ХАБАРИ ДОҒ

Танзимро кӣ назорат мекунад?

  • Чоршанбе, Дек 28 2022

 

Аз маркази шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти н.Файзобод ба шаҳрҳои Роғун – Ваҳдат – Душанбе ва шаҳраки Обигарм воситаҳои нақлиёт мусофиркашӣ мекунанд. Маркази ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт чунон танг аст, ки ронандагону пиёдагардон сару калобаашонро гум кардаанд. Дар ин бора борҳо бонги изтироб зада бошем ҳам, беҳбудӣ дида намешавад ва пиёдагардон имрӯз низ ҳангоми гузаштан аз ин минтақа метарсанд.  

 Аз маркази шаҳраки 30-солагии Истиқлолият то шаҳраки Обигарм роҳкироро ронандагон то 15-сомонӣ боло бардоштанд, гарчанде масофаи роҳ 10 километр бошад ҳам, инро ронандагон ба инобат намегиранд. Аз ҳамин шаҳрак то маркази н.Файзобод масофаи роҳ 18,5 километр буда, роҳкиро 10-сомонӣ муайян шудааст. То шаҳри Роғун бошад ронандагон нархи роҳкироро то 20-25 сомонӣ боло бурдаанд. Ҳамчунин дар маркази шаҳрак дарвозаи «Заркамариён» сохта шудааст, ки ба шароити имрӯза ҷавобгӯй нест. Гирду атрофи дарвоза танг буда, ба рафтуомади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунад. Дар шоҳроҳи шаҳраки Лолагии ноҳия кормандони соҳаи танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт дар 1 бинои хурде ҷойгир шудаанд, ки дар паноҳгоҳи роҳ воқеъ аст. Ҳамин ки воситаҳои нақлиёти гуногунтамға аз роҳ гузаштанӣ мешаванд, кормандони ин хадамот ба қавле аз элчаи худ баромада, даррав манъ мекунанд. Фаъолияти ғайриқонунии кормандони хадамоти танзими роҳро кӣ танзим мекарда бошад?

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter