ХАБАРИ ДОҒ

Фурудгоҳи «Хоруғ» ба 1075 мусофир хизмат кардааст

  • Чоршанбе, Нояб 07 2018


Фурудгоҳи ш.Хоруғ, ки таҳти тобеияти идории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қарор дорад, фаъолияти худро дар 9 моҳи соли 2018 бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намуд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, фурудгоҳи «Хоруғ» дар давраи ҳисоботӣ 64 парвози тайёраи АН-28 ва 18 парвози чархболи МИ-8МТВ-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр»-ро қабул ва гусел намуда, дар маҷмӯъ ба 1075 мусофир хизмат намудааст, ки аз он ҷумлаи онҳо 248 нафар кӯдакони то 5 сола, 119 нафар кӯдакони синни аз 5 то 12 сола ва 10 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат мебошанд. Ба ғайр аз ин, тавассути ин фурудгоҳ 135 парвози чархболҳои мусофиркашу боркашонӣ сурат гирифтааст.
Бояд зикр намуд, ки вурудгоҳи «Хоруғ» фурудгоҳи асосӣ ва калонтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, он дар наздикии шаҳри Хоруғ—маркази маъмурии вилоят, дар лаби дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Фурудгоҳи «Хоруғ» аз сатҳи баҳр дар баландии 2080 метр ҷойгир гардида, яке аз баландтарин фурудгоҳҳои дунё ба ҳисоб меравад ва дар баробари ҳавопаймоҳои хурд ба чархболҳо низ хизмат мерасонад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter