ХАБАРИ ДОҒ

Аз зиёдшавии музди меҳнат то кӯмак ба «Тоҷик эйр»-чанд бардошт аз Паёми президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон

  • Ҷумъа, Дек 22 2017



Маош зиёд мешавад!
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  кард, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.
Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Ба ибрози Пешвои миллат, дар ин раванд Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши ин гуна молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

Таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро бояд ҷиддӣ ба роҳ монад. Ба таъкиди Сарвари давлат, муассисаҳои илмии Академияро зарур аст, ки таҳқиқотро доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома бахшанд.

Масъалаҳои «Тоҷик эйр»-ро бояд ҳал кард!
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб барои рушди сайёҳӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонию мусофиркашонӣ аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мебошад.
Куҳнаю фарсуда шудани парки техникӣ, номукаммалии сохтори идоракунӣ ва вазъи душвори молиявӣ садди роҳи инкишофи соҳаҳои зикршуда гардидааст.
Зарур мешуморам, ки ҷиҳати навсозии техникии ширкат ва корхонаи мазкур ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо ин, ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки барои баланд бардоштани қобилияти рақобати ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” барномаи махсуси дастгирии давлатии онро таҳия ва амалӣ намояд.

Ҷавоби марги кӯдаки 3-соларо кӣ медиҳад?
Президенти кишвар таъкид намуд, ки ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат зиёд ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст.
- Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ фаъолияти гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши сифати маҳсулоти воридотӣ дар 196 ширкати тиҷоратӣ нишон дод, ки ба кишвар ҳамасола 500-600 тонна бозичаҳои гуногун аз 20 давлати дунё ворид мешаванд, ки 90 фоизи онҳо аз рӯи сифат ба талаботи бехатарӣ мувофиқ нестанд ва ба саломатии кӯдакон зараровар мебошанд. Дар баробари ин, технологияи нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ дар сатҳи зарурӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда таъмин нагардидааст ва соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт низ чораҷӯӣ намоянд. Чанд рӯз пеш дар н. Восеъ 1 оила аз хӯрдани ҳасиб заҳролуд шуд ва 1 кӯдаки хурдсоли ин хонавода талаф ёфт. Ҷавоби марги ин кӯдаки 3-соларо кӣ медиҳад? Сохторҳои назоративу тафтишотӣ ҳар шом намоиш медиҳанд, ки дар ин ё он гӯшаи кишвар фурӯши маҳсулоти бесифатро ошкор кардаанд, аммо ин маҳсулот чаро ба мамлакат ворид шуд? Худашон гузоштанд водри шавад, зеро назорат нест!,-таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter