӯ.

Интихоби арӯси Тоҷик-фасони аврупоӣ
Нигина қайд менамояд, дар 3-4 толоре, ки дорад, наздики 125 адад куртаҳои гуногуни арӯсиро нигоҳ медорад. Дар байнашон куртаҳое ҳастанд, ки то $3000 нарх дошта, то ҳол касе майли пӯшиданро накардааст. Духтарони Тоҷик бештар ба куртаҳои фасони аврупоӣ дошта майл намуда, дӯст медоранд, ки куртаи арӯсияшон пур аз марворид, ё тӯрҳои попурӣ бошад.
-Агар пештар арӯсони оянда куртаҳои пӯшидатарро интихоб мекарданд, ҳоло баръакс, мехоҳанд гардани курта кушода ва тарҳаш оддитар бошад, яъне доманаш аз ҳад зиёд кушод набошад. Мо тибқи хоҳиши мизоҷ куртаро то рӯзи тӯй иваз мекунем, лозим шавад гиребон меканем, остин мечаспонем, адрасу атлас ҳамроҳ мекунем, кӯтоҳ менамоем. Муҳим мизоҷ розӣ бошад, - меафзояд Нигина.

Толорҳои арӯсӣ аз байн мераванд?
Ба ақидаи ӯ, тиҷорати куртаҳои арӯсӣ оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодааст. Сабабаш агар аз 1 сӯ набуди пул дар дасти мардум бошад, аз тарафи дигар боло рафтани нархи обу барқу иҷора ва андозу дигар пардохтҳост. Маҳз ҳамин сабаб боиси он мегардад, ки то охири соли ҷорӣ аксарияти толорҳои арӯсӣ баста хоҳанд шуд. Танҳо онҳое мемонанд, ки таҷрибаи кории бештар ва каме ҳам бошад сармоя доранд.
-Аммо новобаста аз ину он, арӯсони ояндаи Тоҷик ҳеҷ гоҳ майлу рағбати хешро нисбат ба куртаи сафеди арӯсӣ аз байн нахоҳанд бурд, - мегӯяд Нигина.
Мо ҳам ба ин итминон дорем. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter