ХАБАРИ ДОҒ

Маҳсулоти пастсифат аз бозори «Уялӣ» гирифта шуд

  • Ҷумъа, Июл 27 2018


Дар рафти 1 рейди муштараки Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар бозори 1 рӯзае, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии н.Хуросон фаъолият дорад, қонунвайрокуниҳои зиёд ошкор карда шуд.
 Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба СССР хабар доданд, дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қисме аз соҳибкорон дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ба фурӯши маҳсулотҳои хӯрока машғул ҳастанд. Мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷиш 232 кг маҳсулотҳои гӯштӣ ва 90 литр обҳои ташнашикан ва маҳсулоти ширӣ (дуғоб), ки ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгуй нестанд, аз муомилот гирифтанд. 
 Инчунин, барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати 55 нафар соҳибкорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин, фаъолияти 9-адад иншоотҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла 2 ошхона, 1 дӯкони самбӯсапазӣ, 4 адад нуқтаҳои тезтаёр, 2-нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои гӯштӣ, боздошт карда шуд. Манбаъ илова кард, ки дар оянда низ чунин рейдҳои муштарак ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла РВКД дар вилояти Хатлон дар дигар бозорҳои якрӯзае, ки дар қаламрави минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, гузаронида хоҳад шуд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter