ХАБАРИ ДОҒ

Шарти Тошканд ба ЖДи Тоҷикистон

  • Панҷшанбе, Фев 23 2017

Ҳуснитдин Ҳосилов, сарменеҷер ва сармуҳандиси ширкати давлатии "Узбекистон темир йӯллари” гуфтааст, барои барқарор кардани роҳи оҳан ба вилояти Хатлони Тоҷикистон омода аст, вале ба шарте ки дар ин роҳи оҳан дар баробари қаторҳои мусофиркаш қаторҳои боркашро низ сар диҳанд. Мақомоти Узбекистон пешниҳодҳои худ пиромуни шартҳои барқарор кардани роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба, танҳо роҳи оҳанеро, ки ба вилояти Хатлони Тоҷикистон мебурд, дар як нома ба Душанбе ирсол кардаанд ва ҳоло мунтазири посухи мақомоти Тоҷикистон ба ин пешниҳоданд. Ҳосилов гуфтааст, дар ин нома мавқеи ҷониби Узбекистон ба масъала ва пешниҳодҳояш зикр шудаанд. Ба ақидаи менеҷери асосии "Узбекистон темир йӯлларӣ”, агар дар роҳи Амузанг-Ғалаба боз ҳам танҳо қаторҳои мусофиркаш ҳаракат кунанд, кушодани ин хатти роҳи оҳан аз нигоҳи иқтисодӣ фоидаовар нест: "Агар ин роҳ кушода шавад, мо бояд тавассути он қаторҳои боркашро низ сар диҳем. Ин ҳанӯз музокирот нест, вале пешниҳоди мо ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон имкон бидиҳад, тавассути ин роҳ нафақат танҳо як қатори мусофиркаш, балки борҳоро низ интиқол диҳанд. Кушодани роҳ танҳо барои як қатори мусофиркаш фоида намеорад. Мо мехоҳем, ки тавассути ин роҳ қаторҳои боркаш низ ҳаракат кунанд. Мо ҳамин пешниҳодро додем ва ҷониби Тоҷикистон ҳоло рӯяш фикр мекунад. ”

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter