ХАБАРИ ДОҒ

Мо мурдаҳоро Эрон барем?-2…

  • Панҷшанбе, Дек 21 2017

Эрониҳо роҳро бастаанду шаҳрвандони ҶТ имкони мурдаҳоро гӯронидан надоранд, вале раиси ноҳия СССР-ро ба суд доданист…

Моҳи сентябри соли равон дар газетаи СССР матлабе бо номи «Мо мурдаҳоро Эрон барем?» нашр шуда буд. Дар ин матлаб эмомхатиби деҳаи Ватани ҷамоати деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳритус Раҳим Абдуллоев шикоят карда буд, ки ҷамоати деҳоти «Обшорон» 70 сол боз оромгоҳ надорад. Ин аст, ки мардум мурдаҳои хешро ба қабристонҳои ҷамоатҳои дигар бурда мегӯрониданд. Собиқ раиси ноҳия Абдуалим Исмоилзода (ҳоло раиси ш.Қӯрғонтеппа) бар асоси хоҳиши мардум 1 мавзеъро барои оромгоҳ, ки аз 4 га замин иборат буд, ҷудо намуд. Аммо дар ҳамсоягии ин оромгоҳ ширкати эронии «Грин голд» тасмим гирифт, ки дар замини барои оромгоҳ ҷудошуда боғи писта бунёд кунад. Пас аз вазифаи рафтани Исмоилзода мушкили мардум бо раиси тозатаъйини ноҳия-Рамазон Оймаҳмадзода ва ширкати «Грин голд» сар мезанад. Баъди нашри матлаби мазкур намояндагони мақомоти дахлдор аз Ҳукумати вил.Хатлон барои санҷиш ба ноҳия омаданд, лек мушкилии «мардуми бе гӯр» то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

Иқдоми «Грин Голд» бар зарар нест!
Дар вокуниши худ раиси н.Шаҳритус-Р.Оймаҳмадзода ба газетаи СССР аз ҷумла чунин гуфта буд: «…бар асоси муроҷиатҳои шифоҳии аҳолии деҳаи Ватан ва намояндагони ҶДММ «Грин Голд» ин мавзеъро аз назар гузаронидам ва аён гашт, ки баъди баровардани об замини қабристон, ки дар пастӣ ҷойгир аст, шояд зери об монад ва ин аз ҷиҳати талаботи қонунгузории ҳифзи саломатии аҳолӣ мухолиф аст, зеро оби он ҷасадҳоро зери об гузошта ва баргашта ба канали оби нӯшокӣ мерезад…Дар ҳолати такрор ёфтани мақолаҳои беасосу иғвоангез маҷбур мешавам, ки ба мақомоти судӣ муроҷиат намоям». Хуббб, шояд давоми матлаб дар суд ҳаллу фасл шавад, аммо мо доди мардумро ба самъи раҳбарияти болотарини кишвар мерасонем, зеро мо мардумием ва Мо метавонем!

«Гринд Голд» роҳи мазорро баст…
Сокинони деҳаи Ватани ҷамоати деҳоти «Обшорон» бо 1 занги телефонӣ дубора арз карданд, ки масъулини ширкати номбурда то ҳанӯз намегузоранд, мардум тавассути роҳи ҷудошуда равуо кунанд, ҳол он ки ин роҳ бо маблағи сокинон ва ҳашари умумӣ обод карда шудааст.
1.12.2017. Соат бо вақти Қӯрғонтеппа 9:10 дақиқа. Бо супориши редаксия ба н.Шаҳритус сафар намуда, хостам бо проблема аз наздик ошно шавам. Назди Беморхонаи марказии ноҳия Раҳим Абдуллоев-эмомхатиби деҳаи Ватан маро мунтазир буд. Азбаски 1 декабр ба рӯзи ҷумъа рост меомад, сокинону пиронсолони деҳаро пайдо карда натавонистам, чун мардум барои хондани намози ҷумъа рафта буданд… Бо эмомхатиб сӯи мазор сафар намудем, то аз наздик заминро бубинем ва бо кормандони ин ширкат сӯҳбат кунем.
Бобои Раҳим назди кӯпруке, ки канали калони об меравад, мошинашро нигоҳ дошта гуфт, ана ҳамин пулро «Грин Голд» мехоҳад бо панҷара маҳкам кунад: «Агар ин пулро бубанданд, мо мурдаҳоро куҷо мебарем? Онҳо мехоҳанд, ки 6 км болотар мо купрук бисозем. Магар дар ин шароит пул сохтан осон аст? Наход аз мазор дида, боғи писта зарур бошад? Чанд моҳ пеш боз 1 ширкат дар ҳамин мавзеъ маблағи зиёд сарф карда чӣ таҷрибае гузаронид, аммо пистаи онҳо сабз нашуд ва онҳо заминро ҳамту партофта рафтанд».
Роҳ аз канале, ки сӯи мазор мебарад, воқеан сангфарш шудааст. Дар ҳамсоягии мазор, ки тақрибан 60-70 га замин ҷойгир аст, 2 нафар дар майдон бо чӣ коре машғуланд. Эмомхатиб гуфт, инҳо аз ноҳияи ҳамсоя, дар «Гринд Голд» кор мекунанд. Хостам бо ин ҷавонмардон ҳамсӯҳбат шавам. Ин 2 корманд, ки худро Маҳмадюсуф ва Назир муаррифӣ карданд, гуфтанд, «2 рӯз боз майдони 4 га заминро ба 4 қисмат ҷудо (разбивка) карданием, лек замин ба нақшаи кашидашудаи онҳо рост намеояд. Агар заминсоз дар ин майдон ҳузур медошт, 2 рӯзи заҳмати кашидаи мо бекор намешуд, аммо писта дар н.Данғара ба шинондан омода аст». Маҳмадюсуф афзуд, ки ӯ аслан тракторчӣ аст, лек аз набуди кор маҷбур аст, ки дар ҳамин ҷо кор кунад.

Писта ва тобут
Соати бо вақти Шаҳритус 13:45 дақиқа. Ҳангоми ҳаракат эмомхатиб мошинашро назди маркази шустушӯи мошинҳо манъ карду фаромада, пеши касе рафт. «Оне, ки ҷустуҷӯяш мекардем, ҳамин аст!»- гуфт ӯ. Яъне, ин ҳамон Муҳаммадзамон буд, намояндаи ширкати «Грин Голд».
-Он коре, ки шумо барои мазор мекунед, ба ман чӣ дахл дорад? Ман намояндаи ин ширкат ҳастам, маро низ супориш медиҳанд, ки роҳи мазорро бандед, бигзор бо кадом роҳе, ки мераванд, рафтан гиранд. Роҳбарият бо шумо-сокинон вохӯрда пешниҳод карда буд, ки мазорро ба дигар қитъаи замин кӯчонед. Шумо, ки нахостед, дар ин айби ширкат нест, мо дар ин заминҳо боғи писта бунёд хоҳем кард».
Ҳамин аст дигар моҷарои пистазору гӯристону мазору пиставу мурдаҳои маҳаллӣ. Намедонам, ин моҷаро бо чӣ меанҷомад? Аммо агар вазъ ҳамингуна давом кардан гирад, мутмаин бош, хонанда, рӯзе дар сари гӯри падари ману ту низ ягон эронӣ писта мешинонад. Агар эронӣ писта нашинонд, пас хитоӣ пахта мекошад ва ё… Зеро мурдаҳои мо назди бархе аз руъасо 1 кг писта нарх надоштаанд. Мо Метавонем!

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter