ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 12 2017


Рӯзҳои 2-4 апрели соли 2017 дар ш. Анталия (Туркия) Ҷаласаи 37-уми Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷаласаи 37-уми Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода намояндагӣ намуд.
Чуноне ик маркази матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои монетарӣ, бонкӣ, молиявӣ, инчунин роҳҳои мусоидат ба рушди устувори низоми молиявию бонкӣ дар кишварҳои аъзои Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан баррасӣ гардиданд.
Зимни ҷаласа 13 намояндаи кишварҳои аъзо бо муаррифӣ баромад намуданд, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон дар кори ҷаласа мавзӯи “Рушди кунунии иқтисодиёт”-ро пешкаши ҳозирин намуд.
Дар доираи сафари корӣ ба аъзоёни Клуби мазкур инчунин имконият фароҳам омад, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти низоми бонкӣ, татбиқи самараноки сиёсати монетарӣ ва роҳҳои бартараф намудани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ бо намояндагони кишварҳои аъзо мубодилаи андеша намоянд.
Аз ҷумла Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни сафари корӣ бо Раиси Бонки марказии Туркия Мурат Четинкай ва Раиси Бонки миллии Гурҷистон Коба Гвенетадзе вохӯрӣ гузаронида, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти низоми бонкии кишвар, бозомӯзии кормандон ва мубодилаи таҷриба муколамаи пурмуҳтаво доир намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ба ҳайати Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан бонкҳои марказии 25 кишвар, аз ҷумла давлатҳои ИДМ, Осиёи Марказӣ, Туркия, Гурҷистон, Исроил, Хитой ва ҷануби шарқи Европа шомил буда, он соли 1988 бо мақсади рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни бонкҳои марказӣ, омӯзиши имкониятҳои ҳамкории техникӣ дар соҳаи низоми бонкӣ ва молия, мубодилаи таҷриба дар самти танзим ва молия таъсис дода шудааст.



СССР



Сешанбе, Апр 11 2017


Имрӯз чунин шудааст, ки ҳатто алафи хӯрданамонро аз пойтахти кишвари ҳамсоя меоранд! Ва нархи 1 кг пудинаи қирғизӣ ҳоло дар бозорҳои пойтахтамон то ба 10 сомонӣ расидаасту аз ҳама муҳим мардум онро мехаранд! Пас дар кишвари мо чӣ мекоранду вазорати кишоварзӣ барои чӣ лозим???

Душанбе, Апр 10 2017


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2017 (№ 17) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Бонки Осиё” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Чуноне ки аз маркази матбуоти БОнки Миллии Тоҷикистон ба мухбири СССР хабар доданд, тибқи қарори зикршуда иҷозатномаҳои ҶСП БС “Конт” барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз 27 июли соли 2011 ва барои иҷрои амалиёти кассавӣ аз 11 январи соли 2012 бозхонд карда шуд.



СССР

Душанбе, Апр 03 2017


Дафтари кории калонтарин собиқ заводи "Тамоку" дар Панҷакент фурӯхта шудааст. Ин биноро Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент харидааст ва тибқи иттилои устодон, он яке аз биноҳои донишкада хоҳад шуд. Фурӯхта шудани дафтари кории заводи Таммоку дар ҳолест, ки чанде пеш намояндаи ин завод гуфта буд, қарзамонро дар назди андоз пардохт намудем ва фаъолиятамонро аз нав оғоз ва ба истеҳсоли таммоку шурӯъ хоҳем кард. Заводи Тамокуи ш.Панҷакент, калонтарин заводи ферментатсиякунӣ дар собиқ Шӯравӣ бо дастгоҳи нодир буд ва ҳамон замон қисми зиёди буҷетро таъмин мекард.


Хуршед Фозилов

Чоршанбе, Март 29 2017


(Ё худ чи тавр Агроинвестбонк аз ҳисоби панҷакентиҳо аз бӯҳрон раҳо ёфтанист?!)

Сешанбе, Март 14 2017



Нархи истифодаи қувваи барқ барои насосҳои обкашӣ ва нақлиёте, ки бо барқ кор мекунад, яъне троллейбусҳо дар кишвар боло бардошта шуд.
Минбаъд, насосҳои обкашӣ дар мавсими тобистона – аз моҳи апрел то сентябр барои 1 киловатт соат қувваи барқ бояд -5,10 дирам пардохт намоянд. Дар дигар моҳҳои сол бошад насосҳои обкашӣ дар баробари аҳолӣ пули қувваи барқро пардохт хоҳанд кард.
Нақлиёти барқӣ низ аз ин пас барои 1 киловатт соат нерӯи барқ бояд баробари аҳолӣ пардохт намояд.
Ба чунин қарор президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 24.02.2017 имзо гузоштааст ва мутобиқи ин қарор тарофаҳои нави пардохти пули барқ барои насосҳои обкашӣ ва нақлиёти барқи бояд аз 1.01.2017 ҳисоб карда шаванд. Нархи пардохти истифодаи қувваи барқ барои аҳолии кишвар бетағийр боқӣ мондааст.

СССР

саҳ 58 аз 70

Китобҳо

Flag Counter