ХАБАРИ ДОҒ

 

Воқеоти ҳафтаи ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бори дигар нишон дод, ки НАТО, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба бовар нестанд ва ҳар обе, ки медиҳанд заҳр дораду ҳар кӯмаке, ки мекунанд, ситам дар пай. Ҳамакнун Ғарб исбот кард, ки на танҳо дар фикри ободиву озодиву демократиякунонии Шарқи Исломӣ нест, балки тамомии хараҷу мараҷу кӯмаку дастгириҳои пуливу моливу ҳарбияш ба он равона шудааст, ки давлатҳои исломиро варшикастатар созад.

Ҳоло, ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ «хеле хар мебояд бошӣ», то баъди демократиябозиҳо дар қораи араб, боз бовар кунӣ, ки сайтҳои ғарбӣ, интернет, дастовардҳои нанотехноложии он, ба олами ислом озодӣ меоранд. Инқилобҳои арабӣ, ки тӯли даҳсолаи ахир дар ину он давлати қораи араб буруз карданд, 100% собит сохтанд, ки тамомии талошу кӯшиши Ғарб барои барҳамрезии Шарқ равона шудааст. Демократиябозии арабӣ, бо номи гӯшнавози «Баҳори Араб» ба он овард, ки садҳо миллион араб кушта, бехона, бедавлат ва бесарпаноҳ монад.

Аз ситами демократиябозӣ Хитой, Ҳинд, Покистон ҷон ба саломат бурд. Зеро сари фитнаро саривақтӣ бо бел гирифтанд:

Сари чашма бояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд нашояд гузаштан ба пил!

Воқеан ҳам, яке аз ҳиллаҳои антиғарбие, ки Покистон пеша кардаву аз ситами инқлобҳои Ғарб наҷот ёфт, ин сӯи марзи Афғонистон кашидани таваҷҷӯҳи ғазаби мардуми бумияш буд. Имрӯз аз касе пӯшида нест, ки сарпарасти ҷумбиши Толибон Исломободи расмист. Покистон дигар чорае надорад, бидуни ин кор. Зеро дар сурати акс, ғазаби фан-клуби паштунтаборон сӯи худи ин кишвар равона мегардад. Зимнан, домани андешаи «Афғонистон-сарзамини паштунҳо»-ро пур аз чормағзи пӯч месозаду камон бар кафи Толибон мениҳад.

 Сиёсати шинос не? Агар фаромӯш кардаед, ёд оред, ки қирғизҳои бечораро дар марзи Тоҷикистон ҳукумати 5-умашон аст, ки таҳрик медиҳад. Ва агар дар Афғонистон сухан сари 1 давлат равад, пас ин ҷо территорияи даъво кӯчак, вале ҳамоно таваҷҷӯҳбарангез аст. Қирғизҳо барои ғасби Ворух, дасти тасаллут ёфтан бар манбаъҳои обӣ, дарёи Исфара ва сари зону шинонидани вилояти саноатии Суғд талош мекунанд.

 Мушкил танҳо 1 фарқият дорад: Толибон қувваву қудрати абарқудратҳоянд. Қирғизҳо ҳоло на…

Вале ҳафтаи гузашта, барои доманадор кардани проблема ва ба глобал-политик табдил додани он, чанд созмони ҳуқуқдифоъи қирғизӣ, ки (таваҷҷӯҳ кун, хонанда!) зери сарпарастии гранти хориҷӣ амал мекунанд, Тоҷикистонро ба Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноии Гаага доданд. Ба даъвои хоми ин «ҳуқуқдифоъҳо» гӯиё аҳолии осоиштаи қирғизро марзбонони Тоҷик куштаанд. Мо медонем ин ҳама ҳарза аст. Худи қирғизҳо низ инро хуб медонанд. Суди Гаага, тем более, медонад, ин сафсатае беш нест. Вале давлатмардони мо набояд ин инсидентро нодида гиранд. Зеро паси ин даъво қувваҳои бузург меистанд!

Ба нисбат ин ҳамон қудратҳоеанд, ки баъди 20 соли «кӯмак барои демократиякунонии Афғонистон» ва харҷи миллиардҳо доллар барои «реформаи Армияи Афғон», зиракона артиши Толибонро низ мусаллаҳ мекарданд. Воқеоти ахир дар Шерхон-бандар нишон дод, ки мутаассуф, Армияи Толибон хубтар аз Артиши Афғонистон муҷаҳҳаз ва мусаллаҳ будааст. Ва ин ки 134 марзбони мусаллаҳи афғон тавассути кӯпрукҳои сохтаи кишварҳои Ғарб ба хоки мо панаҳ бурд, низ факти нигаронкунанда аст. Зеро мабод ин сенарияи навин бошад, типа,  инҳо, ки гузаштанд, Толибон низ мегузаранд! Яъне роҳ боз аст дигар!!!

СССР-давлат дар назар аст, он қадар беандеша набуд, ки тӯли 70 соли мавҷудият ва (ҳатман таваҷҷӯҳ кун хонанда) ТӮЛИ 10 СОЛИ ҶАНГ дар Афғонистон ҳатто 1 пул, кӯпрук, мост насохт!!! Магар мушкил буд барои Маскав 1 пул сохтану тавассути он аз Тоҷикистон ба Афғонистон кашидани силоҳу муҳимоти ҷангӣ? 2х2 буд. Вале дар Маскав медонистанд, ки ин кӯпрукҳо дар оянда хатарзо мегарданд!!!

Фаромӯш набояд кард, ки тӯли садсолаҳо Дарёи Панҷ, Рӯдхонаи Омӯ, худ 1 марзи бузурги Худовандӣ буд, ки Тоҷикистони азизро аз шарри балову батари афғонӣ ҳифз мекард. Дар тӯли ҳазорсолаҳо танҳо Тӯфони афғонӣ (Афганка) метавонист бидуни мамоният ба хоки Осиёи Миёна дарояду бас…

 Парадокси муаммо ин ҷост, ки баъди сохту сози пулҳои бузурге, ки аслан вайрон карданашон имкон надорад (ну, очень огне-упорные!!!), дар сари фанатикҳои он сӯи Омӯ «нохост» идеяи таъсиси Хилофат, бо пойтахташ дар Бухоро ва забти кишварҳои Осиёи марказӣ чуқуртар реша давониду ҳазорон тоҷику ӯзбеку қирғиз ба «ҷиҳод» рафтанд. Тасодуф? Фикр намекунӣ, хонанда, ки тасодуфҳо хеле зиёд ва хеле монанд шудаанд?

Муҳимтар аз ин, ин ҳолост, ки мегуянд, Толибон дар сар ғояи ғасб ва ё ҳуҷум бар ОМ надоранд. Ин идея барои онҳо то соате бегона буд, ки ба таъбири Почталйон Печкин аз филми тасвирии дидании советӣ, бо номи гӯшнавози «Мы из Простоквашино»:

-…Потому, что у меня велосипеда не было!!!

Нашавад, ки Толибон гӯянд:

-…Потому что у нас моста не было?!…

Мо 1 гуптем-да. Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter