ХАБАРИ ДОҒ

Неъмонов ба суд муроҷиат кунад

  • Панҷшанбе, Авг 09 2018


Прокуратураи н.Қубодиён мақолаи Неъмонов Эмом Ҳайдаровичро, ки дар газетаи СССР (№25, 21.07.2018) бо номи «Чӣ тавр Алиҷон писари маро фиреб кард?» ба табъ расидааст, мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш нишон дод, ки дар ҳақиқат писари Неъмонов Эмом Ҳайдарович-Эмоми Абдураҳмон, сокини н.Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Қизил-Тоҷикистон бо даъвати ҳамдеҳааш Шокиров Алиҷон Ҷамшедович майи с.2017 барои кор кардан ба шаҳри Якутияи Федератсияи Россия рафта, дар назди ӯ ба ҳайси «арматуршик» муддати 6 моҳу 10 рӯз кор кардааст. Ӯ тибқи ваъдааш бояд, ки ба Э.Абдураҳмон ҳар моҳ ҳаққи меҳнаташро ба маблағи 40-45 ҳазор рубли русӣ медодааст. Аммо ӯ дар давоми 6 моҳу 10 рӯз ҳаққи меҳнати Эмомро танҳо ба маблағи 73 000 рубли русӣ ҳисобӣ карда, боқимонда маблағи 180.000 рубли русиро надодааст. Ҳамчунин, дар рафти санҷиш муайян шуд, ки аҳд байни Шокиров ва Эмом тариқи шифоҳӣ дар шаҳри Якутия ба вуҷуд омадааст. Тибқи талаботи моддаи 4-и КМГ ҶТ ҳар шахси манфиатдор тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии судии гражданӣ барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайроншуда ё мавриди баҳс қарордоштаи худ ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ доранд. Аз ин рӯ, Неъмонов Эмом ҳуқуқ дорад, оид ба ин масъала бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат кунад.

Раҳмонзода А.Ф.
Прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter