ХАБАРИ ДОҒ

1 сомонӣ-нархи нави роҳкирои троллейбусҳо

  • Сешанбе, Фев 20 2018


Рустами Эмомалӣ-раиси ш.Душанбе дирӯз бо тасвиби 1 қарори вежа нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаши пойтахтро тағийр дод. Тибқи ин қарор нархи нави роҳкиро аллакай аз 15.02.2018, яъне 5 рӯз пеш роҳандозӣ шуда, нархи роҳкиро барои 1 мусофир дар троллейбус 1 сомонӣ муқаррар гардид.
Бино ба итиллои аз ҳукумати ш.Душанбе расида, ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои 1 мусофир тавассути-автобусҳо-1,20 сомонӣ, автобусҳои хурдғунҷоиш (микроавтобусҳо)-1,60 сомонӣ, автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда - 1,50 сомонӣ, автобус ва троллейбусҳо бо кортҳои кӯтоҳмӯҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар-мутаносибан бо арзиши 5 ва 10 сомонӣ муқаррар карда шуд. Дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидорӣ шудани 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбусҳо тахфифҳои зерин пешниҳод карда шавад: барои 30%, барои дигарон 15%. Роҳкиро дар хатсайрҳои наздишаҳрии ш.Душанбе барои 1 мусофир тавассути нақлиёти мусофирбарии ғунҷоишаш хурд ва миёна 2 сомонӣ муқаррар карда шуд.
Сарраёсати молияи ш.Душанбе вазифадор гашт, ки бо назардошти баланд гардидани нархи роҳкиро фарқияти субсидияи шахсони имтиёздорро дар доираи маблағҳои барои соҳаи нақлиёт дар буҷети соли 2018 пешбинӣ гардида, тибқи тартиби муқарраргардида мутаносибан ба корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1, 2, 3 ва Троллейбус» пардохт намоянд.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter