ХАБАРИ ДОҒ

Вахш: СЭС-и ноҳия бемасъулият аст!

  • Чоршанбе, Июл 27 2022

 

Давлат Ҳабибов хонандаи доими СССР аз ФР, ш. Санкт-Петербург, сокини Хатлонзамин, ба идораи СССР занг зада (+7952473507), шикоят аз масъули СЭС-и ноҳия кард.

Пеш аз ба муҳҷират рафтан ба хонаи хешҳоямон рафта будам, ки назди канали ноҳия, ки дар пеши «Ҳамоми Туркманистон» аст. Ростӣ, аз назди канал гузашта, мушоҳида кардам, ки сокинон ҳоҷатхонаҳои худ ва пасови оби худро ба он ҷорӣ мекунанд. Табъам гашт, ки аз ин канал об нӯшам, хатто таом ва чойи хешҳоямро нахурдам. Ҳоло нигаронам, сокинони ин деҳа мегуянд, ки аз ин канал об наменӯшем. Бисёр хуб, аммо мардуми деҳоти поён об менӯшанд-ку!? Чаро масъулини СЭС ва мақомоти қудратӣ рафтори сокинони ин деҳаро назорат ва ҷаримабандӣ намекунанд? Баъд мегӯем, ки бемиориҳои сироятӣ аз куҷо омад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter