ХАБАРИ ДОҒ

Мақолаи «Чӣ гуна ман COVID шудам»-и Сайёфи Мизробро, ки дар шумораҳои №40-41 «СССР» 1(5-22 октябри соли 2020) ба табъ расид, пурра хондам. Шукр, ки дӯст ва ҳамкасби мо аз ин беморӣ шифо ёфтааст. Худованд умри дарозаш бидиҳад! Муаллиф дар баробари миннатдорӣ ба табибон рӯйхати дорувориҳоро овардааст, ки гаронарзиш ва истеҳсоли хориҷианд.

Аммо ман чанд нафар дӯстонамро медонам, ки бо истифода аз доруҳои ватании арзон ба фазли Худованд шифо ёфтаанд. Яке аз онҳо сокини маҳаллаи Хоҷа Мӯсои шаҳри Ҳисор Алимардон Ҳусейнов мебошад. Номбурда дар моҳи шарифи Рамазон гирифтори беморӣ шуда, изҳор намуд, ки таъми ғизо ва бӯйро ҳис намекунад, иштиҳоро гум карда, беҳол гаштааст. Яке аз дӯстонаш  7 адад нӯшдоруи аз сиёҳдона тайёркардаи «Антиковид-19»-ро, ки ҳар кадом 100 милилитрӣ мебошанд, барояш дастрас кард. Рӯзе 3 маротиба 1 қошуқӣ аз ин давои табиӣ истеъмол намуда, дар 2 ҳафта ба по хеста, фаъолияти соҳибкориашро идома дод.

Сиёҳдона ва асал-аҷали вирус

Сокини маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор Абдулазиз  Ҳикматов  бошад, илова ба нӯшдоруи сиёҳдона аз маҳлули пошанда (спрей)-и «Антиковид-19» низ истифода бурда, шифои комил ёфт. Ӯ ба хотири гирифтор нашудан (профилактика) ба бемории COVID-19 ба тамоми аҳли хонаводааш истеъмоли давоҳои мазкурро  тавсия дод.

Сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Полвонов Сифатулло, ки дар миёни 2 ҳафта 4 нафар шахсони барояш азизро аз бемории мазкур аз даст дод, дар хона 1 моҳ бистарӣ шуда, аз равғани сиёҳдона, асал ва нӯшдоруи сиёҳдона  истифода бурда, шукри Худо шифо ёфт. 

Ман низ бо аҳли хонавода аз равғани сиёҳдона, асал, нӯшдоруи сиёҳдона, нӯшдоруи «Авитсенна» (иборат аз 26 гиёҳ), маҳлули пошандаи «Антиковид-19» истифода бурда, бо фазли Худои Меҳрубон аз ин беморӣ эмин мондем. Равғану давоҳои зикршуда истеҳсоли ширкати ватании «Авитсенна» аст, ки сарварии онро Сайидвалӣ Ҳикматов бар дӯш  дорад. Давоҳои истеҳсоли ин ширкати ватанӣ ҳама табиӣ буда, аз доруҳои хориҷӣ арзонтаранд. Барои 1 давраи пешгирӣ (курс профилактика) ва муолиҷа дар маҷмӯъ аз 200 то 500 сомонӣ (максимум) кифоя аст. 

Ба доруи ватанӣ арҷ гузорем

Мутаассифона, дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба давоҳои ватанӣ кам эътибор медиҳанд. Аз рӯи тафаккури даврони шӯравӣ амал карда, хаёл мекунанд, ки танҳо моли хориҷӣ босифат аст. Хуб мешуд, ки табибони мамлакат давоҳои ватаниро таҷриба намуда, ба беморон тавсия диҳанд. Зеро солҳои чилум-панҷоҳуми асри гузашта, олмониҳою  япониҳои иқтисодиёташон  баъди ҷанг  харобшуда ҳангоми интихоби мол  ба маҳсулоти ватанӣ (бо вуҷуди  қимат буданаш) арҷ гузошта, истеҳсолоташонро дастгирӣ карданд. Дар натиҷа корхонаҳои ватаниашон «ҷон гирифта», яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё кишварҳои аз ҳама пешрафта шуданд. Агар мо ҳам маҳсулоти ватаниамонро мисли олмониҳову япониҳо дастгирӣ кунем, корхонаҳои мамлакат, ки тифли навзодро мемонанд, зуд ба по рост хоҳанд шуд. Мо метавонем!.

С. Суннатӣ,  рӯзноманигор 

махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter