ХАБАРИ ДОҒ

Пранкер ё масхарабозони бемаданият?

  • Чоршанбе, Авг 26 2020

 Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса занон тарафдори ба маҳбас кашида шудани ин 3 нафар, алалхусус Матлуба Кулиева, ки худ модар аст, буда, ҷазои ба инҳо додашударо ҷиддӣ ва сахт ҳисоб намекунанд. Бархе ҳатто пешниҳод намуданд, ки ҷавонзанро барои ин кирдораш аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум созанд!

«Арӯси замонавӣ», ҳабси «блогерон», таҳқири ноболиғ 

Яке аз чунин ҳолатҳо, яъне истифодаи кӯдаки ноболиғ дар навори таҳқиромез аз ҷониби 3 нафар ба ном блогеру пранкерҳо 11.08.2020 рух дода, навори он дар 1 қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардид. Мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани 1 наврас, ки шояд ноқисулақл бошад, мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон 1 қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар ш.Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати ин «блогерон» чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. 

Ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР низ он наворро дид, ки дар он 1 нафар ба ном ҷавонзан, ки садқаи номи модарӣ шавад, бо ҳамроҳии 2 нафар ҷавон, ки садқаи номи мардӣ шаванд,  ба тани писарбачае либоси чакани (таҳқири либоси миллӣ-чакан!) духтарона пушонида, рӯяшро бо маҳсулоти ороишӣ (косметикӣ) рангубор намуда, ба сараш тоқиву тӯри арӯсӣ пӯшонида, пасон бар замми ин дар сараш тухм мешикананд. Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ «блогерҳо» наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” ва аз ин гуна суханҳои дур аз маданияти тоҷикона. Он нафари ба ном зан бошад, бо усулу методи хеш ин кӯдакро аз мард ба зан табдил медод…

 Ҳабси 5-7 рӯза ва 406 сомонӣ ҷарима…

Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагони ин навор (ба гуфти худи ин одамсуратони ҳайвонтиннат-ПРАНК) муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. 

Инҳо:

1. Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович соли таваллудаш 26.01.1989, истиқоматкунандаи к.Борбад, бинои 82, дар байни блогерон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Кучкар” маъруф аст;

2. Муҳаммадиев Акбар Одилович соли таваллудаш 23.06.1993, истиқоматкунандаи к.Маяковский, бинои 22;

3. Кулиева Матлуба Баҳодуровна соли таваллудаш 14.03.1994, истиқоматкунандаи к.Профсоюз, хонаи 12 мебошанд.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии «пранк»-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст. Бояд донист, ки ин писарбачаи ноболиғ 100 маротиба ҳам розигӣ дода бошад, қабул нест, зеро вай ноболиғ буда, масъулияташ бар дӯши падару модараш аст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни ҶТ«Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон гардидааст, нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба мӯҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кӯдаки ноболиғ (тасаввур кунед ин зан боз фарзанд доштааст!!!), нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шуд.

Ҷойи «Кучкар» ва дӯстонаш маҳбас аст!

Истифодабарандагони шабакаҳои ичтимоӣ, хосса занон тарафдори ба маҳбас кашида шудани ин 3 нафар, алалхусус Матлуба Кулиева, ки худ модар аст, буда, ҷазои ба инҳо додашударо ҷиддӣ ва сахт ҳисоб намекунанд. Бархе ҳатто пешниҳод намуданд, ки ҷавонзанро барои ин кирдораш аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум созанд! Воқеан ҳам, оё замоне нарасидааст, ки чунин блогер-панкер-тик-токҳои навбаромади тоҷик, ки бо пахши наворҳои бемаънӣ ва таҳқиромези худ шабакаҳои интернетиро пур кардаанд, ба ҷавобгарии сангинтар, то маҳбас кашида шаванд? Зеро тибқи Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ин кор ҷиноят ба ҳисоб рафта, ҷинояткорон бояд ҳукми сангин бигиранду чанд соли хешро паси панҷара гузаронанд, то бидонанд, ки ҳар амали бад подоши муносиб дорад.

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter