ХАБАРИ ДОҒ

Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Сӯҳбати имрӯзаи мо сари Диёрбек аст. Кӯдаке, ки маризи саратон шуду мо ба кӯмакаш камари ҳиммат бастем, аммо…
…Аз Деҳлӣ хабари шуме расид, ки Диёрбеки ҳамагӣ 5-солаву 7 моҳа, фариштаяке, дӯстрӯяке, биҳиштосояке бар асари ин касалӣ фавтидааст. Худо раҳмату мағфират кунад ва ба волидайнаш сабри ҷамил ато фармояд, ки чунин талафотро Худо бар ягон модар насиб нагардонад. Омин, ё раббул оламин!
Аммо Қуръон мегӯяд, ки «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Ҳама сӯи Ӯ бармегардем. Зимнан, фавти Диёрбек набояд моро таслим кунад! Баракс, мо тасмим гирифтем нақшаи кӯмак ба кӯдаки касалро амалӣ созем ва консерти дастаҷамъонаи ситораҳои санъати миллӣ, таҳти унвони «Мо бо туем, Диёрбек!»-ро дар Филармонияи Давлатӣ роҳандозӣ кунем. Дар ин соати ғам мо бояд наздиктар, ҷафстар, васлтар гардем. Консерт рӯзи 06.01.2018, соати 15:00 бояд баргузор шавад ва мо бояд исбот кунем, ки ҳузни 1 Тоҷик мо 8 млн Тоҷикро сарҷамътар мекунад.
Идеяи кӯмаки молӣ ба Диёрбекро мо ҷомаи нав пӯшонидем. Тамомии даромад аз консерт ба ягон ятимхонаи касалиҳои рӯҳӣ ё омӯзишгоҳи кӯдакони маъюб ва ё атфоли инвалид ирсол меёбад. Мутмаин бош, хонанда, ки ҳар дирами ба сандуқи хайрияи ин консерт рехтаат ҳатман ба адресат мерасад ва мо боз гузориш ҳам медиҳем, ки бо ин маблағ чӣ кор кардаем. Ин хайри ҷория мешавад ва абадан дар номаи аъмоли Диёрбеки биҳиштии 6-сола сабт мегардад. Мо метавонем!
Рӯиҳамрафта газетаи СССР пешниҳод дорад:
-Диёрбек-Рамзи Ҳамдилӣ,
Диёрбек-Рамзи Дастгирии ҳамдигарӣ,
Диёрбек-Рамзи Кӯмак ба ҳамватан,
Диёрбек-Рамзи Хайру Сахо ба атфоли Тоҷик…
…шинохта шавад ва ҳамасола дар ин рӯз мардуми Тоҷик барои кӯдакони мӯҳтоҷу дармонда, маризу инвалид дасти ёрӣ дароз кунад.
Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter