ХАБАРИ ДОҒ

Сӯхторҳои пайдарпай дар Душанбе: Диверсия, ё воқеият?

  • Чоршанбе, Июл 11 2018

Танҳо дар тайи 1 моҳи гузашта дар пойтахти кишварамон ш.Душанбе шумораи ҳодисаҳои сӯхтор афзуда, калонтарин марказҳои савдою хӯроки умумӣ ва биноҳои тиҷоратӣ қисман ба коми оташ рафтанд. Вазорати корҳои дохилии ҶТ нисбати ҳар 1 ҳодисаи ба вуқӯъ омада, парванда боз намуда, аз ҷониби муфаттишон ва коршиносони ин ниҳод тафтишот идома дорад ва бо гузашти 1 моҳ ҳанӯз ҳам сабабҳои сар задани оташ ва зарари аз он расида ба соҳибмулкон то ба охир маълум нашудааст. Мо интизори хулосаҳои масъулин нашуда, тасмим гирифтем омилҳои сар задани сӯхторро дар якҷоягӣ бо мутахассисон пайгирӣ намоем, зеро ин сӯхторҳо бештар дар бозору тарабхона ва марказҳои савдо-ҷойҳои серодам бо фосилаи 5-7 рӯз аз ҳамдигар сурат гирифта, боиси пайдо шудани ҳар гуна овозаву тахминҳо дар байни мардум гаштаанд.

Аз «Султони кабир» то «Шукрона»
2.06.2018. Соат бо вақти Душанбе 21:00 дақиқа. Дар калонтарин бозори масолеҳи сохтмонӣ, мебел ва ашёҳои маишиву рӯзғори кишвар-«Султони кабир» оташ сар зад. Сӯхтор дар ошёнаи 6-уми бозор ба вуқӯъ пайваста, беш аз 20 нуқтаи савдо ва дӯконҳоро дар ҳудуди 1.230 метри квадратӣ ба коми худ бурд. Ба кормандони хадамоти оташнишонӣ 4 соат лозим шуд, то оташро хомӯш намоянд. Баъдан ВКД ҶТ эълон намуд, ки тибқи тафтишоти пешакӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳо боиси сар задани оташ шудааст. Ҳафтае баъд вазорати номбурда боз эълон намуд, ки зарари аз оташ расида ба бозор 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Расо баъди 4 рӯз дар нимаи 2-юми рӯзи 6.06.2018 дар қаҳвахонаи «Мерве»-и пойтахт, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ сӯхтор ба амал омад. Рӯзи дигари ҳодиса гуфта шуд, ки оташ хеле зуд хомӯш гардида, ба мизоҷони ин қаҳвахона ва сокинони ошёнаҳои болоии бинои он зарар нарасидааст. Ба худи «Мерве» низ зарари ҷиддӣ расонида нашуда, вазорати корҳои дохилӣ сабаби сӯхторро дар расиши кӯтоҳи ноқилҳо эълон намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 11.06.2018-пас аз 5 рӯз боз 1 ҳодисаи сӯхтор дар маҳаллаи «Дарвоз» сурат гирифта, боиси ба коми оташ рафтани боми 5 бинои истиқоматӣ гашт. Оташ ҳудуди 120 метри квадратиро гирифта, ҳанӯз ҳам сабабҳо ва омилҳои ин сӯхтор эълон нашудааст.
Рӯзи 13.06.2018 дар 1 бинои дигари тиҷоратии 4-табақа, ки дар маҳаллаи «Водонасос»-и пойтахт қарор дорад, низ сӯхтор ба амал омад. Дар ин бино дафтари кории якчанд ширкатҳо, намояндагии бонкӣ ва мағозаҳо ҷойгир буда, бештар аз ҳама зарар ба ошёнаи 4-уми он расидааст. Омилҳои пеш омадани сӯхтор то ҳол ошкор нашудаанд.
Бо гузашти 11 рӯз аз ин ҳодиса, нимаи дуюми рӯзи 24.06.2018 қисмати болоии  тарабхонаи «Роҳат» дар наздикии Иттиҳодияи «Нассоҷи Тоҷик» ба коми оташ рафт. Дар натиҷаи ин сӯхтор бом ва 1 қисми ошёнаи дуюми тарабхона зарар дида, ба бинои асосӣ низ осеб расидааст. ВКД ҶТ сабаби пеш омадани сӯхторро дар тарабхонаи «Роҳат» дар ҳолати ғайрикорӣ фаъол будани хати барқӣ ё дурусттараш симҳо дид.
Субҳи рӯзи 28.06.2018 боз 1 ҳодисаи сӯхтори дигар дар тарабхонаи «Шукрона», воқеъ дар гардиши фурудгоҳ сар зад. Дар инҷо низ боми бино пурра ба коми оташ рафта, ба ошёнаҳои болоии он зарари ҷиддӣ расонида шуд. Ҳудуди зарардида 200 метри квадратиро ташкил намуда, сабабҳои сӯхтор ҳанӯз эълон нашудааст.
Ҳангоми омода шудани ин матлаб маълум шуд, ки ВКД-и кишвар вобаста ба ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Султони кабир» нисбат ба 3 корманди бозор аз рӯи моддаи 256 Кодекси ҷиноии ҶТ-нобудшавии ноустувор ва зарар ба молу мулк парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин 3 нафар масъули бехатарии оташ буда, нисбат ба қоидаҳои бехатарӣ дар бозор дар вақташ гӯиё чораандешӣ накардаанд.

Барқасдона, ё рақибона?
Генерал-майори милитсия, сардори РВКД ҶТ дар ш.Душанбе Шариф Назарзода дар пайи ин ҳодисаҳои сӯхтор дар яке аз мусоҳибаҳояш таъкид намудааст, ки ин сӯхторҳо дар пойтахт барқасдона нестанд ва омили асосии онҳо ин муносибати беэҳтиётона нисбат ба чораҳои бехатарӣ буда, ба рақобати носолим байни тоҷирону ширкатҳо рабт надорад. Бино ба иттилои Назарзода, масъулони ин нуқтаҳои савдо сари вақт чораҳои оташнишониро наҷуста, нисбат ба нигоҳдории таҷҳизоти маишиву техникӣ саҳлангорӣ кардаанд. Ин аст, ки дар вақти афзоиш ёфтани қувваи барқ ва расиши ноқилҳо сӯхтор ба амал омадааст.
Оташнишонҳои пойтахт ҳам дар навбати худ изҳор медоранд, ки дар ҳамаи ин иншооти сӯхташуда қоидаҳои оддитарини бехатарӣ ҳангоми пешгирии сӯхтор ба инобат гирифта нашудаанд, аз ҷумла, бо меъёр истифода бурдани таҷҳизоти техникӣ, аз қабили яхдон, плита, кондитсионер… Дар ҳавои гарм ва дар ҳолати истифодаи бе меъёр ба хати симҳои барқӣ ба қавле зӯр омада, онҳо ба об шудан сар мекунанд.
Бархе аз ҳолдонҳо мегӯянд, ки шояд паси ин сӯхторҳо худи соҳибмулконашон бошанд, ки бо ин роҳ мехоҳанд аз мақомоту сохторҳои марбута барои таҷдид ва азнавсозии биноҳояшон иҷозат бигиранд. Тибқи қоида барои таҷдид ва азнавсозии тарабхонаву марказҳои савдо, ки дар ҳолати хуб қарор доранд, муҷаввиз дода намешавад. Ва агар ҳам иҷозат дода шавад он танҳо пас аз сар задани ҳолатҳои фавқуллода, яъне сӯхтор! Мисоли ин гуфтаҳо метавонад тарабхонаи рӯбарӯи «Роҳат»-«Лола» шавад, ки чанд сол қабл тақозои таҷдиди бинояшро аз шаҳрдорӣ карда буд, вале роҳбарияти онвақтаи ш.Душанбе барояш иҷозат надод…Ва танҳо пас аз сар задани оташ тарабхонаи «Лола» ҳам таҷдид шуд ва ҳам соҳиби табақаи 2-юм гашт!
Тавре аз маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе дар робита ба ин тахминҳо мегӯянд, ки то ба имрӯз ягон ҳолати барқасдона оташ задани ин ё он бинову иншоот дар пойтахт ошкор ва ба қайд гирифта нашудааст.

Маҳсулоти бесифат-омили сӯхтор
Коршиносон ва кормандони Сарраёсати оташнишонии ВКД ҶТ яке аз сабабҳои асосии пеш омадани ҳодисаҳои сӯхторро дар маҳсулоти бесифат ва зуд оташгирандаи сохтмонӣ мебинанд. Соҳибмулкон ва сохтмончиён имрӯз ба хотири бо нархи арзон бунёд намудани бино ва оро додани намуди зоҳириву дохилии он аз маҳсулоти пластикӣ хеле зиёд истифода мебаранд ва он ҳам бошад пластикаи арзон ва бесифат. Инчунин, барои кашидани хати барқ сими ба стандарт ҷавобгӯ аз рӯи иқтидор харида ва кашида намешавад ва маълум аст, ки сими борику арзон наметавонад бори вазнинро то охир бардорад. Боз 1 омили дигар он аст, ки соҳибмулкон меъёри истифодаи асбобҳои барқиро хуб намедонанд ва аз он шабонарӯзӣ истифода мебаранд, ки дуруст нест-ҳар 1 таҷҳизоти барқӣ пас аз 3 соати корӣ ниёз ба истироҳат дорад. Истифодаи бенизоми он ҳатман ба сӯхтор оварда мерасонад.

Диверсия, ё теракт?
Ба вуқӯъ пайвастани 6 сӯхтори бузург танҳо дар 1 моҳ ва наздики 50 ҳодисаи сӯхтори хурду бузург дар миқёси кишвар дар тӯли 2 моҳи гузашта сокинони мамлакатро нигарон сохтааст. Аз рӯи мушоҳидаҳо ин ҳодисаҳо бештар дар нуқтаҳои савдо ва бозору идораҳои маъмурӣ-ҷои ҷамъ шудани теъдоди зиёди мардум пеш меоянд ва ҳатман дар паси худ сирре доранд. Чуноне ки мардум мегӯянд, шояд ин ҳам 1 роҳи диверсия бошад, ки аз ҷониби душманон ва хоинони миллату меҳан ботадриҷ ба нақша гирифта шуда, бо навбат дар ин ё он гӯшаи шаҳру кишвар амалӣ мегардад!? Мо инро намедонем ва шояд ин овозаҳо беасос ҳам нестанд ва агар чунин буд, пас мақомоти қудратии ҷумҳуриро бояд ҳушдор дод, то барои таҳқиқи ин овозаҳо бипардозанд ва аз ҳодисаҳои минбаъдаи фавқуллода сокинони Тоҷикистонро эмин нигаҳ доранд. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter