ХАБАРИ ДОҒ

SOS!!! «Суғдиён-Помир тур» фиреб мекунад!

  • Ҷумъа, Дек 16 2016

13.08.2016 дар назди Қасри ҷавонони ш.Хуҷанд бо Иброҳими Наққош гаштугузор мекардам. Ногоҳ чашмам ба эълоне афтод: «Агар хоҳед, ки сафари бобаракате ба шаҳрҳои афсонавии тоҷикон-Самарқанду Бухоро анҷом диҳед, аз хизмати филиали «Ширкати сайёҳии Суғдиён-Помир тур» истифода баред. Мо дар давоми 5 шабонарӯз саёҳаткунандагонро ба беҳтарин мавзеъҳои тамошобоби ин 2 шаҳр ошно хоҳем кард». Ҳавою ҳаваси саёҳати ин 2 шаҳр якбора маро водор кард, ки 2400 сомонии нақдро, ки ба ин пул ниёзи зиёде доштам, оварда ба дасти сармуҳосиби ин ширкат, ки аз гуфтани номаш сарпечӣ кард, супорам. Дар эълон нишон дода шуда буд, ки қабули ҳуҷҷатҳо то 20 август идома меёбаду 13 сентябр бо фароғат ба сафар мебароем ва аз дидани мақбараи Баҳовиддини Нақшбанд, Ситораи моҳи Хоса, Мақбараи Исмоили Сомонӣ, Чашмаи Аюб, Масҷиди калон ва манораи Баланд, мақбараи Абдухолиқи Ғиждувонӣ, осорхонаи С.Айнӣ, мақбараи Имом-ал-Бухорӣ, мақбараи Шоҳи Зинда, Маҷмааи Регистон ва мақбараи Хоҷа Аҳрори Валӣ лаззат бурда, бо хӯрдани нони Самарқанду супероши Бухоро шукрона мекунем. Чун рӯзи сафар фаро расид, Зокир Болтуев-раиси «Суғдиён-Помир тур» эълон кард, ки ба қарибӣ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз олам гузашт ва сафарамон то 25 сентябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин байн рухсатии меҳнатии думоҳаи ман поён ёфт. Шукронаи Худовандро ба ҷо меовардам, ки 10 рӯз рухсатии эҳтиётӣ дораму ба сафари 5-рӯзаи ман кифоят аст. Аз миён вақт гузашту 25 сентябр фаро расид. Болтуев боз баҳона пеш овард, ки ниммоҳаи аввали моҳи октябр сафар хоҳем кард. Ҳамин тариқ, октябр ҳам бо баҳонаҳои 15-ум, 20-ум, 30-юм ба поён расид. Корд ба устухон расиду боз ба ӯ занг задам, ки гуфт:

-Агар ин сафари мо рӯзи 15 ноябр баргузор нагардад, ман танҳо туро гирифта ба саёҳати ин шаҳрҳо мебарам. Агар қавли худро шиканам ман номард бошам.

Рӯзи 10 ноябри соли равон боз ба ӯ занг задам. Ӯ гуфт: «Шиносномаи ту кӯҳна шудаасту шиносномаи тоҷикиатро фиристон, то ман муҳлаташро дароз кунам ва рӯзи 18-ум ё 19 ноябр ба сафар мебароем».

Рӯзи 11 ноябр ба ӯ занг задам. Ба зангҳои ман ҷавоб надод. Аз ин рӯ, бо рақами 92 610 30 30 занг задам. Хайрият, ки сармуҳосиб аз одаму одамгарӣ хабардор будаасту телефонро бардошт ва пурсидам: «Сафари мо кай баргузор мегардад ва агар ин сафар баргузор гардиданӣ бошад, ман ба рухсатӣ бароям». Ӯ гуфт: «Ман аз пеши худ чизе гуфта наметавонам. Аз раис Болтуев пурсида ба шумо маълум мекунам». Камина занги ӯро бесаброна интизорӣ мекашидам, ки ба ман аз телефони +992 34 22 62 127 занг ворид шуд, чун гӯширо бардоштам, садои форами сармуҳосибро шунидам: «Бемалол ба рухсатӣ бароед ва сафар ба қавли раиси ширкат 19 нобяр ба воситаи гузаргоҳи Ойбек баргузор мегардад».

Ҳамин тариқ, ба рухсатӣ баромадаму роҳи ш.Хуҷандро пеш гирифтам, вале сафар боз  ба таъхир афтод. Баъди он хостам, ки ба мақомоти дахлдор ва раиси вил.Суғд Абдураҳмон Қодирӣ арзи худро расонам. Чун ба навиштани ариза сар намудам, кадоме аз кормандони ширкат ба ӯ хабар расонд. Ӯ ба телефони ман занг зад, вале аз сабаби дар ҳолати руҳии хеле бад қарор доштан ба занги ӯ ҷавоб надодам. Ӯ ба Иброҳим занг заду хоҳиш кард, ки ба ҳеҷ куҷо ин хабарро набарем ва ӯ дар соати 18:00 дар назди бозори «Панҷшанбе» бо 2 дасти адаб пули моро оварда месупораду аз мо узр мепурсад. Воқеан, бори аввал дурӯғ нагуфт ва дар соати гуфтагиаш ҳозир шуд. Чун пулро талаб намудем ва субҳи барвақт аз Хуҷанд сафар карданамро изҳор доштам. Ӯ 1 даста билетро нишон дода гуфт: «Ана, зӯрии маро бинед, ман Юлдуз Усмонова, Фирӯза Ҷумъаниёзова ва чанд ҳофизи намоёни дигарро ба Хуҷанд оварданиам».

Чун дидам худтаърифкунии ӯ поён надорад, қаҳр карда аз мошинаш фаромадам ва дохили бинои меҳмонхонаи «Эҳсон» гаштам. Баъди чанде Иброҳим занг заду гуфт, ки дар соати 9:00 Болтуев пули маро доданист. Дар соати 9:00 ӯ 1400 сомонӣ пуламро баргардонд ва 1000 сомониро бо худ нигоҳ доштанӣ шуд. Чун ба ӯ хеле суханҳои сахт гуфтам, ваъда дод, ки то соати 11:00 маблағамро ба пуррагӣ бармегардонад. Воқеан, соат 11 нашуда 1000 сомонии дигарашро низ баргардонд. Вале зарари 2 бор аз Панҷакент ба Хуҷанд рафтани моро кӣ бармегардонад? Он қадар руҳан зарар дидам, ки онро бо пул ҳисоб кардан аз имкон берун аст. Азбаски СССР серхонандатарин газета аст, ман ин матлабро на аз рӯи заифӣ, балки барои он эҷод кардам, ки дигар одамон ба доми ин қаллоб ва ширкати фиребгари «Суғдиён-Помир тур» наафтанд…

Исмоил Зарифӣ,

деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент, тел: 92 895 05 55

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter