ХАБАРИ ДОҒ

 

Аз маркази шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти н.Файзобод шоҳроҳи байналмилалӣ гузашта, маҳз ба воситаи ҳамин шоҳроҳ мошинҳои калонҳаҷми пурбор ба ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷумҳуриҳои Қирғизистону Чин бор мекашонанд.

Дар наздики шоҳроҳ мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ, дорухона, дӯкони гӯшт, мағозаҳои хӯрока, биноҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд, ки ба рафту омади воситаҳои нақлиёти калонҳаҷми пурбор монеа эҷод мекунанд. Ҳангоми гузаштани нақлиёт агар ронанда эҳтиёт накунад, ҳатман ба мағозаю манзилҳои истиқоматӣ мезанад.

Лоиҳакашони ин иншоот - идораи кумитаи замин ва собиқ раиси ҷамоати деҳоти Мискинобод, ҳоло шаҳраки 30-солагии Истиқлолият андеша накардаанд, ки аз ин шоҳроҳ мошинҳои пурбори вазнин чӣ гуна хоҳанд гузашт?

Бояд мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ, мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳою дӯкони гӯшт ва манзилҳои истиқоматӣ дар масофаи 2,5 метр дуртар бунёд шуда, ба рафту омади воситаҳои нақлиёти пурбор монеа эҷод накунанд.  Ҳамчунин, аз беназоратии нозирони Вазорати нақлиёт ва роҳҳои ҷумҳурӣ, БДА дар назди шоҳроҳ пробка - тамбашавии воситаҳои нақлиёти гуногунтамға ба амал омада, ба убури пиёдагардон мушкил эҷод мекунанд.

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter