ХАБАРИ ДОҒ

Озмуни «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018»

  • Чоршанбе, Фев 21 2018

 Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни  грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд: 5 грант дар ҳаҷми 20 000  сомонӣ, 11 грант дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, 5 грант дар ҳаҷми 8000  сомонӣ. Танҳо 21 лоиҳаи гранти беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми Грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои банақша гирифташуда муайян карда мешавад. Тибқи талаботи низомномаи озмун, соҳибкорзаноне, ки намунаи беҳтарин лоиҳаҳо ва дастовардҳои истеҳсолии худ, инчунин оид ба фаъолияти соҳибкориашон видеоролик пешниҳод карда, ба таъсиси ҷойҳои корӣ муваффақ шудаанд ва бо фарҳанги андозсупорию фаъолияти эҳсонкорӣ (дастгирии ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд) ба дигарон намунаанд, шанси бештари пирӯз дар озмунро доранд. ..

СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter